• Tajik
  • Russian
  • English
Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
There are no translations available.

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ
(бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)

Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш санаи 1-уми сентябри соли 2023 такид намуда буданд, ки: “Рушди босуръати техникаву технологияҳои муосир, ҷаҳонишавии низоми маориф, омезиш ва ба ҳам наздикшавии фарҳангу тамаддунҳо моро водор месозад, ки зимни татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф ҷиҳати ворид гардидан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ хеле эҳтиёткор бошем. Дар ин раванд, мо бояд беҳтарин унсурҳои низоми маорифи ҷаҳони мутамаддинро интихоб намуда, пас аз таҳлилу омӯзиши дақиқ аз

ҷониби олимону муҳаққиқони соҳаи омӯзгорӣ, мутахассисони мактабшинос ва бо ҷалби дигар мақомоти масъул онҳоро бо арзишҳои миллии соҳаи маорифи мамлакат мутобиқ сохта, пас аз гузаронидани озмоишҳои ҳамаҷониба ҷиҳати амалӣ сохтани ҳама гуна навоварӣ дар низоми маорифи мамлакат чораҳои зарурӣ андешем”.

Дар заминаи гуфтори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудан ба маврид аст, ки ин вазифаи пурмасъулро олимону омӯзгороне ба сомон мерасонанд, ки дорои маърифати ҳуқуқии илмию назариявӣ мебошанд. Маърифати ҳуқуқии илмию назариявӣ донишҳои илмиро дар бораи моҳият, хусусият ва таъсири мутақобилаи падидаҳои ҳуқуқӣ ифода мекунад. Маърифати ҳуқуқии илмию назариявӣ ба дониши кулли механизми танзими ҳуқуқӣ асос ёфта, дар сатҳи назариявӣ бо кӯшишҳои дастаҷамъии ҳуқуқшиносон, файласуфон, ҷомеашиносон, сиёсатшиносон ва олимони соҳаҳои дигар ташаккул ёфта, сарчашмаи идеявию назариявии ҳуқуқро ифода мекунад. Маърифати ҳуқуқии илмию назариявӣ шарту воситаи зарурии такмили қонунгузорӣ, рушди илм ва тайёр намудани мутахасисони ҳуқуқшиноси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мебошад.

Дар доираи мақолаи мазкур мо бештар ба маърифати ҳуқуқии илмию назариявии ҳуқуқшиносон таваҷҷӯҳ менамоем, ки ба фаъолияти илмию назариявӣ ҳуқуқӣ машғул мебошанд.

Фаъолияти илмию назариявӣ тамоми хусусиятҳое, ки ба дигар намудҳои фаъолияти ҳуқуқӣ хосанд, фаро мегирад. Марҳилаҳои зерини татбиқи фаъолияти илмию назариявӣ ҳуқуқӣ ҷой доранд: таҳлили омилҳои иҷтимоӣ ва шароити ташаккули таълимоти ҳуқуқӣ; таҳияи заминаи консептуалӣ ва назариявии таълимоти ҳуқуқӣ (ғояҳо, ақидаҳо, муқаррарот, тезисҳо ва дигар ҷузъҳо); санҷиши амалӣ ва қонунӣ гардонидани доктринаҳои мавҷудаи ҳуқуқӣ; таҳлил ва ба низом даровардани натиҷаҳои дар амал татбиқ намудани доктринаи ҳуқуқӣ; таҳияи назарияи таълимоти ҳуқуқӣ ва тасҳеҳи принсипҳои амалии татбиқи он (қонунӣ гардонидан, табдил додан, қатъи истифода ва ғайра).

Ҳуқуқшиносе дорои маърифати ҳуқуқии илмию назариявии сатҳи баланд мебошад, ки дорои дониши доктриналии ҳуқуқӣ аст.

Дониши доктриналии ҳуқуқӣ дар хусусиятҳои зерин ифода меёбад:

1. Хусусиятҳои касбии корпоративӣ ва махсуси ҳуқуқӣ. Яъне ба шарофати ҷомеаи касбии ҳуқуқшиносон ва мактабҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ дар асоси кори таҳлилӣ бо ҳолатҳои ҳуқуқӣ ва ё матнҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд омада, ифода мегардад ва инкишоф дода мешавад.

2. Хусусияти бонизом. Яъне хоҳиши дарки ҳуқуқ дар робитаи мутақобилаи меъёрҳо ва сохторҳои он, ки дар низомсозӣ, таснифоти маводи ҳуқуқӣ, таҳияи принсипҳои ҳуқуқӣ, мафҳумҳо, таълимотҳо оид ба тафсир, ташкил ва татбиқи ҳуқуқ ифода меёбад.

3. Хусусияти мақсаднокӣ. Яъне барои ҳалли масъалаҳое, ки барои танзими ҳуқуқӣ ва алимоти ҳуқуқӣ аҳамият доранд, коркард шудаанд.

4. Хусусияти консервативӣ. Яъне ба эҳёи низоми ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.

Доктринаи ҳуқуқӣ “ядрои марказии” маърифати касбии ҳуқуқшиносонро ташкил медиҳад, зеро дар сатҳи сохторҳо, мафҳумҳо ва консепсияҳо он хусусияти идеологӣ, меъёрӣ ва амалии онро ифода мекунад. Аз ин рӯ, доктринаи ҳуқуқии ҳар як одатҳои ҳуқуқии инкишофёфта хусусиятҳои таҳаввулоти таърихии он, сохтори консептуалӣ ва конструктивӣ, сохтори ҳуқуқи амалкунанда ва хусусияти намудҳои пешбари фаъолияти ҳуқуқиро ифода мекунад. Дониши доктриналии ҳуқуқӣ консептуализатсия ва ифодаи объективии мавқеъҳо, мафҳумҳо, консепсияҳо ва принсипҳои муътабартарин мебошад, ки барои шуури ҳуқуқии академикии ҳуқуқшиносон ва ҳуқуқшиносони амалкунанда бештар мутаалиқ ва хос мебошанд. Он шакли махсуси инъикоси воқеияти ҳуқуқиро ифода мекунад, зеро субъекти инъикос, хусусияти ташкил ва фаъолияти шуури ҳуқуқии ӯ мушаххас аст.

Мафҳумҳо, принсипҳо ва сохторҳои доктриналӣ аз ҷониби ҳуқуқшиносони касбӣ коркард мешаванд, ки бо фаъолияти академии ҳуқуқӣ (тадқиқотӣ, таълимӣ, экспертӣ) ё таҷрибаи ҳуқуқӣ дар асоси касбӣ машғуланд ва бо мазмуни догмаи ҳуқуқи позитивӣ шиносанд, дорои дониши махсус оид ба назарияи умумиҳуқуқӣ ва соҳавӣ мебошанд. Масалан таълимоти махсуси ҳуқуқӣ дар бораи меъёрҳои ҳуқуқ, субъектҳои ҳуқуқ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, фактҳои ҳуқуқӣ, масъулияти ҳуқуқӣ ва ғайра. Маҳз ҳамин аст, ки забоне, ки дар он донишҳои доктриналии ҳуқуқӣ пешниҳод мешаванд, хусусияти махсус дошта, унсурҳои лексикаи ҳуқуқӣ ва умумиро муттаҳид мекунад. Аз рӯи табиати худ донишҳои доктриналии ҳуқуқӣ касбӣ, корпоративӣ ва махсус мебошанд. Он натиҷаи дарки воқеияти ҳуқуқӣ ва таҷрибаи касбии ҷомеаи ҳуқуқшиносиро ифода мекунад. Сохторҳо, мавқеъҳо, мафҳумҳо ва консепсияҳои доктриналӣ хусусияти ташкили шуури ҳуқуқии касбии ҳуқуқшиносон, махсусияти мақсад ва вазифаҳои ҳуқуқшиносонро дар ҳалли ҳолатҳои ҳуқуқӣ инъикос мекунанд. Ҷамъияти касбии ҳуқуқшиносон дар ҷомеа вазифаҳои махсусеро иҷро мекунад, ки дар намудҳои мушаххаси фаъолият ифода ёфтааст. Аз ин рӯ, мазмуни таълимоти ҳуқуқӣ дар ҳама гуна низоми ҳуқуқӣ дар ниҳоят аз намудҳои пешбари фаъолияти ҳуқуқшиносон ва табиати шуури ҳуқуқии касбии ҳуқуқшиносон сарчашма мегирад. Ба ин маъно, доктринаи ҳуқуқӣ ҳамчун амсоли судӣ элитарӣ ва корпоративӣ аст. Зеро он на бо тафаккури ҳуқуқии аҳолӣ, балки бо фаъолияти касбӣ, хусусиятҳои забони ҳуқуқшиносон, сохторҳои арзишии мақсаднок барои дарки воқеияти ҳуқуқӣ онҳо асос ёфтааст.

Барои соҳибони маърифати касбии ҳуқуқӣ ҳуқуқ наметавонад як соҳаи дуюмдараҷа ва ҳосилшудаи ҳаёти ҷамъиятро муаррифӣ кунад, зеро барои ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ маҳз ҳуқуқ, арзишҳои он, идеалҳо ва принсипҳои он, ки асоси ташкили ҷомеаро ҳамчун як низоми ягонаи муттаҳид ва институтҳои иҷтимоӣ ва равандҳо тавассути мафҳумҳои ҳуқуқӣ дарк карда мешаванд. Мафҳумҳо, мавқеъҳо ва принсипҳои доктриналӣ натиҷаи дарки воқеияти ҳуқуқиро ифода мекунанд. Ба ин маъно, дониши доктриналии ҳуқуқӣ хислати махсус ва элитарӣ дошта, дар бораи моҳияти институтҳои ҳуқуқӣ, фаъолияти дуруст ва аҳамияти онҳо барои ҷомеа ақидаҳои муътабарро ифода мекунад.

Забони ҳуқуқшиносии доктриналӣ на танҳо бо забони оддии соҳаи ҳуқуқ, ки қисми зиёди аҳолӣ онро истифода мебарад, балки бо забони ҳуқуқшиносӣ ва амалияи ҳуқуқӣ ҳам мувофиқ нест. Агар номинаи забони маъмулӣ дар соҳаи ҳуқуқ ба ақли солим асос ёфта бошанд, ақидаҳои арзишманди ҷомеа, ҳолатҳои мушаххаси ҳуқуқӣ, забонҳои ҳуқуқӣ ва амалияи ҳуқуқӣ комилан ба вазифаҳои танзими ҳуқуқӣ ва ҳалли оптималии парвандаҳо итоат мекунанд. Пас забони доктриналӣ ҳуқуқӣ натиҷаи инъикоси аҳли ҷамъияти касбии ҳуқуқшиносон на танҳо институтҳои бевоситаи ҳуқуқӣ, амалияи татбиқи онҳо, балки конструксияҳои догмаҳои ҳуқуқӣ, амалияи тадқиқотии худи онҳо мебошад.

Доктринаи ҳуқуқӣ шакли ҳуқуқ дар баробари урфу одатҳои ҳуқуқӣ қадимтарин роҳи мустаҳкам намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошад. Дар низоми ҳуқуқии англосаксонӣ ва мусулмонӣ ҳангоми баррасии парвандаҳо дар асоси асарҳои олимони барҷастаи ҳуқуқшиносӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ истинод кардан мумкин аст. Чун қоида, доктрина ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ дар соҳаҳое амал мекунад, ки танзими қонунгузорӣ бо ин ё он сабаб то ҳол татбиқ карда нашудааст. Дар Тоҷикистон доктринаи ҳуқуқӣ аз ҷониби давлат ҳамчун манбаи ҳуқуқ расман эътироф карда нашудааст. Ҳангоми баррасии парвандаи мушаххаси ҳуқуқӣ суд ё мақомоти дигари давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки қарори худро ба асарҳои илмӣ ё эродҳои онҳо асос диҳанд. Дар баробари ин, дар Тоҷикистон ягон доктринаи ҳуқуқӣ ё идеологияи ҳуқуқӣ ҳукмфармо, расман эътирофшуда ва умуман ҳатмӣ нест. Аммо ҳангоми қабули қарори ҳуқуқӣ шахсони мансабдор аз адабиёти илмӣ-таълимӣ, эродҳои олимон оид ба қонунгузорӣ ҳамчун маводи ёрирасони ғайрирасмӣ истифода мебаранд.

Аз дараҷаи инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ сатҳу сифати қонунгузорӣ, такмилёбии минбаъдаи он, ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими зиндагӣ, парвандаҳои ҳуқуқӣ, сифат ва самаранокии амалияи ҳуқуқшиносӣ, шуурнокӣ ва маданияти ҳуқуқӣ ва дар кул ҳолати қонуният дар ҷомеа вобастагӣ дорад. Дигаргуниҳои куллие, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба вуқӯъ омад аҳаммияти илми ҳуқуқшиносиро боз ҳам баланд бардошт. Зеро гузаронидани ислоҳот дар соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давлатдорӣ зарурияти такмили қонунгузорӣ ва дар натиҷа қабули қонунҳои тамоман нави танзимкунандаи муносибатҳои муосирро талаб намуд, ки ба воситаи онҳо барои барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд ва иқтисоди бозорӣ заминаи ҳуқуқӣ бавуҷуд оварда шуд. Таъсири муҳимро дар қабул ва мунтазам инкишоф ёфтани илми ҳуқуқшиносии тоҷик анъана ва мактабҳои илмие гузоштанд, ки дар илми ҳуқуқшиносии академикӣ ва донишкадаҳо ба вуҷуд омадаанд. Осорҳои маълум ва арзишноки олимони ҳуқуқшиносӣ солҳои то замони истиқлолият ва баъди ба даст овардани онро мушаххас номбар накарда, қайд менамоям ки саҳми олимони ҳуқуқшиносӣ тоҷик академикҳои АМИТ С.А. Раҷабов, Ф.Т. Тоҳиров ва М.А. Маҳмудзода, узвҳои вобастаи АМИТ О.У. Усмонов, М.З. Раҳимзода, ва Э.С. Насриддинзода, профессорон Л.С. Явич, В.И. Коретский, В.Г. Мелкумов, М.М. Муллоев, В.А. Ойгензихт, Е.М. Яковлева, Ш.М. Менглиев, Ҷ.Р. Ҷалилов, Ш.Т. Тағойназаров, А.И. Имомов, Р.Ш. Шарофзода, Ҷ.З. Маҷидзода, З. Ализода, У.А. Азиззода, А.Ғ. Холиқзода, И.Ҳ. Бобоҷонзода. Э. Буризода, А.Қ. Назарзода, А.Д. Ғафурзода, Ҷ.С. Муртазозода, З. Искандаров, А.М. Диноршоев, Д.Ш. Сангинзод, Т.Ш. Шарипов, У.А. Меликов, А.И. Сафарзода ва дигарон дар бораи таърих ва назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи молиявӣ, ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи сайёҳӣ, ҳуқуқи тиббӣ, ҳуқуқи энергетикӣ, ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, назорати пракурорӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ асоси фундаменталии таҳқиқотҳоро дар барқарор намудани низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи он хело калон мебошад.

Ҳамин тариқ, маърифати ҳуқуқии илмию назариявӣ ин фаҳмиши ҳуқуқшиносоне мебошад, ки ҳуқуқро бо истифода аз методологияи илмӣ таҳқиқ мекунанд. Фаҳмиши доктриналии ҳуқуқ дар натиҷаи омӯзиши амиқи ҳуқуқ ва инкишофи ҳаматарафаи зеҳнии он ташаккул меёбад. Ҳуқуқшиносон ба инъикоси таҷрибаи ҳуқуқӣ дар миқёси давлат муроҷиат намуда, ҳуқуқи тамаддунҳои алоҳидаро омӯхта, таҷрибаи чандинасраи инкишофи ҳуқуқро дарк намуда, асосҳои нави назариявии институтҳои ҳуқуқиро коркард менамоянд. Мисли шуури ҳуқуқии муқаррарӣ, ки дар баъзе низомҳои ҳуқуқӣ метавонад манбаи ҳуқуқи одатӣ бошад, шуури ҳуқуқии илмию назариявӣ низ метавонад нақши сарчашмаи ҳуқуқро иҷро кунад. Маҳсули маърифати ҳуқуқии илмию назариявӣ кулли дастовардҳои ҳуқуқии ниёгони мо, ки дар шакли моддӣ ҷой доранд, одатҳои ҳуқуқӣ, санадҳои меъёри ҳуқуқии таърихан ҷойдошта ва айни ҳол амалкунанда, мақолаҳои илмӣ, илмию оммавӣ, монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва ғайра мебошанд, ки дар худ арзишҳои ҳуқуқиро дарбар мегиранд.

ДОНИЁР САНГИНЗОД,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,

муовини ректор оид ба корҳои илмии

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

ба номи Садриддин Айнӣ.

ТОЛИБШОҲ НАҶМУДДИНЗОДА,

номзади илмҳои таърих, дотсент,

декани факултети педагогикаи

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

ба номи Садриддин Айнӣ.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj