• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

Машғулияти ҳуқуқӣ

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАВФНОКИ ҶОМЕА

Возможно, это изображение 5 человек и помост

13 феврал дар толори бинои асосии донишгоҳ мутобиқи нақшаи тасдиқгардида хониши ҳуқуқӣ дар мавзуи “Омилҳои сиёсию ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ” (дар асоси таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон)баргузор гардид.
Машғулиятро мудири кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Қозиён Шариф Қозӣ доир намуда иброз дошт, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси олам ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва рушду суботи иҷтимоиву иқтисодии давлат эътироф гаштааст. Мавҷудияти коррупсия, паҳншавӣ ва афзӯдани он пояҳои давлатдориро заиф гардонида, нуфӯзи давлатро дар арсаи байналмилалӣ коста

мегардонад.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо, яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад... ».

Профессор Шариф Қозиён зимни машғулият таъкид кард, ки ошкорсозии омилҳои муқовимат бо падидаҳои коррупсионӣ дар сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва муайян кардани роҳҳои самараноки пешгирии онҳо дар кишвар аҳамияти хосаи илмӣ пайдо кардааст. Бинобар ин, бо такя ба омилҳои номбурда зарурати пажӯҳиш ва дарёфти роҳу воситаҳо ва омилҳои сиёсиву ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия дар сохтори мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаби интихоб дар хониши сиёсии имрӯза гардид.

Бино ба назари Шариф Қозиён ба дурнамои барҳамдиҳии коррупсия метавон баланд бардоштани масъулияти сиёсии намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шаффофияти маблағгузории ҳизбҳо, раванди овоздиҳии интихобкунандагон ва танзими низои манфиатҳо дар хизмати давлатӣ; фароҳам овардани имконот барои иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути кафолати озодии иттилоот ва таҳкими нақши ВАО; бунёди бахши хусусии рақобатпазир бо роҳи тағйир додани сохтори инҳисорот ва баланд бардоштани нақши омилҳои рақобатӣ, коҳиш додани монеаҳои воридшавӣ ба бозор, шаффофияти идоракунӣ, афзоиш додани ҳуқуқҳои ширкатҳои тиҷоратӣ; ислоҳи идоракунии бахши давлатӣ тариқи ба кор гирифтан ба хизмати давлатӣ тибқи собиқаи хизматҳо, ғайримутаммарказ гардонидани идораи давлат, баланд бардоштани шаффофияти раванди истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти маъмурони хадамоти андозситониро мансуб донист.Мағулият ҷолибу хотирмон сурат гирифт.

Хотиррасорн менамоем, ки профессор Шариф Қозиён аз донишмандони варзидаи соҳаи таъриху ҳуқуқ ба шумор омада, ба қалами ў беш аз 20 таълифоти соҳавӣ марбут аст. Номбурда шарафи илми тоҷикро дар чандин ҳамоишҳои байналмилалӣ баланд бардошта, яке аз муаллифони китоби дарсии “Ҳуқуқ” барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.

Китоби тозаи ў бо унвони “Ваҳдати миллӣ аз назари Пешвои миллат” дар арафаи чоп аст. Китоб аз силсилаи мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ мураттаб гардида, бабати ғанӣ гардидани ҷаҳони маънавии хананда нақши муҳим мегузорад ва доир ба ҷанбаҳои назарӣ ва амалии ваҳдати миллӣ, нақши ваҳдати миллӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол маълумоти муътамад медиҳад.

Хотиррасон менамоем, ки қаблан ду китоби арзишманди ин донишанд дар бораи фаъолияти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интишор гардида, аз ҷониби коршиносони сиёсӣ ва мутахассисони соҳа баҳои баланд гирифтанд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj