• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

ПЕШГИРИИ ГАРАВИШИ ҶАВОНОН БА САФИ ГУРӮҲҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ ВАЗИФАИ ҲАМАГОН АСТ!
Возможно, это изображение 4 человека, помост, Овальный кабинет и отдел новостейДар асоси нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ рўзи 14.02.2024 дар толори асосии донишгоҳ бо ширкати кулли магистрантон, инчунин муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод, сардори Раёсати илм ва инноватсия Зайдуллозода Саида, мудири шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ Кенҷаев Фаридун ва корманди раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, лейтенанти калон Табаров Шаҳриёр ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023, пешгирии гаравиши ҷавонон ба сафи гурўҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, риояи интизоми таълим, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти магистрантон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки дар ҷаҳони имрӯза масъалаҳои гаравиши ҷавонон ба сафи гурўҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, инчунин таҳдидҳои киберӣ торафт муҳимтар мегарданд. Дар фазои маҷозӣ ҳар рӯз як бор, гоҳе ҳар чанд соат як овоза, дурӯғ, туҳмат, иғво ва ҳарфе аз ҷониби як нафари шинос ё ношинос, террористу экстремист нашр мешавад, мардумро нигарон менамояд, зеҳни мардумро хароб ва тафаккури баъзе нафаронро дигар месозад, ки сабаби пайдоиши ноамнии ақлонӣ (равонӣ) дар ҷомеа мегардад. Масъалаи нақши фазои маҷозӣ (шабакаҳои иҷтимоӣ) дар таҳдиди амнияти давлатӣ мояи нигаронии ҷиддии аксари мамлакатҳо, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон шудааст. Шабакаҳои иҷтимоии маҷозӣ (facebook, Ok, YouTube, Telegramm, WhatsApp ва дигарҳо) шабеҳи шамшери дудама (дутарафа) ҳастанд, ки метавонанд дар фазои амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила амалҳои мусбат ва манфӣ эҷод намоянд.
Тарғиби ғояҳои экстремизм ва терроризм тавассути шабакаи интернет, ҷалби ҷавонон ба сафи ташкилоти байналмилалии экстремистию террористӣ, кӯшишҳои аз ҷониби ин ташкилот тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон омили асосии таҳдид ба амнияти давлатӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ пайваста аҳамияти таҳкими амнияти мамлакат, дастрасии технологияҳои навро барои муҳофизат аз ҳамлаҳои киберӣ ва гурўҳҳои экстремистӣ тақвияти чораҳои мубориза бо чунин ҷиноятҳо таъкид менамоянд.
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳҳо ва ташкилоти террористиву экстремистӣ манъ шудаанд. Имрӯзҳо аксарияти онҳо фаъолияти худро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ошкоро ва дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври пинҳонӣ давом медиҳанд, ки хавфи ҷалби шаҳрвандон, бахусус шахсони камтаҷрибаву ноогоҳ дар сафи ин гурӯҳҳо ва ташкилот баланд боқӣ мемонад.
Ғояҳои чунин ташкилотҳо комилан бар хилофи муқаррароти моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлати соҳибистиқлолу мустақили Тоҷикистон хавфи ҷиддӣ дорад. Барои паҳн кардани маводи марбут ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ тибқи моддаҳои 307, 307(2), 307(3), 307(4) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Таъкид шуд, ки пешгирии гаравиши ҷавонон ба сафи гурўҳҳои экстремистӣ ва террористӣ вазифаи ҳамагон аст. Ҳамзамон пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти магистрантон мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳҳои пешгирии чунин ҳолатҳо ва рафъи камбудиҳо нишон дода шуд.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj