• Tajik
  • Russian
  • English
Маколаҳо
There are no translations available.

ТААССУБ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид месозанд, ки бояд таассубро аз ҷомеа решакан кард, зеро ба ҷомеаи хатари ҷиддӣ дорад. Масъалаи пешгирии гароиши занону ҷавонон ба падидаҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили таассуби динӣ ва ифротгароӣ, ки дар дар ҷомеаи Тоҷикистон низ ҳамчун падидаи номатлуб ба мушоҳида мерасад, нигарониҳои таасуфовареро дар пай дорад. Баромади ин калимаи таассуб аз забони арабӣ буда, маънояш ҷонибдории ноогоҳонаю кӯркӯрона аз чизе, касе ё назарияву ақидае мебошад. Таассуб он аст, ки мо ин ё он масъаларо бедарку ногоҳона, онро дар доираи фаҳмиш ва табъу хости дили худамон амалӣ мекунем. Боз таассуб гуфта навъи якравие ҳам фаҳмида мешавад, ки дар хусуси масъалаҳои ба ақл мухолиф ва ба рӯҳи дин мувофиқат накунанда ба миён гузошта мешавад. Инчунин, таассуб як шакли рафторест, ки тамоман бар асоси ҳиссу асабоният бино шуда ва эҳсосест, ки аз ҷисмоният ва ҳайвоният ғизо гирифта, аз ботин ба берун зуҳур кардааст.
Баромади ин калимаи таассуб аз забони арабӣ буда, маънояш ҷонибдории ноогоҳонаю кӯркӯрона аз чизе, касе ё назарияву ақидае мебошад. Таассуб он аст, ки мо ин ё он масъаларо бедарку ногоҳона, онро дар доираи фаҳмиш ва табъу хости дили худамон амалӣ мекунем. Боз таассуб гуфта навъи якравие ҳам фаҳмида мешавад, ки дар хусуси масъалаҳои ба ақл мухолиф ва ба рӯҳи дин мувофиқат накунанда ба миён гузошта мешавад. Инчунин, таассуб як шакли рафторест, ки тамоман бар асоси ҳиссу асабоният бино шуда ва эҳсосест, ки аз ҷисмоният ва ҳайвоният ғизо гирифта, аз ботин ба берун зуҳур кардааст.
Маҳз таассубу хурофот аст, ки ба пешрафти ҷомеаҳо халал мерасонад, чунончи мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, он ба амнияти ҷаҳону башарият ва сокинони сайёра хатари ҷиддӣ дорад. Мутаассифона, ҳоло ҳам бархе аз занону ҷавонони мо бинобар надоштани дониши мукаммали диниву дунявӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, зиракии сиёсӣ ва ҷаҳонбинии васеъ ба таассуб дода шуда, ба равияҳои гуногуни ифротӣ пайваст гаридида, ҷони ҷавони хешро дар роҳгумӣ қурбон месозанд.

Мутаассиб ё таассубгарро дар гуфтор бо калимаҳои тундгаро, ифротӣ, ифротгаро, радикал, фанат ва ғ.дучор шудан мумкин аст.

Таасубу хурофотпарастӣ ягон заминаи таърихӣ ва илмию динӣ надорад.Таззакур бояд дод, ки таассуб дар ҳар самту соҳа буда метавонад. Масалан, яке сирф дар хусуси масоили сиёсӣ таассуб дорад, якеи дигар дар бораи масъалаҳое, ки ба фарҳанг алоқаманданд, каси дигар сирф ба масоили динӣ ва шариат. Аз ин ҷост, ки таассубро ба таассуби сиёсӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ғ. ҷудо мекунанд.

Дар ҷомеаи имрўза гаравидани ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои тундрав аз надонистани донишҳои диниву дунявӣ ва пастии маърифати динӣ ибтидо мегирад. Яъне наомўхтан, огоҳ набудан аз асли дини мубини Ислом, бехабар будан аз осори гузаштагони пурифтихорамон, сарфаҳм нарафтан ба моҳияту маънои оятҳои раббонӣ, тассавуротҳои пучу бемақсад оид ба таасубу хурофотпарастӣ моро ба мушкилиҳои зиёде дар зиндагиамон мувоҷеҳ мегардонад. Аз ин рў омўхтани осори ниёгонамон дар самти мукаммал гардидани донишҳои диниамон шарт ва зарур аст. Сарчашмаҳо ва осори зиёде таълиф гардидаанд, ки аз он истифода намудану аз онҳо баҳра бардоштан ба баланд бардоштани донишҳои дунявию диниамон аз манфиат холӣ нест.Таҷриба исбот намудааст, ки занону ҷавонони бехираду ноогоҳ зери таъсири хурофотпарастон монда, зуд ва ба осонӣ ба фикру ақидаҳои равияҳои гуногуни динӣ, яъне таассубу ифротгароӣ бовар намуда, ба иҷрои мақсадҳои нопок камар мебанданд.Рӯ овардан ба фарҳанги бегона, таассуби кӯр-кӯрона, тақлиди бебунёд, дар аксар вақт занону ҷавонон ба он гирифтор мешаванд, ба ин зуҳуроти номатлуб нигаронкунанда боқи мондааст.

Насли ҷавон, ки ояндаи Ватан ва нерўи мутаҳаррики Ватани маҳбубамон мебошанд, бояд роҳи дурустро дар зиндагӣ интихоб намоянд ва барои ободу шукуфо кардани он талош намоянд.Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ки пайваста таъкид менамоянд: «... Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем».

Аз ин рӯ, ҷавонони кишварро зарур аст, худогоҳ, хештаншинос, ватандӯст бошанду зиракии сиёсиро аз даст надода, махсусан, ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳеҷ гоҳ фирефтаи ақидаҳои нопок ва таассубарангезу ифротгароён нашуда, барои ҳимояи Ватани хеш ҳамеша омода бошанд. Дар акдилию ҳамандешӣ пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ҳар як зуҳуроти номатлубро решакан намуда, дар ҳифзи ин сарзамини биҳиштосо ҷони худро нисор намоем. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Яке аз рисолатҳои аҳли зиёи кишвар бояд дар он бошад, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва илму фарҳангомӯзӣ тарбия намоянд, роҳу василаҳои беҳтари мубориза бар зидди зидди таассубу ифротгароӣ ва терроризмро ба ҷавонон пешниҳод созанд ва паёмадҳои фоҷиабору манфии қувваҳои ѓаразнок ва моҷароҷўро ба таври муассир фаҳмонанд.

Барои ба низом даровардани урфу одатҳои мардум, роҳ надодан ба таасубу хурофотзадагӣ ва зиёдаравии зиёд дар баргузории маросиму маъракаҳои бесарусомон “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” қабул гардид ва собит гардид , ки қонуни мазкур барои неку аҳволии ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар нигаронида шудааст. Аз рўзи мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур дар бисёр соҳаҳои зиндагии мардум натиҷаҳои назаррас ба чашм мерасад. Сатҳи таасуб ва хурофотпарастӣ коҳиш гардида истода, сокинони кишвар дарк намудаанд, ки қонуни амалкунанда ба нафъи ҷомеа аст. Метавон мисолҳои зиёдеро дар ин хусус баён намуд, ки аз аҳамият ва арзишмандии “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” далолат мекунанд.

Таассуб, бегуфтугӯ, падидаи номатлуб ва зиёновар аст ва яке аз масъалаҳои нигаронкунандаи ҷомеаи мо дар ҳамин шабу рӯз ба ҳисоб меравад. Бинобар ин зарур аст, тамкину таҳаммулпазириро сармашқи кори хеш намуда,бар зидди ин падида муташаккилона мубориза намоем.

Давлатов Рамазонӣ, номзади илмҳои фалсафа,
дотсенти кафедраи фалсафа ва фарҳанги
ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Ширинзода Аюбҷон, ассистенти кафедраи фалсафа ва
фарҳанги ДДОТ ба номи С.Айнӣ
 
free pokerfree poker

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj