• Tajik
  • Russian
  • English
Маколаҳо
There are no translations available.

ОҚИБАТҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ТАБИАТ
Возможно, это изображение 1 человек, учится, карта и отдел новостейТағйир ёфтани табиат дар назди одамон талаботи қатъӣ мегузорад, ки ба ҳамдигар оқилона, хайрхоҳона ва эҳтиёткорона муносибат намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон
Бори аввал 5 июни соли 1972 дар шаҳри Стокголм конфронси махсуси Созмони Миллали Муттаҳҳид Созишномаро оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист таҳия ва қабул намуд, ки мақсади ҷалб намудани диққати ҷомеа ба ин масъала буд. Дар ҷумҳурии мо Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист аз соли 1988 ва ҳамчун иди давлатӣ аз соли 2008 инҷониб дар сатҳи баланд қайд карда шуда, ба ҳалли масъалаҳои экологӣ аҳамияти махсус дода мешавад.
Рӯзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад, зеро тибқи маълумоти мавҷуда онро расман сокинони беш аз 100 давлати дунё таҳлил менамоянд.
Таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ҳисобида шуда, имконияти хубест барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷуҳи оммаи васеъ ба масоили экологӣ.
Тавре, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои муззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид: «зарураст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, вазъи экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир намоем».
Таърихи сайёраи Замин аз замони ба ҳаёти геологӣ гузаштанаш то замони муосир шаҳодат медиҳад, ки тағйирёбии куллӣ ҳам дар муҳити обӣ, ҳам дар хушкӣ дар якчанд даҳрҳои геологӣ такрор шуда, сабаби аз байн бурдани биомасса ва экосистема гардидааст. Ин ҳодисаи фоҷиавии табииро мутахассисони соҳаи палеонтология (илми соҳаи ҳайвонҳои фавтида) дар нооромии (флуктуатсия) - и байни марзҳои хронвоҳидҳои тавқими геологӣ (даҳрҳо, давраҳо), ҳангоми гузариши як даҳр ба даҳри дигар мансуб медонанд. Аз тарафи дигар, фавтидану нест шудани массаи органикиро дар марзи давраҳои геологии перм ва триас бо кӯҳпайдошавии замони герсенӣ биёбоншавӣ ва аз байн бурдани баҳрҳои тунукоба алоқаманд мекунанд, ё ин “драма” - ро бо бархӯрдани ҷирми коинотӣ (астероид) бо Замин ва паҳншавии чанги марговари элементи иридияро дар марзи давраҳои табошир (бӯр) ва палеоген (аз нав эҳёшавӣ), сабаби нестшавии баъзе ҳайвонҳо (динозаврҳо) мешуморанд. Вале дар тағйирёбии муҳит, экосистема ва фавтидани биомассаи глобалӣ ҳиссаи асосиро иқлим мебозад. Ҳар як минтақаи географӣ хусусиятҳои хоси иқлими худро дорад.
Дар Тоҷикистон гармшавии ҳаво дар тобистон, он замоне ки боришот кам мешаваду шуоъҳои Офтоб ба пиряхҳо таъсири зиёд мерасонад, туғёни дарёҳо, обхезӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуши табиӣ, хоҷагидорӣ ва гидротехникиро ба вуҷуд меоранд, мушоҳида мешавад. Дар ин фасли сол воридшавии радиатсияи Офтоб ба тропосфера (қабати поёнии атмосфера) зиёд шуда, ҳарорати ҳавои сатҳи замин баланд мешавад. Дар ин маврид тағйирёбии иқлим ҳама ҷиҳатҳои ҳаёти сайёраи моро дар бар мегирад ва таъсири табиӣ (боришот, обхезӣ, дар як минтақа, хушксолӣ дар минтақаи дигар), биологӣ (афзоиш ё аз байн рафтани экосистема), иқтисодӣ (тағйирёбии истеҳсолот), иҷтимоӣ, тандурустӣ, маданӣ - санитарӣ ва ғайраро дорад. Зиёд шудани аҳолӣ (таркиши демографӣ) ва омили антропогенӣ низ ба гармшавии иқлими сайёраи Замин ва минтақаҳои сераҳолӣ таъсири калон мерасонад.
Саволе ба миён меояд, оё иқлим ба пешравӣ ва тамаддуни инсонӣ таъсир мерасонад ё не? Проблема дар назди мутахассисон боз ҳамон масъалаи саросар аз байн рафтани биомасса ва экосистема меистад, алалхусус муайян намудани алоқа байни сабаб ва оқибат.
Маълум аст, ки тағйирёбии кӯтоҳмуддати иқлими маҳаллӣ ҳатто дар фосилаи начандон тӯлонӣ ба популятсияи инсоният фишоровар аст.
Аз тарафи дигар, нишондиҳандаи асосии гармшавии ҳаво афзоиши боришоти зиёд ва давомнокии он сабаби аз маҷро берун рафтани оби дарёҳо, сустшавӣ ва шусташавии релефи хоки мулоим ва ба харобазор табдил гаштани минтақаҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои вилояти Суғд, умуман аксарияти мамолики ҷаҳон (ФР, ИМА, Бразилия, Австралия, Олмон, Зеландияи Нав, Чин, Колумбия, Гурҷистон ва ғайра), обшавии пиряхҳои материкӣ (Антарктида) ва қутбӣ (Арктика) мебошад. Ин ҳодисаҳои нохуши табиӣ ба мамлакатҳои номбурда на танҳо зарари иқтисодӣ (миллиардҳо доллар), балки сабаби фавти ҳазорҳо одамон мегардад. Заминларза ва оқибатҳои он (сунамиҳо), ки дар Индонезия, Чин, Чилӣ ва Ҷопон рӯй додаанд, касро ба риққат меоранд. Вақтҳои охир фаввора задани вулқонҳои Исландия, Чилӣ ва Камчатка дар фазоро чангу ғубор паҳн шуда, ба аҳолӣ, ҳаракати тайёраҳо ва мусофирон, системаи экологӣ, биомассаи минтақаҳои атрофи мамлакатҳои номбаршуда зарари ҷиддӣ меоваранд.
Мутахассисон мӯътақиданд, ки пиряхҳои ҳаракаткунандаи Ванҷ, мисли Хирсон, Кашолаях, Рағзо ва ғайра маҷрои дарёҳоро баста, қуллаҳои муваққатии яхинро ташкил медиҳанд ва ҳангоми кандашавии сарбанд онҳо ниҳоят хатарноканд. Фаромадани тарма аз миқдори зиёди барф, майлнокии релеф ва экспозитсияи он вобастагӣ дорад. Дар мавсими баҳор тармафароӣ дар кӯҳистон хеле зиёд мушоҳида мешавад. Ин ҳодиса дар баландиҳои 2200- 4850 м (аз сатҳи баҳр) рӯй медиҳаду роҳҳои барои зиндагии омма лозимӣ ва маҷрои дарёҳоро муваққатан банд мекунад. Дар баландкӯҳҳо тӯфонҳо ва шамолҳои шадид сабаби фаромадани тарма ва кам шудани захираи барфи кӯҳсор шуда метавонад. Вале дар баъзе водиҳо аз ҳисоби гармшавӣ пиряхҳо об шуда, захираи об зиёд мешавад. Алҳол майдони пиряхҳои ҷумҳурӣ 20-25 фоиз кам шудааст. Ҳатто пиряхҳои соҳили дарёи Панҷ 50-70 дар сад дар коҳишанд. Чунки аксарияти дарёҳо аз барфу пиряхҳо ва чашмаҳо сероб мешаванд. Дар мавсими зимистони қаҳратун барфу пиряхҳо ва чашмаҳои баландкӯҳ ях мебанданд, миқдори оби дарёҳо ва низоми гидрологӣ халалдор мешавад, обанборҳои дорои аҳамияти гидроэнергетикӣ аз захираи об ба танқисӣ дучор мешаванд. Ҳоло ин ҳодиса дар обанбори Норак чашмрас аст ва аҳолии Тоҷикистон аз қувваи барқ пурра истифода бурда наметавонад.
Обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ низ паёмадҳои номатлубе дар пай хоҳад дошт. Бахши асосии захираи оби минтақа аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегирад ва дар сурати коҳиши оби дарёҳо ба соҳаи кишоварзӣ, бахусус майдонҳои кишт ва парвариши пахтаву боғҳои навбунёд, ки аз маҳсулоти аслии содиротии бисёре аз ин кишварҳост, хисороти зиёде хоҳад расонд.
Таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҳарорати миёнаи ҳаво дар фасли зимистон ба гармшавӣ майл дошта, он ҳамасола аз 1 то 1,5 дараҷа гарм шуда истодааст.
Мутахассисони соҳаи табиатшиносӣ сабаби асосии гармшавии умумиҷаҳонии иқлимро дар афзудани шумораи аҳолӣ, зиёд шудани партови газҳои фабрикаву заводҳо ба атмосфера аз партовҳои истеҳсолӣ, ифлос гардидани муҳити зист ва вайрон шудани хусусияти табиии хок медонанд.
Миқдори зиёди партови маишӣ ва истеҳсолот-заводу фабрикаҳо ба монанди газҳои СО2, NО2, формалдегидҳо ва дигар газҳо ба атмосфера пардаи азонии фазоро тунук мегардонанд. Дар натиҷа нури Офтоб бисёртар ба замин омада мерасад. Зиёд шудани партовҳо ба замин таркиби хокро вайрон мекунад. Аз ҳамин ҳисоб қабати хоки кураи Замин наметавонад миқдори кофии газҳои дар таркиби хок бударо ба атмосфера хориҷ намояд. Ин падидаи гулӯпарникӣ мебошад.
Партовҳои аз ҳама ҷиддии истеҳсоливу маишӣ дар кишварҳои абарқудрат, ба монанди давлатҳои Аврупо ё Чин содир мегарданд. Тибқи барномаи «Иқлими сабз», ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ шудааст, ин гуна давлатҳо ба мамлакатҳои осеббин бояд ҷуброн диҳанд. Айни ҳол барнома мавриди амал қарор дошта, маблағҳои ба мамлакатҳои осебпазир пардохтшаванда ба рушди обёрии деҳот, таъмири ҷӯю каналҳо, селравҳо равона мегарданд.
Тадқиқоти олимон оид ба иқлим идома дорад. Хулосаҳое низ бароварда шудаанд, ки тағйирёбии иқлим ҷараён дорад: дар як нимкураи Замин хунукӣ ва дар нимкураи дигар гармӣ ба мушоҳида мерасанд. Баланд шудани ҳарорати ҳаво ба дигаргунии самти ҳаракати бодҳои (фронтҳои) атмосферӣ, ба иқлими субтропикӣ кам ворид шудан ва мутаносибан камии боришот дар минтақаи субтропикӣ боис гардидааст.
Масоили ҷиддӣ дар оинаи илм
Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои обӣ аз он ҷумла, пиряхҳо яке аз давлатҳои бойтарин маҳсуб меёбад.
Масъалаи обшавии пиряхҳо масоили мубрам буда, диққати олимону мутахассисон бояд беш аз пеш ба ин масъала ҷалб ва роҳҳои ҳалли он дарёфт карда шаванд.
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, ки аз 28000 пирях 1000 пирях нест гаштааст. Сабабҳои асосии ба нестӣ расидани пиряхҳо аввалан гармшавии умумиҷаҳонӣ бошад, дуввум, ифлос кардани атмосфера, севум камии боришоти барф ва сабаби чаҳорум кам шудани захираи обҳои зеризаминӣ аст.
Баланд шудани ҳарорати ҳаво - гармшавии умумиҷаҳонӣ ҳудуди обшавии пиряхҳоро зиёд гардонидааст. Ифлос шудани атмосфера сабаби обшавии пиряхҳо мебошад, чунки чангу ғубор сатҳи пиряхҳоро тира гардонида, ин тирагӣ миқдори зиёди нури офтобро фурӯ мебарад. Дар натиҷа обшавии пиряхҳо меафзояд.
Яке аз омилҳои муҳими дигар обшавии пиряхҳо кам гардидани захираи оби зеризаминӣ аст. Қисмати растанипӯши кураи Замин, боғҳову дарахтон захираи оби зеризаминиро нигоҳ медоранд. Дар ҳолате, ки оби зеризаминӣ кам мегардад, он барои пурра гардонидани ҳаҷми худ аз пиряхҳо об талаб мекунад. Яъне байни поёноб-обҳои зеризаминӣ ва болооб-пиряхҳо кашиш ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи ин обшавии пиряхҳо фаро мерасанд.
Барои ҳамин мо бояд кӯшиш намоем, ки дар талу теппаҳо, даштрӯяҳо ва дигар мавзеъҳои бекорхобидаи замин ҳарчӣ бештар ниҳолу буттаҳои дарахтон ва зироатҳои гуногуни кишоварзӣ шинонида, онҳоро парваришу нигоҳубин намоем. Вақте, ки ҳаҷми оби зеризаминӣ зиёдтар мешавад, пиряхҳо дар ҷойҳои худ қарор мегиранд.
Айни ҳол дар Тоҷикистон 149 дидбонгоҳи обсанҷӣ ва 2 маркази мониторинги ҳолати пиряхҳо мавҷуданд. Айни ҳол бо иқдоми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази пиряхшиносӣ таъсис дода шудааст, ки масъалаҳои дар ҳолати муайян нигоҳ доштани пиряхҳо, мониторинги онҳо, муайян намудани таркиби химиявии пирях, фарқияти намудҳои пирях ва дигар масоили марбут ба соҳаро аз ҷиҳати назариявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта аст.
Қулматова Лутфия Сафаровна,
ассистенти кафедраи географияи табиӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj