• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Маколаҳо

ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР ЗАМИНАИ КОНСЕПСИЯИ МИЛЛИИ ТАРБИЯ
Возможно, это изображение 1 человекМафҳум ва ғояи ватандустӣ садоқат ба мардум, эҳтиром ба таърих арҷгузори ба анъана ва фарҳанги ӯ воло баҳисоб рафта мазмун ва моҳияти онро пеш аз ҳама рӯҳияи ахлоқии ҷомеа ва заминаҳои устувори таърихии он муайян мекунад.
Чунончи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки 23 декабри соли 2022 ироа намуданд, аз сокинони кишвар даъват ба амал оварданд, ки бояд ватандӯсту ватанпараст бошанд ва ҳаргиз фаромӯш насозанд, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошанд.
Арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои давлат бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, маҳаллӣ ва гурӯҳӣ боло бошад ва пойдевори тарбияи ватандӯстии ҷавононро фаро гирад.
Маҳз ҳамин гуфтаҳо боис мегарданд, ки нерӯи ватандустӣ дар пайкари миллат дубора ташаккул ёфта ва рушду такомул меёбад.
Ватандӯстӣ яке аз эҳсосоти амиқи инсонист, ки дар тӯли садсолаҳо ва ҳазорсолаҳо мустаҳкам шудааст. Яъне он муҳаббат ба Ватан, нисбат ба халқи худ, ифтихор аз гузашта ва имрузи он, тайёр будан ба муҳофизати онҳо таҷассум ёфтааст.
Ҳадаф ва вазифаҳои тарбияи ватандӯстӣ ин фаъолияти мунтазам ва мақсадноки мақомот, ташкилотҳои давлатӣ оид ба ташаккули шуури баланди хештаншиносии шаҳрвандон, омодагӣ ба иҷрои вазифаи шаҳрвандӣ ва ӯҳдадориҳои конститутсионии ҳифзи манфиатҳои Ватан мебошад. Дар шароити кунунии рушди босуръати ҷаҳонишавӣ, ҷангу бархурдҳои тамаддуниву геополитикӣ яке аз масъалаҳои глобалии замони муосир дар ҳаёти шаҳрвандони кишвар хусусан, ин тарбияи комили ватандӯстӣ дар вуҷуди ҷавонон мебошад.
Омӯзиши ҳидояти ҷавонон ба роҳи илмомӯзӣ, ҳунармандӣ, посдории урфу одати ниёгони асоси рукни тарбияи миллӣ мебошад ва муҳтавои умумии сархости зерин низ фарогири ҳамин гуфтанҳост.
Вобаста ба ин сарвари давлат таъкид менамоянд, ки ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар пеш аз ҳама ба зиммаи шумо – ҷавонон вогузор аст. Шумо бояд Ватанро дар баробари модари худ дӯст доред, қадр кунед ва ҳифз намоед.
Тарбияи ватандӯстии ҳар як шахс аз муҳимтарин вазифаҳои ҷамъиятии имрӯзи ӯ баҳисоб меравад. Табиист, ки гузаштагони мо мафҳумҳои таълимиву тарбияро маҳз дар канори ҳамдигарӣ корбари намудаанд. Насли наврас барои ояндаи давлат ҷиҳати ҳифзи фарҳанг, таърих, ваҳдату ҳамдилӣ масъул мебошанд.
Ин бесабаб нест, ки Арасту таълиму тарбияро ҷанин, асос, ибтидо, сабабгори тавлид ва шаклгирии муҳтавои сохти давлатдорӣ ҳисобида буд: «Тарбия аз оғоз бунёнгузори сохти давлатдорӣ аст» ва чун устоди бузурги одамизод хотиррасон мекунад: «Ҳама вақт сифати нек шакли хуби сохти давлатдориро таъмин менамояд». Фаромӯш кардан ба фоидаи ояндасозӣ нахоҳад буд, ки як сабаб дар як ҳолат, дар як шароит ва дар як вазъ натиҷаи якхела ба бор меорад.
Бояд қайд намуд, ки мафҳуми «ватандӯстӣ» бо мафҳуми «ватандӯст» алоқаи ногусастанӣ дорад.
Андешаи миллии тоҷикон аз тамаддуни ориёӣ ва таълимоти Авасто ибтидо гирифтааст… Андешаи миллӣ равандҳои дохилии иттиҳоди миллатро ташаккул дода, ҷавононро ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд, ба онҳо рӯҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ мебахшад. Чунонкӣ, китоби муқаддаси «Авасто» ҳар фарди бедордилу худогоҳро даъват намудааст: «Ватани худро муҳофизат намо, манзили худро нигоҳ дор ва халқи худро тарк накун.
Маълум аст, ки ғояҳои солими ватандӯстӣ дар ташаккули таърихи халқи тоҷик муҳимтарин ҷойгоҳи асосиро ишғол менамояд. Исботи ин гуфтаҳоро метавон дар достонҳои «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ мушоҳида намуд. Тараннуми ватан, ғояҳои ватандусти дар ҳар як саҳифаи ин шоҳасар мушоҳида гардида, мутафаккир қайд менамояд, ки ҳар як инсон ҳамчун фарди ватандусту ватандор бояд барои муҳофизати марзу буми кишвару ватани худ ҳамеша омода бошад.
Дар заминаи ғояҳои ватандӯстиву ватанпарасти «Консепсияи миллии тарбия», дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 марти соли 2006 тасдиқ шудааст, ки дар он дарҷ гардидааст: «Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва аз ҳама муҳимтарини тарбия мебошад, ки он дар мафҳумҳои диёр, макон, кишвар, сарзамин, Ватан низ ифода меёбад. Ҳамаи унсурҳои дигари тарбия ба ҳамин унсури тарбия иртибот доранд ва садоқатмандии шаҳрвандро ба ватани хеш дар назар дорад». Аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин масъалаҳои таълиму тарбия имрӯз ташаккули эҳтиёҷоти муҳаббат ба Тоҷикистони азизамон ва донистани таърихи он мебошад, зеро ватандӯстӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ғоя ва фарҳанги миллии мо тоҷикон аст.
Ҷараёни татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон собит месозад, ки бояд дар ин самт усулҳои нави кор бо насли ҷавон ва тадбирҳои самарабахш таҳия ва амалӣ карда шаванд. Барои он, ки дар замири ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан дошта бошад, онҳо пеш аз ҳама бояд аз таърих ва фарҳанги куҳанбунёдамон бархӯрдор гарданд.
Ватандӯстии воқеӣ моҳияти инсонгароӣ – эҳтиром ба фарҳанги дигар халқу миллат ва анъанаҳои онҳоро дор худ таҷассум менамояд. Фарҳанги муносибатҳои байни миллатҳо ва ватандӯстӣ - ин ду падиди бо ҳам алоқаманданд. Ватандӯстӣ бошад, ҷузъҳои гуногуни фазои маънавиро дар бар мегирад: ҳифзи забони модарӣ; вазифадори оид ба ҳифзу нигаҳдошти марзу буми Ватан; эҳтиром ба мероси таърихию фарҳангии давлат; дарки масъулиятшиносии шаҳрвандӣ, ғамхорӣ ва инсондӯстӣ. Аз назари мо яне ватандӯстии ҳақиқӣ маҷмӯи хислатҳои мусбатест, ки бояд ҷомеа, аз ҷумла омӯзгорон онро дар вуҷуди насли наврас ташаккул диҳанд.
Ҳадафи асосии тарбияи мазкур дар иҷрои асоситарин рукни он бедор кардани завқи баланди ватандӯстии насли наврас мебошад, зеро ифтихори ватандорӣ ташаккули майлу хоҳиш ва омодагӣ ба ҳимояи марзу буми Ватан саҳмгузорӣ дар ободии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.
Омӯзиш ва меҳру муҳаббати вадандустӣ ин аз зодгоҳи инсон сарчашма мегирад, ки дар ибора Лоиқ Шералӣ мефармояд:
Ватан сар мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Бузургтарин олимони ҳама давру замонҳо асос гузоштан ба пояҳои давлатдорӣ ва ҳифз кардани сохти он берун аз масъулияти мактаб шиори хушку холи бетаъсир ва амали бебунёд ҳисобидаанд.
Арасту бидуни дудилагӣ, гаштаву баргашта, хотиррасон мекунад, ки барномаи таълимӣ, китоби дарсӣ, муҳтавои тарбия, умуман, сиёсати ҳукумат дар соҳаи таълиму тарбия бояд таҳти назорати қатъӣ ва корбарии давлат бошанд. Ӯ бо дилсӯзии маҳз таъкид месозад: «Охир, тарбия бояд ба ҳар як сохти давлатдорӣ мувофиқат намояд. Сифатҳои ба худ хоси ҳар як сохти давлатдорӣ, асосан, барои ҳифзи ҳамон сохти давлатдорӣ хизмат мекунанд».
Яке аз вазифаҳои дигари муҳимтарини маориф дар баробари таълим ин тарбияи ватандӯстӣ мебошад, ки қонунгузори низ ҳаминро тақозо мекунад. Мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ба таври муфассал шарҳ дода шудааст. Тибқи мафҳуми он: «тарбияи ватандустӣ – фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандустӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронида шудааст», мебошад.
Аз ин рӯ ватан барои ҳар яки мо хонаи умеду орзуҳо ба ҳисоб меравад. Бинобар ин мо бояд дар қалб ва шуури ҷавонон меҳру муҳаббат ба Ватан, ифтихори ватандӯстӣ, ишқи Ватанро ҷой намоем. Хизмат ба Модар – Ватан ин қарзи ҷонии ҳар як шаҳрванд мебошад, аз инҷост, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии онро вазифаи муқаддаси шаҳрванд, мешуморад».
Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Ӯ бояд, дар натиҷаи ба меҳнати эҷодӣ ҷалб намудани хонандагон баҳри саодатмандии Ватан, бедор кардани меҳру муҳаббат ба таърих, фарҳанг, анъанаҳои кишвари маҳбубамон ба амал бароварда шавад.
Ҳамчунин моҳияти Истиқлоли давлатии худро ба хубӣ дарк карда, ба рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром дошта бошанд. Маҳз дар ҳамин сурат мо аз амнияти давлату миллат ва рушду ободии Ватани азизи худ дар оянда хотирҷамъ буда метавонем. Мо дар дурнамои сиёсати давлатдории хеш беҳтарин арзишҳои тамаддуни башариро пазируфта, парастиши ноогоҳона ва тақлидкоронаи фарҳанги барои миллати мо бегона, зӯроварӣ, хусусан унсурҳои ноҷои паст задани шарафи инсон, коҳидани ахлоқи ҳамидаву ҷаҳони поки маънавии ҷавононро қабул надорем.
Дар айни замон, ватандӯстӣ ҳамчун манбаи захираи рӯҳии виҷдон сафарбарӣ ҷиҳати рушди шахсият, ҷомеа ва давлат баромад карда метавонад.
Агар мардум, аъзои ҷомеа дар муқобили эҳсосот ва андешаҳои бегонапарастӣ, хурофотзадагӣ ҳувияти миллӣ пайдо накунад, ба таърихи гузаштаи хеш, эътиқод ва эҳтироми фавқулода нагузорад, маҳз бар давлатдории миллӣ афзалият набахшад, оқибат бозичаи дасти бегонагон хоҳад гашт.
Мақсади асосии тарбияи ватандустӣ ин:
-баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон;
-рушд ва амиқтар кардани дониш дар бораи таърих ва фарҳанги миллат;
-инкишофи қобилияти дарки ходиса ва воқеият дар робита ба гузашта, имрӯз ва оянда;
-ташаккули шаҳрвандӣ аз ҷиҳати фарҳангӣ, ахлоқӣ ва ҷисмонӣ обутобёфта;
-рушд додани шавқу ҳавас ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги худ ва халқҳои дигар ва ғайра мебошад.
Беҳуда нест, ки «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар давлатҳои соҳибистиқлоли миллӣ, ба монанди Ватани азизу маҳбуби мо – кишвари ормонии ҳазорсолаи ниёи ватандӯсту озодихоҳ, бо дарназардошти вазъи сиёсии бисёр мураккаб ва ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, чолишҳои пайваста ва аксаран, пешгӯинашавандаи раванди ҷаҳонишавӣ, бо фарогирии мафҳумҳои «тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ», «тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ», «тарбияи меҳнатдӯстӣ», «тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ» шарти асосии таъмини истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, якпорчагиву тамомияти арзӣ, амнияти комили давлат, таҳрики соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини рушди устувор, татбиқи механизмҳои «иқтисоди сабз» ва дар маҷмуъ, бақои давлату давлатдории миллист.
Ё «Ба ибораи дигар, худи тарбия ҳамчун мафҳуми системавӣ амалест, ки барои ташаккули шахсият, дар асоси арзишҳои руҳӣ ва маънавию ахлоқӣ, барои таъмини манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат, дар замири одамон бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, масъулияти бузурги шаҳрвандӣ хизмат намуда, аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб мегардад.
Ҳамин тариқ, насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд, аз он шукргузор бошанд, ки дар як фазои орому осоиштаи давлати соҳибистиқлол зиндагӣ, таҳсил ва кору фаъолият мекунанд. Дар баробари ин имрӯз барои пешрафти кори ҷавонон тамомои шароити лозима аз назари моддӣ ва маънавӣ фароҳам оварда шудааст. Бинобар ин барои рушди тарбияи ватандӯстии ҷавонон ҳамкории оила, мактаб, донишгоҳ ва омӯзгорон зарур мебошад. Дар сурати ҳамкории дастаҷамъона ба мақсади дилхоҳ — тарбияи ватандӯсти воқеӣ ноил шудан мумкин аст.
Аламов Ҳалимҷон Неъматович, ёрдамчии ректор, дотсенти кафедраи ҳуқуқ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj