• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Квотачиҳо дастгирӣ меёбанд

22-юми апрели соли равон вохӯрии донишҷӯёни ноҳияи Шаҳритус, ки тибқи квотаи Президентӣ ба макотиби олии пойтахт дохил шудаанд, бо мудири шуъбаи маорифи ҳамин ноҳия М.Асадуллоева, ва дигар намояндагони ноҳия-К.Норбуттаева ва Ҳ.Эшмуъминова баргузор гардид. Намояндагон аз давомот, дониш ва рафтори донишҷӯён пурсон шуданд ва аз ҷонишинони деканҳо оид ба корҳои тарбиявӣ посухҳои мусбат гирифтанд.

Ҳамагӣ аз ноҳияи Шаҳритус дар донишгоҳҳои кишвар 45 нафар донишҷӯ таҳсил доранд, ки 15 нафарашон толибилмони донишгоҳи мо ҳастанд. Аз ин шумора 4 нафар бо сабабҳои гуногун хориҷ шудаанд ва ба 11 нафари дигар ба маблағи 100 сомонигӣ ёрдампулӣ дода шуд.

 

Дар нимаи дуюми ҳамин рӯз донишҷӯёни ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо сардори раёсати маорифи ноҳияашон Х.Ҳакимов, муовини соҳавии раиси ноҳия оид ба идеология М.Ғафурзода ва раиси шуъбаи занҳои ноҳия мулоқот намуданд.

Х.Ҳакимов аз мушкилоти донишҷӯён пурсон шуда, таъкид дошт, ки аз дохил шудан ба ҳар хел ҳизбҳову ҳаракатҳо худдорӣ намоянд. Зеро, ба гуфтаи мавсуф, 13 нафар ҷавони бедонишу зудбовари ин ноҳия ба гурӯҳҳои тундгаро шомил шудаанд.

Намояндагони ҳукумати ин ноҳия низ ба донишҷӯёнашон ба миқдори 100 сомонигӣ ва як телевизор туҳфа карданд.

Дар пайи мулоқотҳои мазкур рӯзи дигар мудири маорифи ноҳияи Хуросон З.Раҷабов ва муовини соҳавии раиси ноҳия бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилдоштаашон вохӯрӣ анҷом дода, кумаки пулӣ намуданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj