• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ихтироъкорон мукофот мегиранд

Дар толори фарҳангӣ 21-уми апрели соли равон раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёни лаёқатманд, ихтироъкору навовар, гирандагони стипендияи Президентӣ, донишгоҳӣ ва шаҳрӣ мулоқот намуд, ки ҳадаф аз он ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва навоварию ихтироъкорӣ унвон гардид.

Дар суханронии ифтитоҳии худ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ А.Муллоев аз аҳамияти ба корҳои илмӣ-инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ рӯ овардани донишҷӯён дар ҳаёти муосири кишвар ёдовар шуда, таъкид намуд, ки муҳассилине, ки ба корҳои инноватсионию навоварӣ машғул шуда, барои ихтирооти худ соҳиби патент мешаванд, аз ҷониби донишгоҳ бо мукофот ва кумакпулӣ сарфароз гардонида хоҳанд шуд.

Дар поёни вохӯрӣ рӯнамоии дастури таълимию методии донишҷӯи соли 3-юми шуъбаи забони фаронсавии факултаи забонҳои романӣ-германӣ Ардамеҳр Ашӯров, ки зимни таҳсил ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул шуда, ба навиштани ин дастур бо номи «Сухан гавҳар бувад, гӯянда ғаввос» комёб гаштааст, доир гардид.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj