• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

ДОВТАЛАБОНИ АЗИЗ: ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ БЕҲТАРИН МУАССИСА БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қабули довталабонро дар соли ҷорӣ аз рӯи 89 ихтисос дар 14 факулта ва 63 кафедраҳои тахассусиву умумидонишгоҳӣ роҳандозӣ менамояд.
Донишгоҳ дорои биноҳои таълимии замонавӣ, синфхонаҳояш муҷҷаҳҳаз бо лавозимоти дарсии муосир барои донишҷӯён буда, ин шароити созгор ба донишҷӯ имконият медиҳад, ки дар асоси шартномаҳои Донишгоҳи мо бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсилро дар хориҷа идома диҳад.
Ҳамзамон дар баробари таҳсил дар донишгоҳ довталабон метавонанд дар
курсҳои кафшергарӣ, ронандагӣ, пазандагӣ ва дӯзандагӣ дар шакли ройгон таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунар ва шаҳодатнома гарданд.
Китобхонаи донишгоҳ дорои фаровони адабиёти таълимӣ, методӣ, илмии замони муосир буда, дар баробари ин як китобхонаи электронӣ ва 3 толори хониши замонавӣ барои донишҷӯён ҳамарӯза хидмат менамояд.
Шароит дар хобгоҳҳои донишгоҳ барои зисту зиндагонии довталабон хуб роҳандозӣ гардида, бо рахту катҳо ва мизу курсиҳо таъмин.
Донишгоҳ дар Маркази миллии тестӣ таҳти №102 номнавис шудааст. Ихтисосҳои донишгоҳи моро интихоб намуда, Шумо дар оянда бо ҷойҳои мувофиқи корӣ таъмин хоҳед шуд.
Суроға: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ- 121. Тел. 2241383, 900041010, 987822221.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj