• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ШИРКАТИ НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАТОРИСТОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОСИЯ
Возможно, это изображение 2 человека, телевизор, отдел новостей и текстАз санаи 3-ум то 5-уми апрели 2024 дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия Форуми байналмилалии Татористон оид ба энергетика ва самаранокии захираҳои энергетикӣ (ТЭФ-2024) баргузор гардида истодааст. Ин як платформаи бонуфузи касбӣ барои муколамаи созанда, табодули таҷрибаи пешқадам, муаррифии ғояҳои нав, технологияҳои ояндадор ва лоиҳаҳо дар соҳаи самаранокии энергия ва захираҳои он, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, ҷалби сармоягузориҳои мақсаднок, намоиши дастовардҳои илмӣ, коркардҳои нав, таҳкими муносибатҳои тиҷоратии байналмилалӣ ва
байниминтақавӣ, таҳияи механизмҳои самараноки баланд бардоштани захираҳои энергетикӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди корхонаҳо ва ташкилотҳои Тотористонро бо субъектҳои хоҷагидории минтақаҳои Русия, кишварҳои хориҷӣ ва ҷомеаи байналмилалиро муайян мекунанд.
Санаи 3-юми апрели соли 2024 дар доираи Форуми мазкур мизи муддавар оид ба “Танзими иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи энергетика” баргузор гардид, ки дар он ба тариқи маҷозӣ Сангинзод Дониёр Шомаҳмад, муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор дар мавзӯи “Проблемаҳои ҳуқуқии фаъолияти инноватсионӣ дар саноати нефту гази Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj