• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ВОХӮРӢ БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН
Возможно, это изображение 5 человек, помост и текст5-уми апрели соли равон бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш-вохӯрии муштарак дар мавзӯи “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” бо донишҷӯёну омӯзгорон баргузор намуданд.
Дар ҳамоиши мазкур Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нушервони
Билол, муовини директори Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии ғизои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Орифов, мудири шуъбаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва намояндагон аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва намояндаи кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласаи гуфта шуд, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакатро ташкил намуда, аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсияти сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида маҳсуб меёбад.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj