• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

 

КОНФЕРЕНСИЯ ДАР МАВЗУИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИОНИ ПЕДАГОГӢ
Возможно, это изображение 7 человек, помост и текстБо ташаббуси кафедраи педагогикаи умумӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи “Омодасозии мутахассиони педагогии навовар” баргузор гардид.
Конференсияро сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Зикирзода Ҳ., оғоз бахшида, қайд намуд, ки бисёр олимон ҳамчун усулҳои фаъоли таълим технологияҳои инноватсиониро маънидод мекунанд. Аз ин рӯ, проблемаи усулҳои инноватсионӣ ба қатори яке аз баҳсноктарин проблемаҳо дар методикаи муосири таълим тааллуқ дорад. Дар асарҳои илмӣ муносибатҳои
гуногун ба фаҳмиши усул ва технологияи инноватсионии педагогӣ марбут ба раванди таълим баррасӣ мегарданд.
Дар кори конференсия олимону муҳақиқони соҳа бо дастовардҳои илмии худ маъруза намуданд. Маърӯзаҳои устодон мавриди муҳокима ва мубоҳиса қарор дода шуд. Натиҷаи кори конференсия дар мувофиқа бо раёсати илми донишгоҳ дар шакли тавсияҳои амалӣ ба сохторҳои лозима пешниҳод карда мешавад.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj