• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҲАМОИШИ ХОТИРМОН БА ИФТИХОРИ ЗОДРӮЗИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ

Возможно, это изображение 7 человек, помост и текст «RANDAT сосгузори сулку пахдат DOH миллат миллат енТи омаля Man нтИ рии To МиЛлй-»Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба ифтихори зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд. Онро бо сухани ифтитоҳӣ сардони Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Қобилҷон Зикирзода оғоз намуда, сипас олимон ва пажуҳишгарони осори устод Садридлдин Айнӣ роҷеъ ба саҳми ин фарзонафарзанди миллат дар рушди адабиёти навини тоҷик, нақши номбурда дар густариши робитаҳои адабӣ маърузаҳои пурмуҳтаво карданд. Таъкид шуд, ки оѓози фаъолияти илмии Айнӣ аз соли 1912 бо мақолаи илмӣ дар бораи рӯзгор ва осори
Бедил шуруъ мешавад, ки дар маҷаллаи «Шуро» (1912, №2) ба забони тоторӣ ба нашр расидааст. Асарҳои илмии ӯ доир ба таърих, забону адабиёт, кишваршиносӣ, луғатнигорӣ, мусиқӣ, ки дар солҳои мухталиф ба нашр расидаанд, пояи ин улумро дар Тоҷикистон асос гузошт. Масалан «Таърихи амирони манѓитияи Бухоро» (1923), «Материалҳо (мавод) доир ба Инқилоби Бухоро» (Маскав, 1926, ба забони узбакӣ), «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ» (1934), «Устод Рӯдакӣ (1940), «Камоли Хуҷандӣ» (1940), «Шайх Муслиҳуддин Саъдии Шерозӣ» (1940-42), «Мирзо Абдулқодири Бедил» (1954), «Восифӣ ва хулосаҳои «Бадоеъ-ул-вақоеъ» (1946), «Алишери Навоӣ» (1948) ва ғайра ҳар як дар дар таърихи илми тоҷик мақоми арзанда доранд. Айнӣ солҳои 20-30 асри ХХ мақолоти зиёде доир ба забон иншо карда, ки «Дар атрофии забони форсӣ ва тоҷикӣ», «Китобҳои тоҷикӣ», «Луғати нимтафсирии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» (1934) ва ѓайра аз он ҷумлаанд. Дар ин мақолот ӯ асоси назариявии шеваи нави забони адабии тоҷикро нишон дода ва дар асарҳои бадеии худ намунаи равшани соддабаёниро ба майдон гузошт. «Луѓати русӣ-тоҷикӣ» (ҷилдҳои 1-2; солҳои 1933-34) зери таҳрири Айнӣ ба нашр расиданд. Ҳамчун ин ӯ яке аз муҳаррирони «Луғати тоҷикӣ-русӣ» (1940) аст.
Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Махсумзод ба паҳлуҳои норӯшани эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ равшанӣ андохта, ӯро шабеҳи ситорае дар тирашаби Аморати Бухоро номид. Дар маърузаҳои профессорон Аъзам Худойдод ва Шамсиддини Солеҳ оид ба «Намунаи адабиёти тоҷик» ва шуҳрати ҷаҳонии устод Садриддин Айнӣ сухан рафт. Ашъори тоинқилобии адибро декани факултети филологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ бо зикри далелҳои тозаи таърихӣ тавзеҳ дод.
Шеърхонии шогирдони факултети филология аз осори устод Садриддин Айнӣ ба ин маҳфили хотиромон таровати тоза зам кард.
Хотиррасон менамоем, ки ҳамоиши мазкур бор ибтикори факултети филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон баргузор гардид.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj