• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАФТАИ ИЛМ; МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

Имрӯз дар ҳузури муовини ректор оид ба корҳои  илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ҷаласаи корӣ доир шуд, ки дар он кормандони раёсати илм ва инноватсия ва зерсохторҳои он ширкат варзиданд. Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба раванди инъикоси конфронсҳои ҳафтаи илм, мушкилоти маҷаллаҳои илмии донишгоҳ, ширкати донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҷоннок намудани кори маҳфил, семинар ва конфронсҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини ректор оид ба корҳои  илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод аз фаъолияти камранги баъзе шахсони масъули конфронсҳои факултетҳо ва кафедраҳои умумидонигоҳӣ изҳори нигаронӣ карда ибороз доштанд, ки дар ҳафтаи илм бояд кормандони раёсати илм ва инноватсия бештар масъулият эҳсос номоянд ва дастуру супроишҳоро бо камоли масъулият  иҷро намоянд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои мубрами ҳафтаи равон баррасӣ гардида, аз масъулони конфронсҳои ҳафтаи илм талаб карда шуд, ки роҷеъ ба натиҷаи конфронсҳо гузориш омода намуда, баъди таҳлилу баррасӣ мақола ва олими беҳтаринро ба роҳбарияти донишгоҳ пешниҳод намоянд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj