• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

РӮЗИ “ФРАНКОФОНИЯ” ДАР ДОНИШГОҲ БО ШИРКАТИ САФИРИ ФАРОНСА ТАҶЛИЛ ГАРДИД
Возможно, это изображение 14 человек и текстДар тарърихи 23-юми апрели соли 2024 дар толори бинои асосии донишгоҳ бахшида ба рӯзи байналмилалии забони франсавӣ “Франкофония” чорабинии фарҳангӣ бо иштироки муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Қурбонзода Рухшона, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, масъули бахши фарҳангии сафорат ва як қатор омӯзгорону донишҷӯёни шуъбаи забони фаронсавии факултети забонҳои романию германӣ баргӯзор гардид.
Чорабинии фарҳангиро мудири кафедраи забони франсавӣ Султонзода Соқӣ оғоз бахшид. Сипас, муовини ректор оид ба равобити хориҷӣ Қурбонзода Рухшона зимни суханронӣ ҳузури меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз таърихи робитаҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Фаронса андешаронӣ намуд. Сипас, сафир дар хусуси мавқеи забони фаронсавӣ дар ҷаҳон сухан ронда, таъкид дошт, ки бо забони фаронсавӣ на фақат мардуми Фаронса, балки дигар кишварҳои олам низ ҳарф мезананд ва шумораи фаронсавизабонони олам феълан бештар аз 300 миллион нафар аст. Сафир барои қабули гарми ректори донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён изҳори сипос намуд.
Баъдан, саҳна ба ихтиёри омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни ихтисоси забони франсавӣ гузошта шуд. Дар чорабинӣ донишҷӯён бо овозу мусиқии зинда бо забонҳои тоҷикию фаронсавӣ суруд хонда, табъи ҳозиринро хуш гардониданд. Сипас, саҳначаи театрӣ бо забони фаронсавӣ дар иҷрои донишҷӯён пешкаши ҳозирин карда шуд. Донишҷӯён ҳангоми намоиш аз худ ҳунари воло нишон дода, таваҷҷӯҳи ҳозирин, хусусан меҳмонони фаронсавиро ба худ ҷалб намуданд.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj