• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ГАРДИД
Возможно, это изображение 7 человек, помост и текстИмрӯз дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Ҳамкориҳои минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо” баргузор гардид.
Конференсияи мазкур, ки бо ташаббуси кафедраи сиёсатшиносӣ доир гардид, дар он Раҷабалӣ Бобохонзода,сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Душанбе, Ҳомид Саидов, профессори кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатии Донишгоҳи Россия ва
Тоҷикистон, Сафар Шарифзода, номзади илмҳои таърих, сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фатҳиддин Замон, Муҳаббатшо Қобилов, мудир кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Азимҷон Раҳмонзода, муовини Директор оид ба илм ва таълими Иниститути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Насриддин Меъроҷиддин, дотсенти кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итирок намуданд.
Конфронсро Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ оғоз бахшида, дар идомаи суханронии хеш зикр намуд, ки терроризм ва экстремизм падидаҳои хатарноктарини ҷомеаи инсонӣ дар ҳоли ҳозир, яъне дар ҷаҳони имрӯз ба шумор рафта, ба зиндагиву пешрафти инсоният хатару таҳдидҳо ва монеаҳои зиёде эҷод кардааст. Махсусан дар аксар маврид ҷавонони бедонишу ноогаҳро ба доми фитнаангези худ фуру бурда, онҳоро ҳамчун аслиҳаи ҷангӣ дар барҳам задани осоиштагии мардум, ҳаракатҳои террористиву экремистӣ анҷом додан истифода мебаранд, - гуфт ректори донишгоҳ.
Инчунин, дар идомаи конфронс Раҷабалӣ Бобохонзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Душанбе, Ҳомид Саидов, профессори кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатии Донишгоҳи Россия ва Тоҷикистон, Сафар Шарифзода, номзади илмҳои таърих, сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фатҳиддин Замон, Муҳаббатшо Қобилов, мудир кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Азимҷон Раҳмонзода, муовини Директор оид ба илм ва таълими Иниститути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Насриддин Меъроҷиддин, дотсенти кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз нооромиҳои ҷаҳони муосир, дасисаҳои ҷангҷӯёни кишварҳои ҷангзада мисолҳои возеҳу равшан оварда, баҳри зиракии сиёсии ҷавонон аз ҳаргуна амалҳои номатлуб, сиёсатҳои манфиатҷӯёнаи ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ андешаҳои пурмазмун ва илман асосёфта иброз намуданд.
Интиҳои конференсия аз бахши саволу ҷавобҳои мубраму судманд иборат буд, ки барои иштирокдорони насли наврас писанду хотирмон гардид.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj