• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ” БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

Возможно, это изображение 7 человек, люди играют в футбол, люди играют в футбол и траваДар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи дастури раёсати донишгоҳ ва иҷроиши нақша-чорабиниҳо дар доираи моҳвораи ҷавонон ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 23-май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон, кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ нимаи дуюми рӯзи 24-уми апрели соли равон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ректори донишгоҳ” дар байни чаҳордаҳ дастаи донишҷӯписарони факултетҳо оғоз гардид.
Дар маросими оғози мусобиқаи варзишӣ муовини ректор оид ба корҳои
тарбиявӣ Назарзода Нигора, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Давлатшо Каримзода, мудири Шуъбаи тарбия Шараф Алланазаров, раиси Шурои кураторон Дилшод Раҷабов, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ Намозов Тошқул, муовинони декан оид ба корҳои тарбиявии факултетҳо, омӯзгорон-доварони мусобиқа, чаҳордаҳ дастаи факултетҳо, раисони ҷавонони факултетҳо ва мухлисони футбол иштирок доштанд. Тошқул Намозов, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ дар оғоз ҳозиринро муарифӣ намуда, варзишгаронро шодбош гуфт. Сипас, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Назарзода Нигора, қайд намуд, ки дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи дастури раёсати донишгоҳ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва таҳким бахшидани равобити дустӣ миёни ҷавонон дар доираи моҳвораи ҷавонон мусобиқаи варзишии футбол ташкил гаридааст. Баъди садо додани суруди миллӣ мусобиқа оғоз гардид ва дар навбати аввал миёни дастаҳои факултети биология бо физика дар қисмати дуюм бозӣ байни дастаи технология бо дастаи математика ва информатика баргузор гардид. Қайд намудан лозим аст, ки бозиҳои минбаъда ҳамарӯза аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида баргузор мешаванд.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj