• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Дарси кушод илҳомбахш аст

Берун шудан аз дарсҳои қолабӣ ва ташкили дарси кушод ба донишҷӯён шавқу завқи тоза мебахшад. Бардошти толибилмон аз дарсҳои ғайримуқаррарӣ бештар аст, зеро муҳассилин аз дарсҳои якрангу якмаром дилбазан мешаванд.

Дар робита ба ин мавзӯъ 15-уми сентябри соли равон муаллими калони кафедраи геоэкология Қобилҷон Иброҳимов дар факултаи география дарси кушод гузаронд. Дар дарс омӯзгорон Маҳмаднаврӯз Раҳимов, мудири кафедраи геоэкология, Шамшод Раҳмонов, дотсенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва Муборакшо Табарруков, муаллими калони кафедраи иқтисодӣ, иштирок доштанд. Омӯзгор дар дарс аз тахтаи электронӣ кор гирифта, дар бораи мавзӯъ маълумоти муфассал дод. Донишҷӯён низ ба дарс бо тайёрии пухта омада, фаъолона ширкат намуданд. Ташкили чунин дарсҳо ба рафти донишомӯзии муҳассилин таъсири мусбат мерасонад, бештар ба роҳ мондани онҳо иқдоми наҷиб аст.

 

Илҳоми АБДУЛЛО

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj