• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Тариқат дар осори Мавлоно

Бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ кафедраи назария ва таърихи адабиёти факултаи филологияи тоҷик 30-юми сентябр дар толори фарҳангии донишгоҳ барномаеро бо номи «Бишнав аз най» баргузор намуд. Дар он декани факултаи мазкур, дотсент Боймурод Шарифов, устодони факултаи филологияи тоҷик, намояндагон аз Китобхонаи Миллӣ ва донишҷӯёни факулта иштирок доштанд.

Ҳамоишро, ки ҳамчун соати тарбиявӣ зикр гардид, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт, дотсент Абдулмаҷид Қурбонов сарварӣ намуда, сараввал дар бораи мақоми бузурги Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва осори ӯ маълумот дод. Сипас, декани факулта Боймурод Шарифов дар мавзӯи «Масъалаи шариат ва тариқат дар осори Мавлавӣ» суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар тамоми дунё китоби ирфоние, ки ба дараҷаи «Маснавии маънавӣ» мақоми баланд дошта бошад, нест. Бузургии Мавлавӣ боз дар он аст, ки ӯ дар 50 ҳазор байти худ 55 вазни шеъриро истифода кардааст, ки ҳеҷ кас ин корро накардааст. Эҷодиёти ӯ ҷиҳати муҳими тарбиявӣ дошта, моро мебояд, ки барои аз бунбасти хаёлӣ раҳоӣ ёфтан ба осори ӯ муроҷиат намоем.

Дар охир порчаҳо аз осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултаи мазкур қироат гардид.

Шаҳлои Исрам,

донишҷӯи соли 2-юми факултаи филологияи тоҷик

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj