• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Абдурайҳонро мешиносед? Абдуҳомидро чӣ?

Дар ҳошияи маҷаллаи «Муҳаққиқ»

«Наврас дар оила дар як чорчӯбаи оинҳои оилавӣ ба воя мерасад ва вобаста ба ҳаёти оилавиаш саҳми худро дар мактаб нишон медиҳад» (саҳ. 111).

«Хулоса, ташаккули тарбияи маънавии насли наврас дар фаъолии фаъолият ё амалу саъю кӯшиш, љидду љаҳди зиёди пай дар пай мебошад» (саҳ. 113).

«Мутаассифона, дар баъзе мактабҳои олӣ то ба ҳол чунин усулҳои таълимии самаранокиашон паст таълим дода мешаванд» (саҳ. 145).

 

Ин ҷумлаҳо чун муште аз хирвор на аз дафтари хонанда ё донишҷӯе, на аз сафҳаҳои нашрияи муқаррарие, балки аз як нашрияи бонуфузу ба истилоҳ, «ҷиддӣ»-маҷаллаи илмӣ-омӯзишии муҳаққиқони ҷавон (яъне, олимони фардо)-«Муҳаққиқ» иқтибос шуданд. Чунонки сармуҳаррири маҷалла, олими номвар А. Мирбобоев таъкид мекунад, «маҷаллаи «Муҳаққиқ» дар ибтидои соли 2016 ба манзури мусоидат ба фаъолияти илмии донишҷӯёну магистрантҳо таъсис ёфта, мақсад аз нашри он ҳавасманд гардидани муҳаққиқони ҷавон, тарғибу ташвиқи маҳсули илмии истеъдодҳои ҷавон ва мусоидат ба густариши фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар риштаҳои гуногуни донишгоҳ мебошад». Бояд гуфт, ки ин ибтикору иқдоми воқеан ҳам муфиду созгор ба рушди истеъдодҳост ва аслан, иртиботманд ба ташаббусу ҳидояти бевоситаи сарвари донишгоҳ аст ва ҳодисаи бесобиқаест дар фаъолияти мактабҳои олии мамлакат. То имрӯз 15 шумораи нашрияи «Муҳаққиқ» дастраси хонандагон гаштааст. Эҳсос мешавад, ки масъулини маҷалла кӯшиш доранд, то он созгор бо ҳадафҳои таъсисаш бошад ва байни аҳли донишгоҳ мақоми шоиста пайдо бикунад.

 

Вале сафҳагардонии шумораҳои маҷалла таъкидгару собитгари он аст, ки ин нашрияи тозатаъсису волоҳадаф то ба ҳол сабку услуби худро наёфтаву «марҳилаи кӯдакиаш»-ро паси сар накардааст. Теъдоди зиёди мақолаҳои «Муҳаққиқ» аз таҳқиқи воқеӣ орианд, дар онҳо тозакорӣ, навоварӣ эҳсос намешавад, забонашон пурсактаву пурғалат аст ва дар онҳо асари шитобкорию  саҳлангорӣ ва тарҷумазадагӣ ба мушоҳида мерасад. Аксари навиштаҳои муаллифони маҷалла таҳрири комил нашудаанд, хеле умумианду носуфта.

А. Мирбобоев иттилоъ медиҳад, ки ба идораи маҷалла мунтазам мақолаҳои зиёде барои чоп пешниҳод мешаванд ва аксари онҳо шоистаи чопанд. Ин маънои онро дорад, ки кӯлбори нашрия пурбор аст ва ҳайати таҳрир имкон дорад, ки беҳтарин мақолаҳоро барои чоп интихоб намояд, аммо чунонки дар боло ишора шуд, вазъ дигаргуна аст.

Ҳадафи маҷалла нашри мақолаҳо дар риштаҳои гуногуни илм аст ва вобаста ба ин, дар он фаслҳои гуногун (мутобиқ ба фанҳо) таъсис дода шудаанд, вале қисми зиёди мақолаҳои нашршуда мансуб ба илмҳои филологианд. Муҳаққиқони ҷавон ба илмҳои дақиқу табиӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, аниқтараш, таҳқиқгарону пайгирони ин илмҳо чандон фаъол нестанд. Гуфтем, ки аксар мақолаҳои нашрия ба илмҳои филологӣ мутааллиқанд ва кас гумон мекунад, ки нисбат ба мақолаҳои мансуб ба илмҳои дигар камғалату саҳеҳтаранд, лекин аслан чунин нест. Нигоштаҳои забоншиносону адабиётшиносони фардо пур аз умумигӯӣ ва зиёда аз ин, саршор аз ғалатҳои имлоиву мантиқиву услубианд. Инак, ба ин ҷумлаҳои «олимона» таваҷҷуҳ намоед, ки замима ба ҷумлаҳоеанд, ки дар оғози ин навишта овардем. ҳамаи далелҳои ин навишта барчида аз шумораи №15 мебошанд: Ном як унсури таркибии шахсияти инсон буда, ҷойгоҳи онро дар ҷомеа мушаххас мекунад (саҳ.5).

Асри XV ва XVI аз зумраи асрҳое буданд, ки доираи адабӣ хеле ривоҷ ёфта, маҳфили адибони зиёдеро ба ҳам оварда буд (саҳ. 78). Натиҷаи тадқиқот ва таҷрибаи беҳтарин муаллимони мактабҳо нишон медиҳанд, ки барои он, ки истифодаи дастурҳои намоишӣ ҳангоми дарс дар ҳақиқат барои таълимро самаранок гардонидан бояд шартҳои зерин амалӣ гарданд... (саҳ.41).

Дар таҳрири мақолаҳо қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ба инобат гирифта нашудаанд. Чунончи, вожаи паҳлу дар шакли паҳлӯ, кумак дар шакли кӯмак, суҳбат дар шакли сӯҳбат омада ва ҳамин тавр: муътамад-мӯътамад, таваҷҷуҳ-таваҷҷӯҳ, сода-содда, одӣ-оддӣ, муҳтаво-мӯҳтаво...

Калима ва таркибҳои ахбор, зуҳур, тағйирот, нисбат ба, чи хеле ки, аёният, ниру, мавод… дар шаклҳои нодурусти ахборот, зуҳурот, тағйиротҳо, нисбати, чӣ хеле ки, айёният, нерӯ, маводҳо истифода шудаанд. Ибораҳои нуқтаҳои назар, муносибати фаъолиятмандӣ, нерӯҳои худаш, одами саросемаақл, васеъгии ақл, маркази корҳои интихоби касб, роли ахборотрасонӣ, синни айёми ҷавонӣ... бемантиқу носаҳеҳанд.

Ҳатто, дар номи шахсиятҳои маъруфе чун Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯҳомиди Ғазолӣ ва Насириддини Тӯсӣ (саҳ. 114) ғалат рафта, ин номҳо ба шакли Абдурайҳони Берунӣ, Абдуҳомиди Ғазолӣ ва Насриддини Тӯcӣ омадаанд, ки ғалатҳое хеле нохушоянду хиҷолатоваранд.

Дар мақолаҳои А. Саъдуллоев (№15, саҳ. 145) ва Г. Рамазонова (№15, саҳ. 149) сархати сеюм батакрор ва айнан омадааст.

Дар «Муҳаққиқ» гоҳо мақолаҳое роҳ ёфтанд, ки умуман таҳрир нашудаанд (ё худ, аз назари сатҳӣ гузаронида шудаанд). Мақолаҳои муҳаққиқон Х. Имомова, Д. Каримов, А. Саъдуллоев ва Г. Рамазонова (дар шумораи №15) намунаҳои «барҷаста»-и чунин мақолаҳоянд. Дар ин мақолаҳо ҷумлаҳо дарҳамбарҳам, пурғалат  ва баъзан хеле муғлақанд. Магар олимшавандаро месазад, ки чунин гӯяду нависад: Вале талабот ба сифати ҳадафи фаъолият он даме меояд, ки таъмини ҳолати зарурат пайдо шавад (саҳ. 113). Набояд зан синнусоли калон ё бисёр хурд бошад (саҳ. 134). Мутаассифона, дар баъзе мактабҳои олӣ то ба ҳол чунин усулҳои таълимии самаранокиашон паст таълим дода мешаванд (саҳ. 145).

Таносуби мавзӯву мундариҷа ва ҳаҷми баъзе мақолаҳо мақоли «Обмӯрӣ аз боғ калон»-ро ба хотир меоварад. Магар метавон дар ҳаҷми як-ду саҳифаи нашрия дар мавзӯъҳои таъсири «Шоҳнома» ба эҷодиёти Лоиқ, қитъа дар осори Қатрони Табрезӣ, хусусиёти эҷодиёти М. Светаева, ваҳдату ягонагӣ дар афкори Ҷомӣ... ба ҳадди ақал, ба дараҷаи бояду шояд сухан гуфт?

Шояд бо дархости идораи маҷалла қисми зиёди мақолаҳо бо тақризи фишурдаи олимону устодони шинохтаву ботаҷриба пешниҳод ба чоп шудаанд. Муқоисаи тақризҳову мақолаҳо бозгӯи он аст, ки аксари муқарризон нигоштаҳои пешниҳоднамудаи муҳаққиқон-шогирдони худро аслан нахондаву таҳрир накардаанд ва ё ин амалро хеле саҳлангоронаву сарсарӣ иҷро намудаанд. Гузашта аз ин, дар худи тақризҳои устодон ғалатҳои имлоиву сарфию наҳвӣ ҷой доранд...

Ин буд нигоҳе ба вазъи нашрияи тозатаъсиси «Муҳаққиқ». Нигоҳе, ки чандон амиқу фарогир набуда ва ин ҷо на ҳама «дидаҳояш» тафсир шуда.

Дар хотима танҳо ҳамин нуктаро зикр менамоем, ки «Муҳаққиқ» ҳадафи ба ҷодаи дуруст раҳнамоӣ кардани истеъдодҳои ҷавон, рост кардани дасти онҳо баҳри нигориши мақолаҳои илмию таҳқиқотӣ, ба ин гурӯҳ омӯхтани малакаю маҳорат дар ковишҳои илмӣ...-ро дорад. Ба ин вазъу шеваи коре, ки пеш гирифтааст, маҷалларо душвор аст дар ин ҷода комёб гаштан, зеро:

Чун набошад гуфтаи  аввал дуруст,

Нақши побарҷой монад  ҳарфи суст.

«Омӯзгори ҷавон»

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj