• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ



Маҳмадалӣ Маҳмадаминов,
декани  факултети химия,

 

 

 

Маҳмадаминов Маҳмадалӣ Назирович (тав. 10. 04.1962, н.Муминобод), муаллими фанни химия. Солҳои 1979–1981 коргари фабрикаи паррандапарварии ноҳияи Муминобод буд. Солҳои 1982–1983 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат кардааст. Солҳои 1983–1988 дар факултети биология-химияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1988–1997 муаллими фанни химия ва биологияи мактабҳои № 12 ва № 3 ноҳияи Муминобод буд. Аз соли 1998 то ба имрӯз ҳамчун ассистент ва муаллими калони кафедраи методикаи таълими химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тољикистон ба номи С. Айнӣ кор мекунад. Ҳамзамон солҳои 1999–2006 вазифаи муовини декани факултети химияи донишгоҳи омӯзгорӣ оид ба корҳои тарбиявиро ба ӯҳда дошт. Инчунин аз соли 2006 то 2014 ҳамчун методисти шӯъбаи ѓоибонаи факултети химия фаъолият намудааст. Аз моҳи июни соли 2014 то моҳи ноябри соли 2014 иљрокунандаи вазифаи деканро ба уҳда дошт. Аз моҳи ноябри соли 2014  то моҳи феврали 2016 муовини декан оид ба корҳои таълимӣ факултети химия буд. Аз феврали 2016 то ин замон декани факултети химия мебошад.

Ӯ дар мавзӯи усулҳои ҳалли масъалаҳои химиявӣ бо воситаи муодилаҳои диофантӣ корҳои илмӣ – татқиқотӣ мебарад ва дар арафаи ҳимоя қарор дорад. Ӯ бо маърӯзаҳои илмӣ-методӣ дар конференсияҳои донишгоҳ дар солҳои 2009 - 2017 бо маърӯзаҳои илмӣ –методӣ баромад намуд ва фишурдаи ин маърӯзаҳо ба табъ расиданд.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru