• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Коррупсия муборизаи дастаҷамъона мехоҳад

Барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва тавзеҳи оқибатҳои он 28-уми феврал вохӯрии намондагони Агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Ҳамоишро ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ ҳусни оғоз бахшида, пиромуни ҷилавгирӣ аз аъмоли номатлуб изҳори андеша намуд.

Сипас, муовини якуми сардори раёсати 1-уми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодком Турсунзода таъкид кард, ки барои барҳамзадани аъмоли коррупсионӣ танҳо мақомот вазифадор нест, балки тамоми мардум муваззафанд. Барои решакан кардани он муқобилияти комплексӣ ва оперативӣ зарур аст. Коррупсия амалест, ки боиси боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, харобии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва фалаҷ гаштани ҷомеа мегардад. Сӯйистифода аз вазифа, тасарруфи амволи шахсӣ амалҳои коррупсионианд, ки боварии мардумро ба давлат зери суол мебаранд.

- Тадқиқоти сотсиологии моҳи майи соли 2016 нишон дод, ки аксарияти кормандони мақомоти давлатӣ  даст ба амалҳои коррупсионӣ мезананд. Аз 88455 нафар пурсидашудагон 21660 нафар омӯзгоронро ба ришваситонӣ гунаҳгор донистанд, - қайд кард Шодком Турсунзода.

Сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ зикр намуд, ки кормандони донишгоҳ аз хароҷоти бемавриди маблағҳои буҷавӣ худдорӣ намоянд. Дар ҷамъбасти соли 2016 дар соҳаи маориф 85 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шуд. Барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ донишҷӯён саҳначаҳои мазҳакавӣ доир ба оқибатҳои ин амал намоиш диҳанд. Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем ба муқобили ин вабои ҷомеа мубориза барем.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru