• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Тартиби қабул ба шуъбаи аспирантура ва докторантура

 

Тартиби қабул дар зинаи аспирантура

Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои ишғоли ҷойҳо, аз рӯи ихтиссосҳои барои таҳсил дар шуъбаи аспирантура (ба гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ)   ҳамасола озмун эълон менамояд.

Ба шуъбаи аспирантура қабули ҳуҷҷатҳо аз 1-уми сентябр то 15-уми октябр доир мегардад.  Таҳсил дар шуъбаи рӯзона 3 сол ва дар шуъбаи ғоибонаи аспирантура 4 сол мебошад.

Ба шуъбаи рӯзона шахсони синнашон то 35 сола ва ба шуъбаи ғоибона шахсони синнашон то 45 сола қабул карда мешаванд.

Ҳуҷҷатҳо барои пешниҳод:

- ариза ба номи ректор;

- варақаи шахсии аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқгардида;

-нусхаи дипломҳои муасисаи таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва заммимаҳои он;

- рӯйхати мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ- методии нашршуда(дар ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рӯи ихтисос бо тақризи мутахассиси соҳа);

- ҳуҷҷат дар бораи супоридани минимуми номзадӣ;

- қарори Шӯрои олимон( барои шахсоне, ки баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба аспирантура дохил мешаванд;

-6 адад  расми андозаи 3/4;

- тасдиқномаи тиббӣ, шакли  АУ-86;

- дафтарчаи меҳнатӣ ва нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст(ҳангоми доштани  собиқаи корӣ;

Довталабон аз фанҳои зерин имтиҳон месупоранд:

Шуъбаи аспирантура:

1)аз фанни ихтисос;

2)аз фанни забони хориҷӣ (англисӣ, немисӣ..);

3)аз фанни фалсафа.

Қабули имтиҳони минимум

Имтиҳони номзадӣ қисми ҷудоинопазири аттестатсияи кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогии донишгоҳ буда, мақсади имтиҳон - муайян кардани сатҳи донишҳои касбии аспирант ва унвонҷӯ ҷиҳати дарёфти унвони илмӣ, дараҷаи омодагии ӯ нисбати мустақилона таҳқиқ кардани корҳои тадқиқотӣ, ба ҳисоб меравад.

Супоридани имтиҳони номзадӣ барои дарёфти унвони номзади илм ба аспирант, ҳамзамон барои унвонҷӯе, ки дараҷаи доктори илмро мегирад, вале унвони номзади илм надорад, ҳатмӣ аст.

Имтиҳони минимум аз рӯи фанни таърих ва фалсафаи илм ва забонҳои хориҷӣ қабул карда мешавад. Ба шаҳрвандони хориҷие, ки забони русӣ -  забони давлатии онҳо нест, имтиҳонро метавонанд аз забони русӣ супоранд.

Аспирант ва унвонҷӯёни муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои олии дохил ва хориҷи кишвар танҳо тавассути пешниҳоди мактуби расмӣ ва пардохти маблағи муайяншуда дар донишгоҳ барои супоридани имтиҳони минимум иҷозат дода мешаванд.

Аспиранти соли аввали таҳсил ҳуқуқи супоридани ду имтиҳони минимумро аз фанҳои таърих ва фалсафаи илм, забонҳои хориҷӣ дошта, ба  аспиранти соли дуюм ҳуқуқи супоридани имтиҳон аз рӯи ихтисос, хусусан аз педагогика дода мешавад. Аспирант ва унвонҷӯён дар як сессия ҳуқуқи супоридани зиёда аз ду  имтиҳонро надоранд. Супоридани се имтиҳон дар як сессия танҳо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки ба рисолаи омодашуда тавсияи мудири кафедраи бунёдӣ, протоколи муҳокимаи рисола ва таъини рӯзи ҳимоя муайян бошад.

Имтиҳони минимум дар як сол ду маротиба: сессияи зимистона (октябр-ноябр) ва сессияи тобистона (май-июн) баргузор карда мешавад. Дар сессияи тобистона имтиҳони минимум аз фанни таърих ва фалсафаи илм ва дар сессияи зимистона аз забонҳои хориҷӣ қабул карда мешавад.

 

Тартиби қабул дар зинаи доктор аз рӯи ихтисос

Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои ишғоли ҷойҳо, барои таҳсил дар зинаи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) (ба гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ)   ҳамасола озмун эълон менамояд.

 

Ба докторторантура аз рӯи ихтисоси PhD қабули ҳуҷҷатҳо то 20-уми август доир мегардад.  Таҳсил зинаи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) рӯзона амалӣ гащта, 3 сол мебошад.

Ҳуҷҷатҳо барои пешниҳод:

- ариза;

- нусхаи шиноснома;

- анкетаи дохидшаванда;

-нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва заммимаҳои он;(дипломи мутахасис ва магистр);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

- дафтарчаи меҳнатӣ ва нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст(ҳангоми доштани  собиқаи корӣ;

- сертификати супурдани имтиҳонхои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан(TOEFL)$

- мактуби тавсиявӣ(бо тасдиқи мӯҳри ташкилот);

- рӯйхати мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ- методии нашршуда(дар ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рӯи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);

-асосномаи таҳқиқоти диссертатсионнии ба нақшагирифташуда бо розигии мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ);

-6 адад  расми андозаи 3/4;

- тасдиқномаи тиббӣ, шакли  АУ-86;

 

Дар зинаи доктор аз рӯи ихтисос довталабон аз фанҳои зерин имтиҳон месупоранд:

1)аз фанни ихтисос;

2)аз фанни забони хориҷӣ

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru