• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ






Салмоншо Убайдов,
Мудири кафедра,
доктори илмҳои филологӣ, профессор
Телефон: (+ 992)
938 24 64 66
Email:
Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript



Убайдов Салмоншо Одинаевич 7.11.1960 дар оилаи хизматчӣ, қишлоқи Техарви ноҳияи Ванҷи Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ таваллуд ёфтаам. Соли 1968 таҳсилро дар синфи 1-уми мактаби миёнаи №2-и ноҳияи Ванҷ оғоз намуда, соли 1978 мактаби номбурдаро хатм намудам. Солҳои 1979 - 1981 дар сафи қувваҳои Армияи Советӣ хизмат намудам. Моҳи ноябри соли 1981 шунавандаи Донишкадаи давлатии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко ва соли 1982 баъди бомувафақият супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба курси якуми шуъбаи рӯзонаи факултети саноатию омӯзгорӣ дохил шуда, соли 1986 факултети номбурдаро хатм намудам.

Баъди хатми Донишкадаи  давлатии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, фаъолияти кориамро дар мактаби миёнаи №49-и  ноҳияи Ленин ҳозира Рӯдакӣ оғоз намудам. Аз соли 1987 то соли 1995 дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Ванҷ ба сифати муаллими таълими меҳнат фаъолият намудам. Соли 1995 дар шӯъбаи таъминотӣ коргарии Назорат ба барқ (Энергонадзор) ба сифати таъминотчӣ ва аз соли 2002 то соли 2004 дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии №12-и ноҳияи И. Сомонӣ ба сифати муаллими касбу ҳунар фаъолият намудам.

Аз солҳои 2004-2012 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, дар вазифаҳои ассистенти кафедраи «Механикаи техникӣ ва нақшакашӣ», муаллими калони кафедра, ҷонишини декан оид ба тарбия, методисти шӯъбаи ғоибона кору фаъолият намудам. Соли 2012 рисолаи номзадиамро дифоъ намуда, соли 2013 тариқи озмун ба вазифаи мудири кафедраи «Технология ва механикаи амалӣ» таъин  гардидам.

Айни ҳол дар вазифаи мудири кафедраи мазкур кор ва фаъолият дорам.

Оиладор соҳиби 4 фарзанд мебошам.

 

Технология ва механикаи амалӣ

 

Кафедраи «Технология ва механикаи амалӣ» 1-уми сентябри соли 1977 дар назди факултети «Саноатию омӯзгорӣ» бо номи кафедраи «Механикаи техникӣ ва  нақшакашӣ» таъсис дода шуд.

Аз рӯзҳои аввали  таъсисёбӣ дар кафедра 1 дотсент, 4 муаллими калон, 2 муаллим, 1 устои таълимӣ, 1 лаборант, ҳамагӣ 9 -нафар фаъолият мекарданд.  То моҳи апрели соли 1978 Поташников К.Л., иҷрокунандаи  вазифаи мудири кафедраро ба ӯҳда дошт. Баъд аз гузаштани озмун моҳи апрели соли 1978 мудири кафедра,  дотсент, Захарова Г.Г  таъйин гардид.  Соли 1977 дар кафедра дотсент, Захарова Г.Г., номзадҳои илм,  Гутман Б.Е., Андрианов И.П., муаллимони калон,  Поташников К.И., Максумов Б.И., муаллимон, Ҳусниддинова Н.У., Тхостова А.А., Мансуров А.Г.,  Абдиев Х.Х.,  Кондратьев В.И.,  Рослова Н.П.,  Шарипов Т.,  Федорина А.С.,  Тихонова Л.Ф.,  кору фаъолият мекарданд.  Дар соли таҳсили 1977 муаллимон аз фанҳои муқовимати масолеҳ, механикаи назариявӣ, назарияи мошин ва механизмҳо, ҷузъи мошин, буриши масолеҳ, геометрияи тасвирӣ нақшакашӣ ба донишҷӯён дарс мегузаштанд.

Дар кафедра маҳфилҳои «Технологияи масолеҳи конструксионӣ», «Буриши масолеҳ», «Нақшакашии мошинсозӣ» фаъолият мекарданд, ки роҳбарии онҳоро устодони  ботаҷриба  дотсент,  Захарова Г.Г.,  муаллимони калон Максумов Б.И., ва Рослова Н.П ба уҳда доштанд. Соли 1979 дар факултет таҳти роҳбарии н.и.т. муаллими калони  кафедра Гутман Б.Е. бюрои конструктории донишҷӯён (БКД) таъсис дода шуд.  Вазифаи   асосие, ки  роҳбарияти    донишкада   дар   назди бюрои конструктории донишҷӯён  гузошта буд,  ин баланд бардоштани   сатҳи корҳои  илмӣ-тадқиқотӣ  ва   илмӣ-методии  донишҷӯён бо мақсади  инкишофи   маҳорат ва  малакаи онҳо  буд, ки  донишҷӯён ин  вазифаҳоро   сарбаландона иҷро  менамуданд. Донишҷӯи бахши 2-юми шуъбаи рӯзонаи факултет Беляев Н.И.,  дастгоҳи буриши плазмавии «Офтоб»-ро дар НКХХ-и СССР пешниҳод намуда, соҳиби медали нуқра (За успехи в народном хозяйстве) гардид ва баъдтар бошад дастгоҳи «Офтоб-1»-ро донишҷӯи мазкур дар намоишгоҳи техникаи навтарин, ки бахшида ба солгарди «Навоварони  мошинсозии Осиёи Миёна ва Қазоқистон» баргузор гардида буд, ба намоиш гузошта сазовори медали биринҷӣ гардид. Дастгоҳи «Офтоб»-ро соли 1977 дар  РМЗ-4-и ноҳияи Ёвон ва соли 1978 дар заводи сементбарории шаҳри Душанбе ба истифода додаанд.  Соли 1979  дар  бюрои конструктории донишҷӯён  стенди   ҳолатҳои дохилшавии метеоритҳоро ба атмосфераи системаи  сайёраҳои офтобӣ кор карда, онро  барои истифода  ба Донишкадаи  Астрофизикаи Тоҷикистон супориданд. Аз  соли  1980  сар   карда    аъзоёни бюрои конструктории донишҷӯён   кори   худро   оид ба   масъалаҳои  ҳимояи қисмҳои   гидроагрегатҳо  аз  вайроншавии   кавитатсионӣ ва абразивӣ ба роҳ монданд.

Равияи асосии корҳои илмӣ-татқиқотии кафедра ин инкишофдиҳии асосҳои физикӣ-кимиёвӣ ва коркарди масолеҳҳои фузулотӣ бо истифодаи таъсири сели бойи ҷараён дар реҷаи пай дар пай ва импулсӣ буда, омӯзгорони кафедра оиди ин мавзӯъ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Омӯзгорони кафедра Поташников К.Л., Максумов Б.И. таҳти роҳбарии муаллими калон, Гутман Б.Е. конструксияи нави плазмабарорӣ  (плазматрон) аргонӣ-камонӣ дар асоси ЭДП-104 бо ҷамъкунии камони барқӣ ба воситаи майдони магнитиро кор карда баромаданд. Омӯзгорони кафедра аз рӯи равияи проблемаҳои мошинсозӣ, коркарди масолеҳҳои фузулотӣ, дар кафедра ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ  ҷалб гардиданд.

Вобаста ба равияи илмии кафедра омӯзгорон,  Захарова Г.Г., Андрианов И.П.,  Мансуров А.Г., дар мавзуъҳои «Тадқиқоти таъсири ҳолатҳои коркарди термикӣ ба устувории корди тезбур», «Коркард ва баландбардории технологияи коркарди термикии ҷузъҳои гидравликии механизми комбайнҳои Нива ва Колос»,  «Динамикаи реҷаи ҳаракати тезгард ва мошинаҳои пурқувват ва системаи мошин» як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.

Дар кафедра бо истифода аз неруи илмии ҳайати омӯзгорон  дастгоҳҳои зерин сохта шудаанд:

Лазери неодимй.

ЛХМ-8МД.

Блоки ченкуни вақти импулсӣ дар асоси С1-49.

Реактори лазерӣ-кимиёвӣ.

Инчунин дар кафедра мувофиқи нақшаи таълимии ихтисосҳои амалкунанда таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ бо донишҷуёни бахши 4уми шуъбаи рузонаи факултет ба нақша гирифта шуда буд, ки таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ дар корхонаҳои истеҳсолии «Торгмаш» ва  корхонаи «Тоҷиктекстелмаш» -и шаҳри Душанбе гузаронида мешуд. Донишҷӯёни таҷрибаомӯз дар шароити истеҳсолот ҷараёни технологияи муосиро аз худ карда, истифодабарии асбобу дастгоҳҳо, идоракунии корхона ва ғайраро меомухтанд. Тайи солҳои охир дар кафедра омӯзгорон  н.и.ф Ҷанобилов Қ (шодравон).,  н.и.т. Миррахматов С., н.и.п. Додоҷонов А., муаллимони калон Поташников К., Раҳмонов А., ассистент Садирова Ҳ., лаборантҳо Бозорова Г., Бекмуродова Ш, устоҳои таълимӣ Ҳабибуллоев М  ва Додоҷонов И кор мекарданд.

Тибқи фармони ректори донишгоҳ таҳти №178ОД аз 29.04. 2013 оид ба тағйири номи факултет ва кафедраҳо кафедраи «Механикаи техникӣ ва нақшакшӣ» аз 24.04.2013 «Технология ва механикаи амалӣ» номгузорӣ карда шуд.

Дар назди кафедра кабинетҳои механикаи назариявӣ, нақшакашӣ, буриши масолеҳ ва лабараторияи технологияи плазмо-лазерӣ таъсис дода шуда, бо асбоб ва  дастгоҳҳои зарурӣ ҷиҳозонида шуда буданд. Ҳоло дар кафедра кабинетҳои нақшакашӣ, ҷузъи мошин, механикаи назариявӣ,  муқовимати масолеҳ, буриши масолеҳҳо, назарияи мошин ва механизмҳо амал мекунанд, ки ба талаботи имрӯза пурра  ҷавоб дода метавонад.

Муаллимони кафедра аз  рӯи 16 фанни таълимӣ дар факултет ба донишҷӯён дарс мегузаранд, ки ин фанҳои  геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ; механикаи назариявӣ; санъати тасвирӣ;  муқовимати масолеҳ; ҷузъи мошин; назарияи мошин ва механизмҳо; буриши масолеҳ дастгоҳҳо ва асбобҳо; асосҳои стандартикунонӣ ва ченкунии техникӣ, санадҳои меъёри ва китобҳои дарсии фаннӣ, роҳнамоии касбӣ ва касбинтихобкунӣ, моделсозии графикӣ, асосҳои рӯзғордорӣ, нақшакашии муҳандисӣ, психологияи муҳандисӣ, графика ва дизайни компютерӣ, амсиласозӣ ба воситаи компютер  мебошанд. Дар соли 2012 бо тақозои замон зарурияте ба миён омад, ки барномаҳои таълимии кафедраро баҳри рушду нумӯи истеъдод, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ба меъёрҳои ҳозиразамон мутобиқ намояд. Бинобар ин дар як муддати кӯтоҳ бо роҳбарии мудири кафедра Убайдов С нақшаҳову барномаҳои таълимӣ ва силабусҳо аз фанҳои кафедра: Асосҳои санъати тасвирӣ, нақшакашии муҳандисӣ, назарияи механизму мошинҳо, асосҳои нақша ва нақшакашӣ, моделсозии графикӣ. назария ва амалияи буриши масолеҳ, раҳнамои касби ва кабинтихобкунӣ барои шӯъбаҳои рӯзонаву ғойибона бо забони давлати аз сари нав таълиф ва танзим шудааст, ки ҳоло мавриди барабардории устодон қарор доранд. Аъзоёни кафедра барои баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас ва беҳтар намудани сифати тайёр кардани муаллимони фанҳои технология ва нақшакашӣ, дониши худро такмил дода истодаанд.

Натиҷаи муҳимтарини илмӣ дар кафедра (соли  2012) ин бомувафақият ҳимоя намудани рисолаҳои номзадии аъзоёни кафедра  Убайдов С ва Алиев А.Ҳ мебошад.

Имрӯз дар кафедра омӯзгорон  н.и.т.Убайдов С, н.и.п.Алиев А.Ҳ. омӯзгори калон, Одинаев Қ ва  як лаборант Султонова М кору фаъолият мекунанд. Аз соли 2012 инҷониб сарварии кафедраро н.и.т. Убайдов С.О. ба ӯҳда дорад.

Номгӯи китоби дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ,  ки аз ҷониби омӯзгорони кафедра дар солҳои гуногун ба чоп расонида шудааст.

  1. Методические указания и контрольные задания для студентов-заочников педагогического института. По теоретической механике.1987г, 48стр.
  2. Шарипов Т.С., Мансуров А.Г.. Мирзоқандов Г.Р., Абдуллоев Ш.А. Методические указания к выполнению заданий по черчению на тему: «Сборочный чертеж» для ИПФ, Душанбе 1989г.,43стр.
  3. Абдиев Х.Х. Методическое пособие по теории машин и механизмов для студентов заочного обучения. Душанбе. 1991г.,10стр.
  4. Методическое пособие для курсового проектирования по «Деталем машин», (Расчет каническо- цилиндрического редуктора). Душанбе.1991г,47стр.
  5. Методическое пособие для курсового проекта по «Деталем машин». Проектирование двухступенчатого зубчатого цилиндрического соосным редуктора Душанбе 1991г.,23стр.
  6. Методическое пособие по «Деталем машин» Расчет ременной передачи.Душанбе 1991г.,7стр.
  7. Бобоев О.Ш. Индрустрия педагогик факультетинг 1,2-нчи курс талабалари учун мустақил ишдан синов ӯтказиш ишларида қӯлланиладтган ҳисоблаш машинасида бажаралидиган методтк қӯлланма. Душанбе.1993с 16саҳ.
  8. Давлатов А.Ҳ. Учебное пособие для сомостоятельной работы студентов специальности 0302 по курсу «теория механизмов и машн» Душанбе 1993,25саҳ
  9. Давлатов А.Х дастури методи барои корҳои амалияви донишҷӯёни ихтисоси 03 02 аз бахши «Назарияи механизмҳо ва мошинҳо».Душанбе 1993,38саҳ.
  10. Методические указания (част 1) для выполнения сомостоятельной работы по черчению студентами 1-го курса индустриально педагогического факультета. Душанбе 1993г,55стр.
  11. Методические указания (част 11) для выполнения сомостоятельной работы по черчению студентами 2-го курса индустриально педагогического факультета. Душанбе 1993г, 17стр.
  12. Миррахматов С.Ш. Поташников К.Л. Аюбов А.С. Сопротивление материалов. Методические пособие к выполнению контрольных и самостоятельных работ для студентов дневного и заочного обучения ИПФ.Душанбе 1998г. 41стр.
  13. Программы педогогических университетов. (Составители Рузиев Ш.М. Джанобилов Қ., Исломов С. МиррахматовС.Ш., Сайфиддинов М). Душанбе 2000г 39стр.
  14. Додоҷонов А.А., Атахонов М.Т, Одинаев Қ. Мухторова Г. Корҳои амалӣ аз геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ. (Воситаи таълимӣ) қисми-1 Душанбе 2003с., 41саҳ.
  15. Миррахматов С.Ш., Додоҷонов А.А. Корҳои лабараторӣ аз фанни муқовимати масолеҳҳо. Душанбе 2004с.,41саҳ.
  16. Убайдов С., Сайфудинов М., Одинаев Қ., Сангов Н.Н.  Буриши масолеҳ, дастгоҳ ва асбобҳо (дастури таълимӣ барои кори мустақилонаи донишҷӯён) Душанбе 2009 с., 105 саҳ.
  17. А.Азизов, С.Раҳимов, М.Нуриддинова, А. Додоҷонов, М. Қосимов Технология (китоби дарсӣ барои синфи10 Душанбе, «Мавлавӣ», 2011. 224 саҳ)
  18. Сангов Н.Н., ҒозиевХ.Р, Алиев А. Роҳнамоии касбӣ (дастури таълимӣ-методӣ). 2015/
  19. Убайдов С., Сайфудинов М. Муминов Ф., Додоҷонов А. Машғулиятҳои амалӣ аз фанни назарияи буриши филизот. 2016.

Омӯзгорон






Алишер Алиев
дотсенти кафедраи технология ва механикаи амалӣ
Тел: 935 94 00 55
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript











Қурбоналӣ Одинаев
Муаллими калони кафедраи технология ва механикаи амалӣ
Тел: 907 72 98 34
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru