• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон

Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ яке аз ташкилотҳои бонуфузе маҳсуб меёбад, ки аз рӯзи ба фаъолият оғоз намудани донишгоҳ то инҷониб арзи вуҷуд дорад. Кумитаи иттифоқи касаба дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо», «Дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ», «Кодекси меҳнати ҶумҳурииТоҷикистон» дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҷумҳурӣ, Оиннома ва Низомномаи иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шартномаи коллективӣ байни раёсати донишгоҳ сурат мегирад.

Бояд қайд намуд, ки Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ дар ҳайати худ 817 аъзо дошта дар 27 ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба муттаҳид гашта фаъолияти худро пеш мебаранд Дар соли 2016 Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 5 Раёсати Кумита,23  маҷлиси комиссияи ҳифзи иҷтимоӣ - фарҳангӣ ва варзишию солимгардонӣ гузаронида аз рӯи масъалаҳои муҳокима шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар муддати  сол ба суроғаи Кумита  73 пешниҳод, 133     ариза ворид гашт, ки аз ин миқдор 24 нафар барои кӯмакпулӣ 47 ариза барои хобгоҳ, 2 аризаи шикоятӣ аз ин яке шифоҳӣ ,47 ариза барои роҳхат ба осоишгоҳҳову истироҳатгоҳҳо ,11 аризаи волидайн барои фиристодани фарзандонашон ба истироҳатгоҳи берун аз шаҳрии «Чайка» воқеъ дар ноҳияи Варзоб, 2 ариза барои қитъаи замин ва боқимонда аризаҳо мазмунҳои гуногунро дошта ва дар муҳлатҳои муайян гашта мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Аз миқдори аризаҳои барои хобгоҳ ворид шуда, вобаста ба шароиту имкониятҳои ҷойдошта  12  нафар ба хобгоҳ таъмин гардиданд ва беш 57 нафар   дар навбати хобгоҳ истодаанд. Алҳол дар хобгоҳи рақами № 9  112 оила беш аз 120 нафар омӯзгорону кормандон истиқомат доранд.

Дар ин давра Кумита дар якҷоягии раёсат масъалаҳои муҳими ҳифзи иҷтимоӣ, муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ, таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва иқтисодию хоҷагидории донишгоҳро дар маҷлисҳои гуногуни кумита ва раёсат мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода буданд. Аз ҷумла, оиди рафти татбиқи Дастурамали ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар зерсохторҳоро санҷида баромаданд. Маълум гашт, ки дар факултетҳо, шуъбаҳо оиди ин масъала диққати ҷиддӣ дода маҷлисҳо доир намуда, Дастурамалро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Ва дар ҳар се моҳ аз тарафи кормандони ҳифзи меҳнат ин масъала мавриди санҷиш қарор дода мешаванд. Ҳамзамон ин масъала аз тарафи кормандони Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ моҳи ноябри соли ҷорӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, он мусбӣ арзёбӣ гардид..

Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба варақаи корношоямии устодону кормандон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ва дар асоси тағйиру иловаҳо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни зикр ёфта аз 1.08.2012 таҳти №893 ва дигар санаду меъёрҳои мавҷуда ва ҳамзамон Фармоиши Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз 01.10.2012 таҳти №94 вобаста ба ворид гардидани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» такя намуда онро сармашқи кори худ дар ин самт қарор додаанд.

Дар тӯли ёзда моҳи сипаришуда 39 – нафар варақаи корношоямӣ пешниҳод намуданд, ки аз ин шумора 29 – нафар бо бемории ҳомиладорӣ, 4 – нафар бо бемории фишор баландӣ, 6 – нафар бо бемориҳои ренофренгит, острохандроз, музмаини тарбоди дил ва ҷоғар бистарӣ гардидаанд.

Дар маҷмӯъ рӯзҳои варақаҳои корношоямӣ 4047 – рӯзро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 3936 – рӯзро бемории ҳомиладорӣ ва 111 – рӯзи боқӣ бемориҳои гуногунро дар бар мегирад.

Варақаи корношоямӣ дар асоси тағйиру иловаҳои дар боло зикр ёфта, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ба андозаи фоизи пардохти муайян гардида, яъне 60% 4 – нафар, 70% 6 – нафар ва100% 29 – нафар дода шудаанд.

Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ минбаъд низ дар асоси санаду меъёрҳои ҳуқуқи оид ба кӯмакпулиҳои варақаи корношоямӣ кору фаъолити хешро ба роҳ монда дар амали гаштани сиёсати иҷтимоии давлат саҳми худро мегузорад.

Оиди қоидаҳои тартиботи дохилидонишгоҳӣ низ санҷида мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар муддати 1сол 24 адад аризаю пешниҳодҳо аз номи факултетҳо, кафедраҳо сохтору зерсохторҳо оиди ҳавасмандгардонии пулию молӣ ва шахсони алоҳида расид, ки он иҷро гардида,маблағи 5300 сомониро ташкил дод. Кумита дар давоми сол як қатор чорабиниҳои маданӣ- тарбиявӣ аз қабили рӯзи Артиши миллӣ, рӯзи Модар, Наврӯзӣ, рӯзи Истиқлолият дар якҷоягӣ бо Раёсати донишгоҳ саҳм гирифта, дар ин самт 16500 сомонӣ харҷ намудааст. Ҳамчунин бо ташаббуси Кумита коллективона ба консерти артисти шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон таҳти унвони «Хаймаи Хаём»ширкат намуда,барои харидории чипта 2000 сомонӣ масраф карда аст.

Боғи агролаборатории донишгоҳ воқеъ дар  дараи Ромит ҳар сол маҳсулоти истеҳсолии он ба кормандони донишгоҳ ва берун аз он ба мизоҷон пешниҳод карда мешавад.

Баҳри қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонидан кормандони боғ маҳсулотҳои гуногунро бо нархи арзон нисбат ба бозор пешкаши устодону кормандон мегардонанд. Дар давоми сол бо маблағи 58165 сомонӣ маҳсулот фурӯхта шудааст.

Кумита дар масъалаи санитарию гигиении ошхонаҳо, буфет, дорухона, сехи пирожкипазӣ, мағозаи хӯроквории хобгоҳро дар якҷоягии сардухтури бунгоҳи тиббӣ Шарифова Меҳриниссо бо иштироки сардори шуъбаи хӯроки умумӣ соли сипари шуда рейдҳои якҷоя ташкил карда, ин масъаларо мавриди санҷиш қарор додем.

Яке аз масъалаҳои дигари Кумита ин расидан ба арзу шикоятҳои устодону кормандон мебошад. Чуноне, ки маълум аст дар ҳамаи факултетҳо кафедраҳои умумидонишгоҳӣ қуттиҳои арзу шикоятҳо насб карда шудаанд, ки ҳаррӯзи охири ҳафта арзу шикоятҳои дар қуттиҳо буда, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода мешуданд.Вале баъдан ягон кас тавассути қуттиҳои шикоятӣ муроҷиат накарданд.

Оиди интизоми меҳнат Кумита дар якҷоягии сардори шуъбаи кадрҳо Каримова Меҳриниссо пайваста ин масъаларо пайгирӣ намуда, ҳолати омаду рафти устодону кормандонро қариб ҳаррӯз назорат мебаранд ва бо ҳар кадоми деромада суҳбати алоҳида гузаронида мешаванд.

Дигар масъалаи аз ҳама муҳим ин рафти иҷроиши Шартномаи дутарафаи меҳнатӣ мебошад. Раёсати Кумита мунтазам баҳри амалигардонии банду бастҳои Шартномаи меҳнатӣ кӯшиш ба харҷ дода, дар ин ҷода муваффақ ҳам шудаанд.

Дигар масъалае, ки дар Шартномаи меҳнатӣ зикр гардидааст ин муайян кардани ҷойҳои кории зараровар буд, ки он ҳалли худро ёфт. Муайян карда шуд, ки ҷойи кори 15 нафар зараровар дониста шуда ,ба музди маоши онҳо 12% иловапулӣ додан бо раёсат мувофиқа карда шуд.

Имрӯзҳо бештар омӯзгорону устодон асосан барои дар хобгоҳ зистан, қисман барои кӯмакпулӣ ёрӣ расонидан, барои дарёфти қитъаи замини назди ҳавлигӣ ва ба мукофотҳои давлатию соҳавӣ сарфароз гардонидани устодон муроҷиат менамоянд. Дар баробари ин Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон дар якҷоягӣ бо раёсати донишгоҳ  ба унвони раисони шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Норак, Рӯдакӣ,Файзобод барои дастрас намудани қитъаи замин бо мактуб муроҷиат намудем.

Оид ба ҷойхои зараровар дар донишгоҳ бисёр корҳо ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2002 , № 521 ва аз 17.12.2007,№658,Шартномаи коллективӣ байни раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон барои солҳои 2013-2017 аз 15-уми феврали 2013 боби 2 қисмати 2.3.2,ба касбу корҳое, ки шароити меҳнатии онҳо барои корманд зараровар ҳисобида шудаанд, тибқи талабот иловапулӣ ва дигар имтиёзҳо муайян карда шудаанд. Дар замони Истиқлолият бо беҳтар гардидани вазъи иқтисодӣ ба масъалаи зикр гардида рӯ оварда, дар асоси қарори конференсияи коллективи меҳнатӣ аз 15.02.2013,№1 ва қарори Шӯрои олимон аз 30.04.2014,№6\4 дар донишгоҳ  номгӯи ҷойҳои зараровар муайян ва тасдиқ карда шуда буданд.Бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 07.04.2016 №154-ОД ба 15 нафар кормандоне ки ҷойи кории онҳо зараровар ҳисобида шудаанд ,ҳар моҳ-ҳар моҳ ба қадри 12%  иловапулӣ дода мешаванд,ки дар қатори онҳо қисман муаллимон ва кормандони факултетҳои физика  химия ва хоҷагӣ низ мебошанд.

Ҳамаи дархосту муроҷиатҳои устодону кормандон оид ба кам будани маош ва  ё мукофотпулии омӯзгорон дар мувофиқа бо раёсати донишгоҳ ҳалли худро ёфтаанд. Бештар устодон ба таври шифоҳӣ оид ба масъалаҳои гуногун муроҷиат менамоянд ва сари вақт ҳалли худро меёбад. То ҳол, ягон қарору фармоиши раёсати донишгоҳ ба муҳокима ё баррасӣ кашида нашудааст дар ҳама қарору фармоишҳо раёсати донишгоҳ агар ягон нофаҳмоӣ ё мушкилот ҷой дошта бошад, барои мувофиқа аз нав баррасӣ карда мешаванд. То имрӯз тамоми мушкилотҳои пайдогардида ба таври корӣ ва дар чорчӯбаи талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунанда ва эҳтироми байниҳамдигарӣ ҳалли худро ёфтаанд.

Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон минбаъд низ баҳри амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ доир ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон дар донишгоҳ кӯшиш намуда, ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити корӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодию иҷтимоии аъзоёнаш фаъолияти худро равона менамояд.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru