• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ






Насриддин Олимов,
Мудири кафедра,
доктори илмҳои филологӣ, профессор
Телефон: (+ 992)
93 592 86 90
Email:
Nasriddin.Olimov@mail



Олимов Насриддин Солеҳович. 20.04. 1961 дар вилояти Суғд ноҳияи Айнӣ деҳаи Каздон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1968 ба мактаби миёнаи №5-и ноҳияи Айнӣ қадам ниҳода соли 1978 мактаби мазкурро хатм намудааст. Солҳои 1978-1980 ба сифати омӯзгор фаъолият намуда соли 1980 ба сафи қушунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда то соли 1982 дар вилояти Москва шаҳри Калома хизмат намудааст. Соли 1983 ба  факултаи Саноатию омӯзгорӣ Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко дохил шуда то соли 1987 дар факултаи мазкур таҳсил кардааст. Донишгоҳро бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ хатм намудааст. Дониши хубу аъло ва рафтори намунавии ӯро ба назар гирифта бо тавсияи декани факулта шодравон Пелпенко Г.Я. Ӯро барои кор ба факулта тавсия намуданд. Пас аз хатми донишгоҳ бо роҳхат дар кафедраи фанҳои умумитехникӣ ба сифати ассистенти кафедра ба кор монда шудааст.  Солҳои 1987-1990 ассистенти кафедраи Фанҳои умумитехникии факултети «Саноатию омӯзгорӣ» донишкадаи омӯзгорӣ шуда кор кардааст. Соли 1990 ба коромӯзии яксола ба пажуишгоҳи кимиёи академияи илмҳои Xумҳурии Тоҷикистон рафта бо усулҳои гузаронидани татқиқотҳои илмӣ оиди омӯзиши равандаи оксидшавӣ шинос шуда татқиқотҳо гузаронидааст. Соли 1991 ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи пажуишгоҳи кимёи Академияи илмҳои Xумҳурии Тоҷикистон дохил шуда таҳти роҳбарии   академики академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаниев И.Н. корҳои илмию татқиқоти бурда дар мавзӯъи «Оксидшавии қӯлаҳои алюминий–кремни, алюминий-германий, алюминий-қалъагӣ дар ҳолати моеъгиашон» соли 1994 рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Пас аз дифои рисолаи номзади ба кафедра баргашта  солҳои 1994-1998 ба ҳайси муаллими калони кафедраи фанҳои умумитехникии донишкадаи омӯзгорӣ кор кардааст. Дар солҳои 1995-1999 ҷонишини декан оид ба корҳои таълимӣ факултети мазкур фаъолият намудааст. Аз соли 1998 то инҷониб дотсенти кафедраи «Технология ва мошиншиносӣ» мебошад. Аз соли 2000 то соли 2007 раиси шӯрои кураторони донишгоҳ шуда кор кардааст. Аз 1 июни соли 2008 ба тариқи озмун мудири кафедраи «Технология ва мошиншиносӣ» интихоб шудааст. Ӯ муалифи зиёда аз 60 корҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад аз ҷумла  2 кашфиёт (патент) 5 дастури методӣ ва 5 барномаи таълимӣ барои донишҷӯёни факултаи мазкур таҳия ва чоп намудааст. Олимов Н.С. дар бисёр симпозиуму конфиренсияҳои байналхалқӣ аз ҷумла, дар шаҳрҳои Москва, Суздал, Одесса, Екатеринбург баромадҳои пурмуҳтаво намуда аз дастовардҳои илмии худ гузориш додааст. Натиҷаи корҳои илмӣ- тадқиқотиаш дар журналҳои бонуфӯзи Россия ба монанди «Метали» ва «Расплави» чоп шудаанд. Дар давоми фаъолияти худ дар донишгоҳ ӯ барои тайёр намудани мутахасисони соҳаи омӯзгорӣ олимони ҷавон саҳми арзандаи худро гузоштааст. Барои меҳнати пурсамару бенуқсонаш дар тарбия намудани ҷавонон бо ифтихорномаи Вазорати маориф соли 1998 ва унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» соли 2002 сарфароз карда шудааст.

 

Технология ва мошиншиносӣ

Кафедраи мазкур аз соли 1957 дар назди факултети «Риёзиёт ва физика» бо номи кафедраи «Асосҳои истеҳсолот» таъсис ёфтааст ва дар давоми фаъолияти худ ба як қатор муваффақиятҳои моддию техникӣ ноил гашта, садҳо мутахассисони баландихтисоси омӯзгорию муҳандисиро барои соҳаҳои гуногуни халқ тайёр кардааст.

Соли 1970 бо талаботи замон факултети риёзиёту физика ба ду факултети мустақил ҷудо шуд ва кафедраи асосҳои истҳсолот дар заминаи факултети физика фаъолияти худро давом дод, ки сарварии онро (дар солҳои 1960-1968) мутахаcсиси шинохта, собиқ полковники артиши шӯравӣ Локшин С.Л. ба ӯҳда дошт. Маҳз таҳти роҳбарии ӯ таълими политехникӣ ба як зинаи баланди омӯзиш табдил ёфт. Дар ин давра устухонаҳои коркарди чӯбу филизот такмил ёфта, истифодабарии онҳо васеъ карда шуд. Устохонаҳои челонгарӣ, коркарди чӯбу тахта,  коркарди шиша ва коркарди қоғазу матоъ, лабораторияи технологияи филизҳо бо дастгоҳҳои нави саноатӣ таҷҳизонида шудаанд.

Соли 1975 факултети физика ба ду факултаи мустақил «Физика» ва «Саноатӣ - омӯзгорӣ» ҷудо шуданд. Кафедраи «Асосҳои истеҳсолот», ки дар ҳайати факултети физика фаъолият мекард ба ду кафедра ҷудо карда шуд ки инҳо кафедраи  фанҳои умумитехникӣ ва методикаи таълимӣ фанҳои умумитехникӣ буданд. Аз соли 1975 фаъолияти кафедраи фанҳои умумитехникӣ таҳти сарварии Каримов Н.К. ба тарзи кулли тағир  ёфт.

Бо мақсади самаранок  ташкил намудани раванди таълим як қатор таҷҳизотҳои таълимию татқиқотӣ, воситаҳои техникӣ ва технологӣ, комплекси мошинҳои кишоварзию нақлиётӣ, ба монанди трактори ДТ-75М, Т-28Х4, заминнармкунандаи КРХ-4, дорупошаки ОТМ-4-8, мошини куракҷамъоварии СКО- 4, пахтабардори ПХН-1,2, ворохтозакуни УПХ- 4, таҷҳизоти махсус барои ҷӯйборканӣ, заминҳаворкунаки КЗУ-03, муқашаркунак, алафдарав ва ғайрҳо ба кафедра дастрас гардонида шуданд.

Бо кӯмаки раёсати донишгоҳ ва Вазорати маориф ва илм кабинетҳои мошинҳои кишоварзӣ, омӯзиши автомобилу тракторҳо, электротехника ва электроника, технологияи масолеҳи конструксионӣ, истифода ва таъмири саройи мошину тракторҳо, гидравлика, техникаи гармоӣ бо мошинҳои гармоӣ баъдтар лабораторияи радиоэлектротехника бо техникаи ҳозиразамон ва воситаҳои методию моделҳои бешумори саноатию асбобҳои айёнӣ, воситаҳои техникӣ таҷҳизонида шуданд.

Корҳои илмӣ- методӣ дар кафедра, таҳти роҳбарии устодон Н.К. Каримов ва Олимов Н.С. маҷрои тоза пайдо намуд. Бо ташаббуси муаллимони ҷавони кафедра ва донишҷӯён «Бюрои конструктори-татқиқотии донишҷӯён (БКТД)» фаъолияти худро оғоз намуд. Дар шароити мавҷудияти лаборатория БКТД хосиятҳои физикӣ- механикӣ, кимиёвӣ ба соишу коррозия тобоварии маводи полимерию филизот омӯхта мешаванд. Имрӯзҳо омӯзгорони кафедра  Олимов Н.С.,  Каримов Н.К.., Ширинов М.,Ҷобиров М.Т,.бо корҳои илмӣ- татқиқотӣ дар ин бюро машғул мебошанд. Дастовардҳои корҳои илмӣ-татқиқотии аъзоёни кафедра дар мақолаҳои илмию методӣ инъикос ёфта, дар конфренсияҳои илмии умумиитифоқӣ, Ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ шунида ба табъ расонида  шудаанд.

Дар кори таълиму тарбия ва ба табъ расонидани дастуру воситаҳои таълимӣ, ҳиссаи омӯзгорони кафедра, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Н.К. Каримов, дотсентон Андрианов И.П., Муҳиддинов Х., Захарова Г.Г., Пелипенко Г.Я., Яхёев Г.Я., Рӯзиев Ш.М.,  Мисров С., Олимов Н.С., Мансуров А.Г., Миррахматов С. Ш.,  омузгорони калон Иброгимов С. С., Паршина Н.В. , Раҳмонов А.ва дигарон калон мебошад.

Аз соли 1990 кафедра бо донишкадаи  кимиёи АУ Ҷ.Т. Лабораторияи масолеҳи ба корризия тобоварӣ ҳамкори дорад. Дар ин самт корҳои зиёди илмӣ- татқиқоти бо роҳбарии академики АУ. Ҷ.Т. Ғаниев И.Н. ва кормандони кафедра ба сомон расонида шуданд. Дар натиҷаи ин татқиқотҳо аъзоёни кафедра Назаров Х., Шамсиддинов Ҳ., Ҷабборов Б.Б., Олимов Н.С. Бадалов М.Д., Ғаниева Н.И. рисолаҳои номзади худро ҳимоя намуданд  ва  ин ҳамкори то ба имрӯз идома дорад. Дар ин лабаратория имрӯз омӯзгори калони кафедра Ширинов М.Ч. ва мудири кафедра Олимов Н.С. бо корҳои илмию татқиқоти машғул мебошанд.

Равияи илмии  кафедра, ки «Оксидшавии хулаҳои алюминий бо элементҳои зергурӯҳи силитсий дар ҳолати сахтӣ»  мебошад дар  лабораторияи масолеҳи ба корризия тобоварӣ  институти химия  иҷро карда мешавад.

Бо мурури замон ва талаботи ҷомеъаи нави ҳуқуқбунёд лозим омад, ки системаи омӯзгорӣ мазмуни таълимоти касбиро ба муносибатҳои иқтисодӣ-технологӣ мутобиқ кунонида шавад. Бинобар ин таи солҳои охир зарурияти тағйир додани самти таълимии зинавӣ ба миён омад. Барнома ва нақшаҳои таълимӣ иваз карда шуданд. Бинобар ин номи кафедра низ тағйир ёфта ба кафедраи «Технология ва мошиншиносӣ» табдил ёфт. Дар кафедра ду лабаратория ,лабараторияи технологияи масолеҳи канструксионӣ ва электротехника ва электроника инчунин ду кабинети фани аз фанҳои мошинҳои соҳаи кишоварзӣ ва технологияи нақлиёт фаъолият менамоянд,ки онҳо бо макет ва дигар  таҷҳизотҳои замонавӣ ба пурраги таҷҳизонида шудаги мебошанд.

Имрӯз дар кафедра як нафар профессор Н.К. Каримов як нафар дотсент Олимов Н.С. як нафар омузгори калон Ширинов М., Ч  як нафар ассистент.Ҷобиров Умед., ва як нафар лаборант  Саидова Г. фаъолият менамоянд. Аз соли 1974 то соли 1989 вазифаи мудири кафедраро профессор Каримов Н.К. иҷро намудааст.  Солҳои 1990 то соли 1994 ин вазифаро дотсент Муҳиддинов Х.М .иҷро намудааст.Аз соли 1994 то соли 2008 вазифаи мудири кафедра  профессор Каримов Н.К. иҷро намудааст. Аз соли 2008 сарварии кафедраро  номзади илмҳои химиявӣ  дотсент Олимов Н.С. ба дӯш дорад.Омӯзгорони кафедра ба ихтисосҳои Технология ва соҳибкорӣ,Технология. Омӯзгор муҳандис. Технология. Агромуҳандис. ва Технология. Дизайни маҳсулоти дузандаги  аз фанҳои технологияи масолеҳи канструксионӣ, технологияи нақлиёт, мошинҳои соҳаи кишоварзӣ, электротехника ва электроника, масолеҳшиносӣ асосҳои автоматикунонии комплекси агросаноати,истифодабари ва таъмири автомобилҳо, асосан дарс мегӯянд.

 

Омӯзгорон






Нусратулло Каримов
Профессори кафедраи технология ва мошиншиносӣ
Тел: 93 501 12 08, 917 26 51 12
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript










Мирқурбон Ширинов
Омӯзгори калони кафедраи технология ва мошиншиносӣ
Тел: 93 548 80 64













Ҷобиров Умед
ассистенти кафедраи технология ва мошиншиносӣ
Тел: 90 450 26 67







 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru