• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ





Баҳриддин Хайруллоев,
мудири кафедраи эстетика ва тарбияи
меҳнатии  ханандагони синфҳои ибтидоӣ,
номзади илмҳои  педагогӣ, дотснет
телефон:2-38-13-49; мобилӣ: 900224481


 

Хайруллоев  Баҳриддин зодаи  деҳаи  Ҳаитакӣ  н.Файзобод аз хонадонӣ зиёӣ мебошад. Соли 1962-1972  дар  мактаби  №15-и  н.Файзобод таҳсил намудааст. Солҳои 1972-1973 Пионервожат ва муаллими мусиқии мактаби №15-и н.Файзобод мебошад. Хайруллоев   Баҳриддин   номзади  илмҳои   педагогика, дотсент, и.в мудири кафедраи эстетика ва  тарбияи меҳнатии хонандагони синфҳои ибтидоии факултаи таҳсилоти ибтидоии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, соли таваллудаш 1956, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Хайруллоев Б  соли 1977 Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро бо ихтисоси  муаллими мусиқӣ ва суруд хатм намуда, мувофиқи роҳхат ба ноҳияи Ҷиргатол, (ҳоло Лахш)ба вазифаи директори мактаби  мусиқӣ ба кор фиристонида мешавад.

Аз моҳи майи соли 1978 то моҳи ноябри соли  1979 дар сафи собиқ Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Аз моҳи январи соли 1980 то сентябри соли 1983 дар мактаби мусиқии  ноҳияи  Файзобод  ба ҳайси омӯзгор ва роҳбари хори мактабӣ ифои вазифа кардааст.

Аз соли 1983 то соли 2016 дар кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ  дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон, дотсент ва соли 2003 то соли 2006 мудири кафедраи  методикаи тарбияи мусиқии факултаи  педагогикаи ДДОТ ба номи  Қ.Ҷӯраев  кор кардааст.  Аз 1-сентябри соли 2016 то ҳоло дар вазифаи иҷрокунандаи  мудири  кафедраи  эстетика ва  тарбияи меҳнатии хонандагони синфҳои ибтидоии факултети  таҳсилоти ибтидоӣ  кор мекунад.

Дар фаъолияти  омӯзгориаш  ӯ  худашро яке аз омӯзгорони ботаҷриба нишон дода, дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии факултет, донишгоҳ ва ҷумҳурӣ  фаъолона  ширкат варзида,  лауреатҳои конкурсҳои ҷумҳуриявӣ ва иттифоқӣ гаштааст, аз ҷумла;  солҳои 1977 дипломанти конкурси телевизионии «Армуғони ҷавонӣ», соли 1983 бошад дипломанти конкурсӣ  «Бустон-2», соли 1987 лауреати конкурси умумиииттифоқии  «Песня-87» ва  аълочии Маориф ва илми ҷумҳурӣ  гардидааст.

Хайруллоев Б  аз фанни методикаи  тарбияи мусиқӣ ва созҳои мусиқии халқӣ машғулиятҳои лексионӣ ва корҳои амалиро бо донишҷӯён дар сатҳи баланд мегузаронад. Дар конференсияҳои илмию амалии  донишгоҳӣ,  ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо гузоришҳои пурмазмун баромадҳо менамояд.

Хайруллоев Б фаъолияти омӯзгориашро бо тадқиқотҳои илмӣ пайваста идома медиҳад. Натиҷаи ҳамин меҳнатдӯстиаш буд, ки ӯ соли 2006 дар мавзӯи «Тайёрии мусиқӣ-педагогии муаллимони синфҳои ибтидоӣ дар системаи донишгоҳҳои олии педагогии Тоҷикистон» рисолаи номзадии худро бомуваффақият дифоъ  намуд.

Хайруллоев Б аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ барнома ва «Дастури таълимии методикаи тарбияи мусиқӣ дар синфҳои ибтидоӣ  ва  мактаб»-ро бо забони тоҷикӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони мусиқӣ таҳия  намудааст. Ӯ  зиёда аз 100  мақолаҳои  илмӣ, илмӣ-методӣ, оҳангу сурудҳо ва дастурҳои таълимию методиро таълиф  намудааст.

Хайруллоев Б айни ҳол аъзои Шӯрои илмии факултаи таҳсилоти ибтидоӣ, куратори гурӯҳи курси  4-уми  шуъбаи МТИ ва роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Стандарти давлатӣ аз фанни суруду мусиқӣ барои мактабҳои  таҳсилоти  ҳамагонӣ  мебошад.

Асарҳои   асосӣ

1. Барнома  ва дастури  методӣ аз фанни  асбоби   мусиқӣ.  Душанбе  ДДОТ-1992

2. Барномаи  таълимӣ  аз фанни методикаи тарбияи мусиқӣ барои коллеҷҳо ва донишгоҳҳои омӯзгорӣ.  ДДОТ-2005

3.  Методикаи тарбияи мусиқӣ дар синфҳои ибтидоӣ.  Дастури таълимӣ барои донишҷӯён  ва  омӯзгорон.  ДДОТ-2006

4. Методикаи тарбияи мусиқӣ дар мактаб. Дастури таълимӣ барои донишҷӯён  ва омӯзгоронӣ  мусиқӣ.  ДДОТ-2008

5. Назария ва методикаи тарбияи мусиқӣ. Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳои  педагогӣ. АТТ-2010

6. Методикаи  таълимӣ  мусиқӣ. Дастури таълимӣ барои коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ.  АТТ-2011

7. Стандарти  давлатии  таҳсилот  аз фанни  суруд ва мусиқӣ барои синфҳои  1-4.  Душанбе  Маориф-2016

8. Барнома аз фанни  суруд  ва мусиқӣ барои синфи  1-4. Душанбе Маориф-2016

9.  Раҳнамои  фанни  суруд  ва мусиқӣ  барои  синфи  3-юм. Душанбе  Маориф-2016

10. Раҳнамои  фанни  суруд  ва мусиқӣ  барои  синфи  4-ум. Душанбе  Маориф-2016

11. Музыкально-педагогического подготовка учителей начальных классов  в  системе  высшего  педагогического  оброзования  Таджикистана (Автореферат  на  соискание ученого  степени  к п н ) Душанбе РТСУ-2006

12.  Зиёда аз 100  мақолаҳои  илмӣ-методӣ, илмӣ   ва  оҳангҳою   сурудҳо.

Суроға: ш.Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Ҷаббор Расулов 67/4,

 

КАФЕДРАИ ЭСТЕТИКА  ВА ТАРБИЯИ МЕҲНАТИИ  ХОНАНДАГОН

Кафедра бо қарори  Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи  С.Айнӣ   аз моҳи сентябри соли хониши 2016-2017 таъсис  дода  шудааст.

Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои педагогӣ дотсент Хайруллоев Баҳриддин   бар уҳда дошт.

Дар кафедра асосан аз рӯи 2-равия: методикаи фанҳо ва тарбияи зебоипарастӣ корҳои  илмӣ бурда мешавад. Дар соли аввали фаъолият устодони кафедраи навтаъсис вобаста  ба равияҳои методикаи фанҳо ва тарбияи зебоипарастӣ дар мавзӯи «Системаи  педагогии  тарбияи         мусиқӣ-зебоипарастии хонандагону ҷавонон» корҳои илмӣ-тадқиқоти буда истодаанд.

Дар кафедра маҳфили фаннӣ ба номи  «Ҳаваскорони ҷавон» амал мекунад, ки  роҳбарии  онро  м/к  кафедра  Мирзоев  Ҳ  ба  дӯш  дорад.

Аъзоёни кафедра ба ғайр аз корҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва илмию методӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ машғуланд.

Кафедра бо кафедраҳои  забон адабиёт, педагогика  психология, фалсафа  физикаи умумии донишгоҳ ва кафедраҳои  ф/т  мусиқӣ-педагогии ДДФСТ  ба номи М.Турсунзода Консерваторияи миллӣ, Колеҷи омӯзгорӣ Пажуҳишгоҳи рушди маориф  ва  Донишкадаи  бозомӯзии омӯзгорони Тоҷикистон ва ғайра робитаҳои илмию-методӣ дорад.

Ҳоло дар кафедра дотсентон Хайруллоев Б, Бойназаров Б, муаллимони  калон  Ҳабибов А, Мирзоев Ҳ, Қурбонова Г аз фанҳои тахассусӣ дарс мегуянд. Аз моҳи ноябри соли 2016 Сафарова М,  ҳамчун лабаранти кафедра фаъолият  намуда   истодааст.

 

Ҳайати профессорону омӯзгоронии кафедраи эстетика ва тарбияи меҳнатии  ханандагони синфҳои ибтидоӣ







Ҳасан Мирзоев
муаллими калони кафедраи эстетика ва тарбияи меҳнатии хонандагон
(тав:  7.05.1955)













Гулрухон Қурбонова
муаллимаи калони кафедраи эстетика ва тарбияи меҳнатии хонандагон
тав: 22.10.1973
Тел: (+992)915 27 22 21
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru