• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ҚИСМИ ТАРБИЯИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

Қисми тарбия ҳамчун сохтори мустақил бо фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.09.2000 сол таъсис дода, дар ин муддат фаъолияти онро номзади илми таърих Қурбонова Ш.И, Шарифов М., Хоркашов С, Ашрапова С., Пиров Р., Олимова М.  Ҷ.Исломова, Аминов И. роҳбарӣ намуда, ҷиҳати беҳтар кардани корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ хизмати шоистаеро ба анҷом расониданд.

Айни замон қисми тарбияро Бобокалонова Р.Н.роҳбарӣ менамояд.

Қисми тарбия аз оғози таъсисёбӣ то ба имрӯз ҳамеша дар пешбурди корҳои тарбиявӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангии донишгоҳ саҳми босазо дошта, ҳамчун сохтори ҳамоҳангсоз фаъолияти мунтазами  тамоми шуъбаҳоро дар донишгоҳ назорат намуда, масъалаҳое, ки ба соҳа марбутанд, дар робита бо  роҳбарони шуъбаҳо мавриди татбиқ ва омӯзиш қарор медиҳад.

Фаъолияти шуъба аз рӯи рукнҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, бо зерсохторҳои қисми тарбия: кор бо созмонҳои ҷамъиятӣ, созмони ҷавонон, иттифоқи касабаи донишҷӯён, бахши кор бо духтарону занон, қисми фарҳанг, кор бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда, кор бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда, дар маҷмӯъ, фаъолияти сохторҳои таркибиро  бо мақсади баланд бардоштани корҳои тарбиявӣ ва худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, ҳуқуқӣ, маърифатӣ, таъмин менамоянд.

Қисми тарбия оид ба таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷалб намудани ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ҷиҳати баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ масъул буда, онҳоро дар сатҳи назаррас мегузаронанд.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru