• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Кафедраи забони тоҷикӣ

Кафедраи забони тоҷикӣ

 

Мудири кафедра

 

Кафедраи забони тоҷикӣ аз рӯзи таъсисёбиаш (солҳои 1932-1933) то аввали солҳои панҷоҳ бо кафедраи адабиёти тоҷик якҷоя амал мекард. Дар он як зумра устодони варзида, аз қабили Л.Бузургзода, Б.Ҳоҷизода, А.Н.Болдырев, А.Мирзоев, Н.Маъсумӣ, М.Исматуддлев ва дигарон пайваста ба таълиму тадрис ва тадқиқу таҳқиқи проблемаҳои забону адабиёти тоҷик машғул буданд. Натиҷаи заҳмати пайгирона ва таммулу бурдборӣ буд, ки дар чор-панҷ соли кор эшон тавонистанд асарҳои Наҳви забони тоҷикӣ (А.Н.Беленеицкий, Б.Ҳоҷизода), Дар атрофи палеантологияи забон, Фарқи семантикии суффикси-ак, Духтархона чист? (А.Мирзоев), Фонетикаи забони тоҷикӣ, Чорбайтиҳои халқӣ ва баъзе хусусиятҳои лаҳҷаи Конибодомро (Л.Бузургзода) пешкаши аҳли назар намоянд.
Дар ибтидои солҳои чил сафи забоншиносони кафедра, ки чанде аз онҳо ба дифои ватан хестанд, аз ҳисоби дастпарварони донишгоҳи Ленинград пурра гардид, ки В.С.Расторгуева ва А.З.Резенфельд аз ҷумлаи онҳо буданд.
Минбаъд В.С.Расторгуева Лаҳҷаҳои Варзоб ва А.З.Розенфельд Лаҳҷаҳои Қаротегинро мавзӯи таҳқиқ қарор доданд. Ҷамъбасти кори онҳо дар шакли китобу мақолаҳои алоҳда (Очеркҳо оид ба лаҳҷашиносии тоҷик, ҷ. 1 ва 2, Лаҳҷҳои Қаротегин) аввали солҳои панҷоҳ аз чоп баромад.
Соли 1948 кафедраи забони тоҷикӣ мустақил шуда, сарвирии онро узви пайвастаи АУ Тоҷикистон Б.Ниёзмуҳаммадов ба ӯҳда гирифт. Н.Маъсумӣ, А.Эшонҷонов, Я.Ҳохомов, Н.Бозидов аъзоёни кафедра буданд.
Як гурӯҳ аъзоёни кафедра (Б.Ниёзмуҳаммадов, А.Эшонҷонов, М.Исматуллоев) ба омӯзиши масъалаҳои синтаксис, иддае, ба таҳқиқи забони осори бадеӣ (Н.Маъсумӣ) ва гурӯҳи сеюм ба ҳалли мавзӯъҳои методикаи таълими забон (Я. Ҳохомов, А. Эшонҷонов) машғул шуданд. Дар муддати кӯтоҳ Н.Маъсумӣ дар мавзӯи «Забон ва услуби повести «Марги судхӯр», М.Исматуллоев «Пуркунандаи бевосита дар забони адабии ҳозираи тоҷик», А.Эшонҷонов «Хабари номӣ ва тарзи ифодашавии онҳо», Н.Бозидов «Пуркунандаи бавосита» рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд. Дар кафедра аз сабаби нарасидани мутахассисон масъалаи тарбияи кадрҳои ҷавони маҳаллӣ ба миён омад ва аз ҷумлаи хатмкардагони факулта З. Мирзоева, Ҳ. Ҳакимова, Ф. Зикриёев, Ш. Рашидов, К. Қаландаров, С. Атобуллоев, П. Қурбонов, С. Иззатмуродова ба кори илмиву таълим ҷалб шудаанд, ки аксар рисолаҳои илмии худро ҳимоя карда, ба гирифтани унвони илмӣ шарафёб гардиданд.
Солҳои шаст шумораи аъзоёни кафедра зиёда аз бист нафарро ташкил медод. В. В. Яблонская, Ф.М.Алтъшулер, М. Раҳимова, М. Зиёев, Ғ. Маликов, Ҳ. Ҳамроқулов, А. Одилов, М. Давлатова, Н. Карамхудоев, Р. Қудратова, Й. Сафаров аз зумраи онҳо буданд. Ҳамаи аъзоёни кафедра зери сарпарастии мудир М. Исматуллоев дар гурӯҳҳои гуногуни таълимӣ аз бахшҳои мухталифи забоншиносӣ дарс мегуфтанд.
Кори кафедра солҳои ҳафтод боз ҳам ривоҷ ёфт. Дар ин давра чанд тан аз ҷавонон ба аспирантура дохил шуда, дар соҳаи лаҳҷашиносӣ (Ш. Исмоилов), таърихи забон (С. Анварӣ), грамматикаи муқоисавӣ (Х. Сайфуллоев), методикаи таълими забон (Қ. Сангов, С. Неъматов), забони асари бадеӣ (З. Раҳмонова), синтаксис (Шербоев С.) зери роҳбарӣ ва мададу дастгирии устодони кафедра ва олимони АУ Ҷумҳурӣ ба тадқиқ машғул шуда, рисолаҳои номзадиро барои дарёфти номзади илми филология ҳимоя намуданд.
Дар ҳамин солҳо М. Исматуллоев дар мавзӯи «Ҳол ва хелҳои он дар забони адабии тоҷик» рисолаи докторӣ дифоъ карда, ба унвони профессорӣ ноил гашт. Олимони кафедра ғайр аз шуғли илму кори таълим ба навиштани китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ низ даст заданд. Боби пуркунандаи китоби дастҷамъии «Забони адабии ҳозираи тоҷик» (қ.2. 1970) ба қалами М. Исматуллоев тааллуқ дорад. «Муқаддимаи забоншиносӣ» (1977) бо бахши сифати китоби «Забони адабии ҳозираи тоҷик» (қ.1, 1973) аз ҷониби Н. Бозидов баррасӣ шуданд.
Бояд хотиррасон кард, ки муаллимони кафедра А. Эшонҷонов, Я. Ҳохомов, М. Исматуллоев, Н.Маъсумӣ, В. В. Яблонская ҳанӯз охири солҳои панҷоҳ ба таълифи барномаву китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ ва миёнаву омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ машғул буданд, ки маҳсули меҳнати онҳо борҳо рӯи чопро дидааст.
Дотсент Ҳамроқулов Х. чун роҳбари кафедра (1974-1980) доир ба чопи маҷмӯаҳои илмӣ ва тайёр кардани муаллимону ходимони соҳаи илм кӯшиши зиёд мекард.
Ибтидои солҳои ҳаштод (дар ин давра ба кафедра дотсент Р. Набиева роҳбарӣ мекард) аз рӯи салоҳдиди устодон даспарварони факулта Р. Шоев, М.Алламуродова, Ш. Раҳимова, С. Одинаев, М.Шодиев ба аспирантура дохил шуда, баъзеи онҳо (Р.Шоев, Ш. Раҳимова, М. Шодиев) зери роҳбарии профессорон А. Л. Хромов, Р. Ғаффоров, А.Капронов ва Р. Додихудоев рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд.
Дар солҳои минбаъда низ кафедра фаъолияти худро барои беҳбудии сифати таълим равона сохта як силсила мақолаҳо, барномаҳо, дастурҳо ва китобҳо ба чоп расонд. Аз ҷумла, Н.Бозидов «Пуркунандаи бавосита дар забони адабии ҳозираи тоҷик» (Душанбе, 2000), «Хотирот ва татқиқот» (Маҷмӯаи илмӣ, Душанбе 2001), «Сухани сабз» (Маҷмӯаи илмӣ, Душанбе 2003), «Суханпарвар» (Маҷмӯаи илмӣ, Душанбе 2005), «Пажӯҳиш ва дастовард» (Маҷмӯаи илмӣ, Душанбе 2007), «Барномаи алифбо ва имлои ниёгон» (барои факултаҳои ғайрифилологӣ, коллектив, Душанбе, 2007), «Барномаи таълими хат ва имлои матни классикии форсӣ-тоҷикӣ» (барои факултаи филология тоҷики донишгоҳи омӯзгорӣ, коллектив, Душанбе, 2007), «Ҳисори сухан» (маҷмӯаи ашъор, Н.Гулзода, Душанбе, 2008), «Аҳвол ва осори ҳазрати имоми Аъзам Абӯҳанифа» (Б.Тӯраев-Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр, Душанбе, 2008), «ӯзбек тили» (Ҳоҷиакбаров ва дигарон, китоби дарсии синфи 6, Душанбе, 2008), «Афкори филологӣ» (Маҷмӯаи илмӣ, Душанбе 2009), «Она тили дастури» (Р. Хидиров, ӯрта умумтаълим мактабларининг 5-11 синфлари учун, Душанбе, 2004), «Барномаи забони давлатӣ» (Р. Хидиров, барои мактабҳои ҳамагонӣ, синфҳои 2-9 таълимашон ба забони ӯзбекӣ, Душанбе, 2003) ва садҳои мақолаи илмию оммавӣ дар саҳифаҳои маҷаллаҳои илмии ватанию хориҷӣ ва ватанӣ.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru