• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Донишҷӯёни фаъол-ифтихори факулта

18-уми сентябри соли равон дар факултаи химия аз ҷониби кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ маҳфили «Забони русиро меомӯзем» бо иштироки донишҷӯёни соли якуми факултаи мазкур баргузор гардид. Маҳфилро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Гуландом Рустамова гузаронид. Донишҷӯён фаъолона ширкат намуданд, махсусан,  Анвар Мирзоев ва Раънохон Шарифова ба саволҳо зиёдтар посух гуфтанд. Донишҷӯён дар мавзӯъҳои «Таърихи пайдоиши химия», «Химия ва алхимия» ва ғайра маърӯза ва дар бораи забони русӣ шеърҳо қироат намуданд.
Дар охир иштирокчиёни маҳфил дар боби илм зарбулмасалу мақолҳо гуфтанд.
Роҳбари маҳфил, муаллими калон Абдӣ Куллиев аз сатҳи забондонии донишҷӯёни соли 1-ум қаноатманд гардида, донистани забони русиро барои ҳамагон муҳим арзёбӣ намуд.

Катя Тутишоева, донишҷӯи соли 2-юми факултаи химия

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj