• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ




Абдураҳим  Ғуломов,
мудири кафедаи методикаи таълими забони англисӣ,
Тел: 2321761
Моб: 918773089
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

 

Абдураҳим  Ғуломов -01.06.1980 дар деҳаи Зиракии ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор дар оилаи коргар таввалуд шудааст. Соли 1987 аввалин маротиба қадамҳои худро ба остонаи мактаби таҳсилоти умумии №81 гузошт. Солҳои 1995-1997 таҳсили худро дар литсеи ноҳияи Ҳисор дар тамоюли забонҳои хориҷӣ (англисӣ- арабӣ)  идома додааст.

Сипас, солҳои 1997-2002  дар факултаи забонҳои хориҷии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил намудааст. Солҳои 2002-2007 ассистенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ,  2007-2013 саромӯзгори кафедра ва аз соли 2007 то соли 2016  муовинии декани факултети забони англисиро    ба уҳда дорад. Соли 2016 ба вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими забони англисӣ таъин гардид. Соли равон дар масъалаҳои педагогика ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ   кори илмии худро дар мавзӯи «Афкори педагогӣ- маорифпарваронаи Саъдӣ Шерозӣ ва амалисозии он дар шароити имрӯза» ба анҷом расонида барои дифо пешниҳод намуд. Муаллифи даҳҳо мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ мебошад. Фаъолияти пурсамари ӯро дар таълиму тарбияи насли ҷавон ба инобат гирифта, бо чанд ифтихорномаву раҳматномаҳои ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

 

КАФЕДРАИ МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ  ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Кафедраи методикаи таълими забони англисӣ навбунёд буда, моҳи сентябри соли 1998 дар заминаи кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ ва забони дуюм таъсис ёфтааст. Сарвари онро омӯзгори калони кафедра Ғуломов Абдураҳим Остонаевич ба уҳда дорад.

Кафедра дар шакли пештарааш ҳанӯз соли 1974 назди факултаи забони хориҷӣ таъсис ёфтааст. Дар кафедра дар солҳои гуногун проф. Сатская П.Н., дотсентон Наҳангова М., Болтабоева У. ва Сайфуллоев Х., саромӯзгорон Максименко Е.В., Демидович Н.И., Маҳмадҷонова М., Кашичкина Е.И., Сахарова В.В.., Умедҷонова Н., Маматова М., Ҳоҷимуҳаммадова С. ва дигарон кор карда омадаанд, ки дар тайёр кардани мутахассисон-омӯзгорони забони хориҷӣ (англисӣ, олмонӣ, франсавӣ) барои мактабҳои ҷумҳурӣ ҳиссаи босазое гузоштаанд.

Имрӯз  дар кафедра 17 нафар,  аз он ҷумла 9 нафар кормандони тасвибӣ ва 8 нафар ҳамкори дохилӣ ва мудири кабинет фаъолият доранд.  Дар кафедра    як нафар профессор, 3 нафар номзадони илм, 6 нафар саромӯзгор  ва 7  нафар  ассистентон мебошанд.

Муаллимони  кафедра мувофиқи  равияи нақшаи дурнамои илмӣ кори илмӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ   мебаранд. Онҳо таҳти унвони «Амалӣ гардонидани муносибати коммуникативӣ нисбати мундариҷа ва методикаи таълими забони англисӣ дар шароити ислоҳоти  мактаби таҳсилоти умумӣ ва олӣ» фаъолияти илмиро ба роҳ монданд. Аз рӯи  ин равия  нақшаи дурнамои кори илмӣ-тадқиқотӣ тартиб   дода шудааст, ки мувофиқи он дар  кафедра  аксарият  кори илмӣ мебаранд: Ғуломов А. Утаев М., Сангинова М., Ғуломов Н., Мавлонова И., Саидхоҷаева Т., Ҳалимова З., Бобоев М., Каримова М., ва дигарон.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» назди мутахассисону омӯзгорони мактабҳои олӣ ва миёнаи таҳсилоти умумӣ вазифаҳои пурмаъсули ба таври куллӣ такмил додани омӯзиш ва таълими забони англисиро барои даҳ соли минбаъда тақозо менамояд.

Такмили мазмун, восита ва усулу методҳои таълиму тарбия, куллан баланд бардоштани сифати дониш ва имкониятҳои эҷодии мутахассисон –омӯзгорони ояндаи забонҳои хориҷӣ тақозо менамояд, ки донишҷӯён донишҳои тахассусӣ, методологӣ ва педагогӣ-психологиро ҳарчӣ бештар фаро гирифта тавонанд.

Дар амалӣ гардонидани ин вазифаю талаботи имрӯзаи давлат ва ҷомеа дар самти омӯзиш ва такмили забонҳои хориҷӣ кафедраи методикаи таълими забони англисӣ мавқеи басо муҳим дорад. Кафедра дар донишгоҳи омӯзгорӣ яке аз кафедраҳои пешбар ба шумор рафта, дар тайёр намудани омӯзгорони баландихтисоси забони хориҷӣ, барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, касбӣ ва махсус саҳми арзанда мегузорад.

Тайёр кардани омӯзгорони забонҳои хориҷӣ соҳаи мутлақо махсуси мактаби олӣ ба шумор меравад. Донишҷӯи имрӯза, ки дар оянда омӯзгори забони хориҷӣ (англисӣ) мешавад, на танҳо забонро комилан бояд хуб донад, балки дар баробари он ба асосҳои маҳорати педагогӣ мусаллаҳ гашта, методика ва технологияи таълими забони хориҷиро дар мактаб ҳамаҷониба омӯзад. Вагарна ӯ дар кори таълими забони хориҷӣ бо шогирдон ба натиҷаҳои матлуб  комёб нахоҳад гашт. Аз ин лиҳоз омӯзгорони кафедра дар факулта, аз курси методика ва технологияи таълими забони хориҷӣ, методиҳои муосири таълими забонҳои хориҷӣ, асосҳои маҳорати педагогии омӯзгори забони хориҷӣ, психологияи таълими забонҳои хориҷӣ дар мактаб, семинари махсус аз методикаи амалии таълими забони хориҷӣ, инчунин амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ дарс гуфта, роҳбари корҳои курсӣ ва дипломии дастпарварони худро ба уҳда доранд.

Кафедра дар ташкили кори таълимӣ-методӣ, аз ҷумла таълифи дастуру васоити таълим, таъмини адабиёти таълимӣ ва воситаҳои аёнӣ ва коркарди барномаҳои таълимӣ эътибори калон медиҳад. Вобаста ба талаботи нав оид ба ислоҳоти мактаби таҳсилоти умумӣ, махсус ва олӣ, гузариш ба системаи таҳсилоти ба стандартҳои нав ҷавобгӯ, бахусус гузариш ба низоми кредитии таҳсилот ва  барномаҳои нави таълимӣ дар мактаби таҳсилоти умумӣ кафедра тасмим гирифтааст, ки доир ба курси методика ва технологияи таълими забони хориҷӣ дастуру васоити нави таълимӣ таълиф намояд.

Кафедра бо мактаб робитаи ҳамешагӣ дорад. Ин дар ташкилу гузаронидани  таҷрибаомӯзии  донишҷӯён дар мактабҳои пойтахт баҳри омодагӣ ба пешаи омӯзгорӣ,  таълифу мураттаб сохтани дастуру барномаҳои таълимӣ, ҳамкории омӯзгорони мактабҳо бо кафедра дар корҳои таълимӣ-методӣ, инчунин дар ташкилу гузаронидани семинару вохӯриҳои муштарак, иштирок дар конфронсҳои илмӣ-назарӣ ва илмӣ-амалии байни омӯзгорони кафедра  ва мактаб ифодаи худро ёфтааст. Омӯзгорони кафедра кӯшиш ба ҳарҷ медиҳанд, ки шогирдони факулта дар давоми омӯзиши курсҳои назариявӣ дар донишгоҳ  ва таҷрибаи омӯзгорӣ дар  муассисаҳои омӯзгории ҷумҳурӣ  ба салоҳияти касбӣ соҳиб гашта,  ҳамчун мутахассисони варзидаи забони англисӣ ба камол расанд.

 

Омӯзгорон

 





Сулаймон Алиев
Ихтисос:  омӯзгори  забони англисӣ
номзади илмҳои равоншиносӣ, дотсент,  доктори илмҳои
педагогӣ, профессор
Тел: 933 45 05 45
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript









Муяссара Сангинова
Ихтисос: забони англисӣ, муаллими забони англисӣ ва методикаи  таълими он
Саромӯзгори кафедраи  методикаи таълими забони англисӣ
Тел: 904 00 55 66
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript











Бахтовар Қарабаев
Ихтисос: забони англисӣ, муаллими забони англисӣ
Муовини декан оид ба таълим дар факултети забони англисӣ
Тел: 918 93 51 97
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript













Интизор Мавлонова
Ихтисос: забони англисӣ, муаллими забони англисӣ ва методикаи таълими он
Ассистенти кафедраи забони англисӣ ва методикаи таълими он
Тел: 918 79 49 97
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript










Наимҷон Ғуломов
Ихтисос: забони англисӣ, муаллими забони англисӣ
Ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисӣ
Тел: 934 08 50 38
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript











Зарина  Ҳалимова
Ихтисос: забони англисӣ, муаллимаи забони англисӣ
Ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисӣ
Тел: 904 03 33 09
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript









Мунира Каримова
ассистент
Тел: 904 43 34 44
Email:  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

 

 

Тахмина Саидхоҷаева
саромӯзгор
Тел: 904 38 85 85
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript



Меҳроҷиддин  Бобоев
Ихтисос: забони англисӣ, муаллимаи забони англисӣ
Ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисӣ
Тел: 908 77 19 17
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru