• Таджикский
  • Руский
  • Английский


Исследование
There are no translations available.

ИХТИРОЪКОРӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ ТАШАККУЛДИҲИИ ҚОБИЛИЯТИ ЭҶОДИИ ХОНАНДАГОН ДАР ТАЪЛИМИ ФИЗИКА

Ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд шавқу ҳаваси хонандагон ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ бедор карда шуда, ташаккул дода шавад. Бинобар ин ба маҷмӯи корҳои мустақилонаи дорои тавсифоти эҷодии хонандагон супоришҳо оид ба тарҳкашӣ ва сохтани асбобҳои физикии содда дохил намудан мувофиқи мақсад аст. Аз ҷумла, навъҳои зерини корҳоро доир ба тарҳкашӣ ва сохтани асбобҳои физикии содда тавсия намудан имконпазир аст:

1. Аз ҷузъҳои тайёр васл кардану сохтани асбобҳо. Ба ин гуна корҳо васл кардану сохтани электромагнит, релейи электромагнитӣ, занги электрикӣ, телеграфи электромагнитӣ ва ғ. тааллуқ доранд. Ин корҳоро баъди омӯхтани сохт ва принсипи амали асбобҳои мувофиқ пешниҳод намудан мавофиқи матлаб аст.

 
Исследование
There are no translations available.

ФИЛОЛОГИЯИ ЭРОНӢ

ФИЛОЛОГИЯИ ЭРОНӢ, як бахши филология буда, ҷузъи таркибии системаи донишҳое, ки дар илм бо номи эроншиносӣ (иранистика) маъруф, забонҳои эронӣ ва осори хаттию шифоҳии ба ин забон сабтгардидаро дар алоқамандӣ бо таърихи ҷомеаи эронӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор медиҳад. Мавзуъ ва ҳадафи асосии он таҳқиқи забонҳои эронӣ ва тамоми осори адабию илмӣ ва фарҳангии мутааллиқ ба ин забонҳост. Ҳар як забони гурӯҳи эронӣ ва ҳар як лаҳҷаи он мавриди таҳқиқоти ин соҳа қарор мегирад. Забонҳои эронӣ ва тамаддуни эронӣ мафҳуми васеъ буда, дар навбати худ омӯзиши забону тамаддуни халқҳои гуногунро, ки дар гузашта аз як халқи эронинажод пайдо шудаанд, вазифаи асосии худ қарор медиҳад. Азбаски халқҳои эронинажод таърихи дурударози ташаккули худро аз сар гузаронидаанд, ҳудуди таърихии тамаддуни онҳо низ васеъ буда, аз давраҳои қадим то давраи имрӯзаро дар бар мегирад. Катибаҳои форсии қадим ва матни Авесто, адабиёти динӣ ва дунявии форсии миёна, ҳуҷҷатҳои дар рӯи лавҳачаҳои гилин нақшгардидаи забони паҳлавӣ, осори хаттии суғдӣ, катибаҳои хоразмӣ, бохтарӣ, дастхатҳои форсии классикӣ, навиштаҳои забонҳои муосири форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ, пашту, курдӣ, осетинӣ, осори фолклории забонҳои эронии бехатти имрӯза барои илми эроншиносии имрӯза ҳамчун сарчашма ва объекти таҳқиқ хидмат мекунанд.

Осори хаттию шифоҳии миллату халқиятҳои эронитабор таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, аз Авесто то Рӯдакӣ ва аз Рӯдакӣ то ба имрӯз рушду камол ёфта, ба хазинаи маънавии умумибашарӣ дастовардҳои беназиреро эҳдо кардааст. Забони мабдаи умумиэронӣ, ки пас аз инқирози забони мабдаи ориёнӣ ё ҳиндуэронӣ тақрибан дар миёнаи ҳазорсолаи дуюми то мелод арзи вуҷуд кард, ба сифати асоси моддии умумияти таърихии мардуми эронӣ хидмат мекунад.

 
Исследование
There are no translations available.

БАҲОР (Е) ДАР ДИЛИ ЗИМИСТОН (ҶАШНИ САДА САД МАЪНИЮ МАЗМУН ДОРАД)

Аввалсухан

Ниёгони мо ҳар кӣ буданд, пеш,

Нигаҳ доштандӣ ҳам ойину кеш.

Ниёгони мо дар замонҳои пеш аз тариқи гардиши хуршед, сояи сангу кӯҳ ва ҳатто аз рӯйи узвҳои бадан вақтро муайян мекарданд, ки ин ҳисобро “гоҳшуморӣ” (солшуморӣ ва ё тақвим низ) мегуфтанд. Моҳҳои мардуми ориётабор аз 12 моҳ иборат буда, ҳар рӯзи ҳар моҳи сирӯза низ номи фариштаеро дошт, яъне 30 рӯз дорои номи махсус буд. Маъмулан яке аз рӯзҳои ҳар моҳ бо номи ҳамон 12 моҳ ҳамном мешуд. Ба ин ҷиҳат, он рӯзи ҳамномро чун рӯзи нек бо шодиву сурур ҷашн мегирифтанд, ба он эҳтиром мегузоштанд ва ниёиш менамуданд. Аммо ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада барои ниёгони мо арзиши бештаре доранд.

 
Исследование
There are no translations available.

ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ ИН ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ РУШДИ РОБИТАИ ИЛМ БО АМАЛИЯ АСТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар си соли истиқлол ба роҳи инноватсионии рушд, истифодаи самаранокии натиҷаҳои эҷодшудаи фаъолияти илмию техникӣ бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бозорҳои  дохилӣ ва хориҷӣ аҳамияти хоса дорад.

Дар асоси Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 аз 30 июни соли 2021, №263 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илм самти афзалиятнок ба шумор рафта, дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд меёбад. Давлат ва ҳукумат илмро меҳвари асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешанд.

 
Исследование
There are no translations available.

ВИЖАГИҲОИ САБКИИ ФЕЪЛ ДАР АШЪОРИ АБУАБДУЛЛОҲ РӮДАКӢ
Рӯдакӣ аз ҷумлаи нахустин шоирони порсигӯи форс-тоҷик ба шумор меравад, ки ашъор ва забони вай барои шоирони баъдина аз аҳаммияти назаррасе бархурдор аст. Агарчи манзараи забонӣ ва вижагиҳои баёни вай нисбат пайравони ӯ чандон тарҷеҳияте надорад, лекин ба ҷиҳати тақаддум ва роҳнамоӣ дар пойгоҳи устодӣ қобили ҷустуҷӯст. На танҳо шоирони сабки хуросонӣ аз шеър ва равиши ӯ пайравӣ кардаанд, балки шоирони сабки ироқӣ низ бо нигоҳ ба шеър ва забони вай баҳрагирӣ намудаанд.
Тарзи баёни шоирони сабки хуросонӣ аз давраҳои баъдӣ мутафовит аст, аз ин ҷиҳат, ки сохтори низоми сарфӣ ва наҳвии давраҳои баъдӣ печидагиҳое дорад. Ҳаҷми вожагон камтар ва басомади феълҳо ва сифатҳо ва дигар ҳиссаҳои нутқ низ кам аст. Сохтмони онҳо низ аз давраҳои баъдӣ мутафовит аст. Агар ба феъли ин давра дақиқтар назар кунем, дармеёбем, ки бештари феълҳо феълҳои сохта, содда ва баъд аз он феълҳои таркибианд ва ё сифат, аз назари миқдор қобили муқоиса бо давраҳои баъдӣ нест ва ё сохтмони зарф ва навъҳои он аз назари маъноӣ чандон зиёд нест. Баръакс, давраҳои баъдӣ, ки вижагиҳои ҳиссаҳои нутқ, аз ҷумла, феъл аз назари сохтмон ва теъдод зиёд мегардад. Аммо миқдор ва навъҳои пешояндҳо ва пасояндҳо дар ин давра бештар аз давраҳои баъдӣ аст ва ин ҳиссаи нутқ нақши барҷастае нисбат ба дигар ҳиссаҳои нутқ дорад. Навъҳои пешоянду пасоянд дар афзоиш ва коҳиши маъноии ҷумлаҳо қобили таваҷҷуҳ аст.
 


Страница 7 из 32
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj