• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ


Пажуҳиш

БАЛАНД БАРДОШТАНИ ТАРБИЯИ ЭКОЛОГИИ ХОНАНДАГОН ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ КОРҲОИ БЕРУНАЗСИНФӢ АЗ ТАБИАТШИНОСӢ

Фаъолияти корҳои берун аз таълимии хонандагон асосан дар ду мавқеъ бурда мешавад: корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ. Мафҳуми “Корҳои беруназсинф”- ин фаъолияти ғайридарсии талабагон мебошад, ки он дар худи мактаб берун аз ҷадвали дарсӣ гузаронида мешавад. Корҳои берун аз синфӣ қисми таркибии таълиму тарбия буда, барои такмил додани дониш, маҳорат, малака, инкишофи мустақилияти хонандагон мусоидат мекунад. Корҳои беруназсинфӣ барои ба ҳаёти мустақилона тайёр кардани талабагон замина мегузорад.
Омӯзгорон, равоншиносон, методистҳо исбот кардаанд, ки раванди ташаккул ва ташаккули шахсият бояд аз рӯзҳои аввали ҳаёти кӯдак оғоз шавад, ки ин барои ошкор намудани нерӯи кӯдак шароити мусоид фароҳам меорад. Намудҳои гуногуни чорабиниҳои беруназсинфӣ ба ошкор намудани ин имкониятҳо мусоидат мекунанд.
Амалияи кори мактабҳо моро бовар мекунонад, ки дар тарбияи шахсияти ҳаматарафаи инкишофёфтаи кӯдак ва дар сурати дуруст ба ҳам пайвастани машғулиятҳои дарсӣ бо корҳои беруназсинфӣ натиҷаҳои беҳтарин ба даст овардан мумкин аст. Дарс ва машғулиятҳои беруназсинфӣ бояд бо ҳам алоқаманд бошанд, якдигарро пурра кунанд, такмил диҳанд.
Кори беруназсинфӣ яке аз роҳҳои муҳими гузарондани кори пурмазмун ва шавқовар бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ мебошад.

 
Пажуҳиш

САҲМИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ДАР РОҲИ МУСТАҲКАМ НАМУДАНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Дар яке аз суханрониҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуда буданд: “Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касабаи кишвар низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти иштирок дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифаю салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монанд”.

Албатта, Иттифоқҳои касабаи кишвар ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадор аст, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд. Аз ҷумла, Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ дар кори ба низомории сулҳу салоҳи зиддияти миёни тоҷикон, мустаҳкам намудани  ягонагӣ ва ҳамраъйӣ дар мубориза  баҳри  манфиатҳои муҳими меҳнаткашон мавқеи конструктивиро ишғол мекард.  Дар ҳолати ниҳоят тезутундшавии заддияти мусаллаҳона дар  мамлакат Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ бегона ва мушоҳидачии воқеаҳо набуд.

 
Пажуҳиш

ВАЗЪИ ИЛМИ ХИМИЯ ВА ТАДРИСИ ОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Соҳаи маориф ҳамчун соҳаи сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои ислоҳоту рушди он аз рӯзҳои аввали истиқлолият пайваста таваҷҷуҳ ва ғамхории хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир мегардад.

Ҷавҳари сиёсати давлатро дар соҳаи маориф масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби ба шароити нави муносибатҳои бозаргонӣ рақобатпазир ва ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат ташкил медиҳанд.

Чуноне ки маълум аст, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб ба раванд ва низоми таълим, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ зич алоқаманд мебошад.

Бо дарназардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯза ва рушду тарақиёти илми муосир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд.

 
Пажуҳиш

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ-СИПАРИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ

Забон воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон мебошад. Он ҳамчун ҳодисаи фараҳбахшу ғайриодӣ дар ҷамъияти инсонӣ падид омада, рушд кардааст. Ҳар гоҳ ҷомеа рӯ ба рушд оварад, забон низ рушд мекунад ва такомул меёбад. Баръакс, агар ҳар ҷомеаи соҳибзабон рӯ ба пастиву таназзул орад, забонаш ҳам ба ин ҳол гирифтор мешавад.

Забони тоҷикӣ аз қадимтарин забонҳои дунё ба ҳисоб рафта, дар тули таърихи ҳазору ансолаи худ чандин марҳалаи рушдро аз сар гузаронидааст. Дар ин миён вобаста ба ҳаводиси таърихӣ аз таназзулу коҳиш низ бархӯрдор гаштааст.

Ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ, ҳуҷуми арабҳо, ҳуҷуми туркҳои бодиянишин ва шикасти давлати Сомониён, ҳуҷуми муғулҳо, ҳуҷуми шайбониҳо, ҳуҷуми аштархониҳо, ҳуҷуми манғитиҳо ва ғайра ба бинои муҳташами миллати мо-забон, ки асоси фарҳангу тамаддуни ҳамаи ориёиҳост, зарари ҷиддӣ расонидаанд.

 
Пажуҳиш

ХИЗМАТРАСОНИИ ДАВЛАТӢ - ЯКЕ АЗ ШАКЛҲОИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ВАЗИФАҲОИ АЛОҲИДАИ ДАВЛАТӢ

Яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташаккул ва такмил додани низоми хизматрасонии давлатӣ мебошад. Либерализатсияи сиёсати иҷтимоии давлат, такмили стратегияи он ба татбиқи пешрафти илмию техникӣ, иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин афзоиши шумораи аҳолии кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷомеа нигаронида шудааст.

Функсияҳои давлат омили ҳалкунандае мебошанд, ки сохтор ва фаъолияти онро муайян мекунанд, ки қисми зиёди он тавассути хизматрасонӣ амалӣ карда мешавад. Дар асоси ин, хароҷоти буҷети Тоҷикистонро метавон тасниф намуд, ки он барои хадамоти давлатӣ ҷудо карда мешавад. Таснифи функсионалии он соддатар аст, ки дар он тамоми вазифаҳои давлатӣ, яъне соҳаҳои ҷамъиятие, ки маблағгузории давлатро талаб мекунанд, номбар шудаанд. Ҳалли вазифахои давлат аз нав тақсим намудани вазифаҳои мақомоти он ва бавуҷуд овардани низоми мувофиқи хизматрасонии давлатиро талаб мекунад.

 


Страница 3 из 32
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj