• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ


Пажуҳиш

ЗАБОНИ МИЛЛАТ – ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Вазифаӽои ҷонии мову шумо аз он иборат аст, ки дар тамоми соӽаӽои ӽаёти сиёсӣ, ичтимоӣ, иқтисодӣ ва фарӽангии кишвар пурра ҷорӣ шудани забони давлатиро таъмин намоем, таӽқиқи илмӣ ва таълими ӽаматарафаи онро вусъат бахшида, забони гуворои тоҷикиро аз олоишӽои бегонаи унсурӽои маӽаллӣ пок созем.

Эмомалӣ Раӽмон

Он миллате, ки соҳиби фарҳанги тавоно аст, забонаш низ  ғаниву бой хоҳад буд. Пас, забони мо ойинаи фарҳанги миллат ва пояи ифтихор аст, зеро  вай аз ҷумлаи забонҳои бой ба шумор рафта, таърихи куҳанбунёд дорад.

Қабул гардидани Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи барномаи давлатии такмил ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» ва баъдан барои солҳои 2015-2020, инчунин, барои давраи то соли 2030 аз мутахассисону омўзгорони мактабҳои олӣ ва миёнаи таҳсилоти умумӣ вазифаҳои пурмасъул ва ба таври куллӣ такмил додани таълими забонҳои русиву англисиро тақозо менамояд.

 
Пажуҳиш

ҚАСРИ АРБОБ ТАВЛИДГАРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зоҳиран пас аз итизориҳои тўлонии соҳибони ин миллати куҳанбунёд ба даст омад, вале баробари дарёфти ин неъмати пурарзиш пешорўи он нобасомониву нооромиҳои бемаънӣ рух доданд. Воқеан ба ташбеҳи мувофиқи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикистон дар он рўзҳо киштии бишкастаеро мемонд, ки на раҳнамо ва на самти муайяни ҳаракат дошт, мусофирону сарнишонони ин киштӣ дар талвосаи ҷон аз ин вартаи маргу нобудӣ даст мезаданд”.

Он замон Тоҷикистон тифли навзодро мемонд. Ҷумлагонро рўшан буд, ки ин навзодро шахси қудратманде зарур буд, то ба роҳи рост ҳидоят намояд ва соҳиби ин кишвару сорбони корвони раҳгум бошад. Чунин пеши дида меомад, ки аз азал гўё Худованд ин ҷангу нооромиҳои нохостаро ба сарнавишти тоҷикон ҳамтақдир донистааст. Раҳоӣ ёфтан аз ин имтиҳони таърих ҷомеаи ба ҷанг кашидашудаи моро дар айни ҷўшу хурўши бархўрдҳои иҷтимоию сиёсӣ ба зудӣ муяссар нагардид .

 

 
Пажуҳиш

ЗИКРИ МАСОИЛИ МАРБУТ БА ЗАБОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Тўли чанд сол мешавад, ки ҳамчун анъана Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман ба мардуми шарифи кишвар ироа мегардад. Паём ҳуҷҷати муҳими стратегӣ буда, дар он бурду бохти ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, нақшаву супоришҳо барои оянда ва беҳтар гардидани фаъолият матраҳ мешавад.

Дар ин ҳуҷҷати таърихӣ натанҳо масъалаҳои марбут ба иқтисоду саноат, равобити хориҷиву дохилӣ, балки масоиле низ бозбинӣ мешаванд, ки онҳо барои таҳким бахшидани давлатдории миллӣ дар тўли таърих саҳми босазо гузоштаанд. Дар баробари масъалаҳои дигаре, ки таваҷҷуҳи Сарвари кишварро ҷалб менамоянд ва муҳокимаву таҳлили онҳоро муҳим мешуморанд, ба забон ва сарнавишти он ҳамеша дар ҳар Паём махсус таваҷҷуҳ равона мегардад. Мароқ зоҳир намудани Пешвои миллат ба ин масъала аз он дарак медиҳад, ки Сарвари кашвар ба ин рукни ҳастии миллат эҳтиром мегузоранд, зеро забон дар таърихи миллат нақши мондагор дошта, ҳамчу ойинаи тамомнамоест, ки дар он таҳаввулу таназзули соҳибони он мунъакис мешавад. Ин нукта дар нахустсаҳифаи китоби арзишманди «Забони миллат-ҳастии миллат» чунин дарҷ гардидааст: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».

 
Пажуҳиш

ГИРОМИДОШТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ҲАМЧУН ЯКЕ АЗ РУКНҲОИ АСОСИИ ДАВЛАТ

Забон рукни асосии миллат ва давлат аст.

Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд.

Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст.

Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд.

Эмомалӣ Раҳмон

Забон муҳимтарин василаест, ки наслҳои имрӯзу ояндаи миллатро бо анъанаю суннатҳои аҷдодӣ ва тамаддуни гузаштааш ошно сохта, таърихи ташаккулу таҳаввули онро ба мисли ойина возеҳу равшан дар пеши рӯйи мо қарор медиҳад. Бешак, тамоми ҷанбаҳои ҳаёти имрўзаю гузаштаи ҷомеа ба воситаи забон дар шакли хаттиву шифоҳӣ барои насли оянда мерос гузошта мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин чунин қайд мекунанд: «Забони ҳар миллат ёдгории азизест, ки решаи он аз сарчашмаи чандин наслҳои нажоди ў об хўрда, мояи ифтихору худшиносии наслҳои баъдина мегардад».

Боиси зикр аст, ки дар устувору қавӣ гардидани пояи давлатдорӣ яке аз рукнҳои асосии он, яъне забони давлатӣ  нақши муҳим мебозад. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллати мо аз рўзҳои нахустини роҳбарии худ дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат ба масъалаи рушди забони давлатӣ, ҳифзи асолату покизагии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Баъди ноил шудани миллати тоҷик ба армонҳои ҳазорсолааш, яъне ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, забони тоҷикӣ дар ҳудуди кишвар мақоми худро ҳамчун забони давлатӣ, забони сиёсат ва идоракунӣ устувор намуда, дар арсаи байналмилалӣ ва дар минбарҳои баланди ҷаҳон муҳимтарин назару пешниҳодҳо ва мавзеъгириҳои давлатӣ бо ин забони куҳану пурғановат садо дод. Забони тоҷикӣ акнун ҳамчун забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа ба ҳайси забони асосӣ ва пешбаранда пазируфта шуд.

 
Пажуҳиш

ИФОДАИ МАФҲУМИ ҶИНСИЯТ ДАР ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Категорияи ҷинсият ва ҷойгоҳи он дар забоншиносӣ. Ҷинсият гуфта, дар гуфтор ва амалкарди рӯзмарра ба нарина ва ё модина ҷудо намудани мавҷудоти ҷондорро мефаҳманд, аммо дар илми забоншиносӣ дар асоси шаклҳои махсуси ишоракунанда ба ягон намуди ҷинс (мардона, занона, миёна...) муттаҳид гардидани калимаҳо ё худ ҳиссаҳои муайяни нутқро ҷинсияти грамматикӣ меноманд. Ба таъбири дигар, аз рӯйи шакл дар калима намудор гардидани ба ҷинси мард ва ё зан тааллуқ доштани калима ҷинсияти грамматикӣ ном дорад. Мафҳуми ҷинсияти табиӣ-биологӣ дар ҳамаи забонҳо (бо роҳҳои гуногун) қобили ифода аст. Миқдори гурӯҳҳои ҷинсияти грамматикӣ низ дар забонҳо яксон нест, дар баъзе забонҳо ҷинсияти грамматикиро ба ду гурӯҳ (мардона ва занона) тақсим мекунанд, мисли забонҳои арабӣ, фаронсавӣ ва дар баъзе забонҳо ба се гурӯҳ (мардона, занона, миёна) мисли забони русӣ, олмонӣ, форсии бостон, авастоӣ ва ғайра ҷудо карда мешавад. Инчунин ҷинсияти грамматикӣ дар забонҳои олам вобаста ба сатҳи фаҳм  дар забони мутакаллимин метавонад ба гурӯҳҳои зиёдтаре ҷудо карда шавад, ва ё баръакс дар баъзе забонҳои олам мисли хитоӣ, туркӣ, финию угорӣ ва бархе аз забонҳои ҷануб-шарқии Осиё ҷинсияти грамматикӣ мушоҳида намешавад.

 


Страница 31 из 32
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj