• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия
Хабарҳо - Тарбия

Пас аз истиқлолияти давлатӣ як гуруҳ манфиатҷӯёни ватанфурӯш, ки баъдан ТТЭ ҲНИ-ро асос гузошта, ҳодисаи манфури ғайриинсониро, ки қатлу куштори мардуми бегуноҳро фаро гирифта буд, такрор карда, ҳатто бо шеваҳои муосири куштор бар сари мардуми тоҷик як балои азимро оварданд. 

 
Хабарҳо - Тарбия

Кабирии босмачӣ

Аз таърих ба мо маълум аст, ки Иброҳимбек яке аз сардорони дастаи босмачиҳо буда, зидди ҳокимияти Шуравӣ баромад кардааст. Таърих гувоҳ аст, ки босмачиҳо моли мардумро ғорат карда одамонро хонавайрон мекарданд. Имрӯзҳо бошад роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо аз сомонаҳои интернетӣ баромад карда, босмачиёнро ҳимоя мекунад.

Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ аз хориҷи кишвар истода, ақидаҳои ғаразноки худро нисбати давлати мо иброз намуда суботу оромии кишвари моро халалдор кардан мехоҳад. Муҳиддин Кабирӣ бояд донад, ки саҳифаҳои  таърихро нав карда намешавад. Ӯ босмачиҳоро дастгирӣ карда, аз онҳо қаҳрамон месозад. Оё ӯ медонад, ки дар қарни гузашта ҳоли мардуми Тоҷикистон аз дасти босмачиён чӣ қадар талафоти ҷонӣ дида буданд. Ӯ аз таърих огаҳӣ надорад. Вақте ки Муҳиддин Кабирӣ онҳоро ҳимоя мекунад, худ низ ба босмачӣ табдил меёбад.

Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷа супоришҳои хоҷагони хориҷиашро ба анҷом мерасонад, аммо кору рафтори Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш дар таърихи Тоҷикистони навин қаҳрамонони  саҳифаҳои сиёҳ мебошанд.

Мардум дубора ба гуфтаҳо ва ақидаҳои иғвоангезандаи ӯ бовар намекунад. Тоҷикистон устувор гашта, мардуми сарбаландаш сиёҳро аз сафед ҷудо мекунанд.

Мо пайваста сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоем, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ягон ашхос  ба сиёсати дохилии кишвар таъсири манфӣ расонида мардумро халалдор намояд. Ҷавонони имрӯза пайрави Пешвои миллат буда, истиқлолияти давлат ва Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигоҳ медорем.

 

Саркорбобоева М. - аъзои маҳфили “Сиёсат ва ҷомеа”

 
Хабарҳо - Тарбия

Шахсияти Илҳом Ёқубов, ки алҳол роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо аст, барои аксарият шинос мебошад. Варзишгар буд ва баъдан ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пайваст, роҳбари бахши суғдии ҳизби номбурда гардид. Баъдан, эълон кард, ки аз ин ҳизб даст кашидааст ва дар навори видеоӣ иқрор гашта буд, ки роҳи интихобнамудаи ҳизби наҳзат нодуруст аст. Аммо ин суханонаш комилан барои раҳгум занондан, барои дар тасаввуроти мардум худашро ислоҳшуда нишон додан будаасту халос.

 
Хабарҳо - Тарбия

КАБИРӢ   ҲАМХУНИ  ИБРОҲИМБЕКИ  БОСМАЧӢ ?

Чи хеле, ки ба мо маълум аст баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ, дар қаламрави Осиёи Миёна Ҳокимияти Шӯравӣ барпо гардид. Аз ҷумла дар Тоҷикистони Шӯравӣ низ имконият барпо гардид, лекин қувваҳое буданд, ки зидди Ҳокимияти Шӯравӣ баромад мекарданд, ки онҳоро босмачиён меномиданд.

Мо медонем, ки номҳои машҳуртарини онҳо дар қаламрави Тоҷикистон Анварпошшо, Салимпошшо, Фузайл Махсум, Эргаш ва Иброҳимбек ва ғайра буданд. Мақсади онҳо пеш аз ҳама нест кардани Ҳокимияти Шӯравӣ буд ва онҳо чӣ қадар амалҳои ғаразнокро  барои ин амалҳо истифода мебурданд ва дар натиҷа, соли 1931 охирин намоянда-сарвари дастаи босмачиён Иброҳимбек дастгир карда шуда, кушта шуд.

 

Гуфтан ҷоиз аст, ки баъди расидан ба Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон бо сардории Сарвари муаззами худ кӯшиш карда истодааст, ки ҳамаи камбудиҳои дар солҳои 90-уми асри ХХ баамаломадаро бартараф созад, аммо як инсонҳое, ки ҳатто ба номи инсонӣ  сазовор нестанд, мекӯшанд, ки ба ҳамин шукуфоӣ бо гапҳои беасоси худ неш зада, мардумро гумроҳ созанд.

Муҳиддин Кабирӣ кӣ аст? Як шахсе, ки аз як ҷониб истода нисбати Ватани худ ақидаҳои бардурӯғ мегӯяд. Магар ин аз рӯи мардигӣ аст? Тарафдори босмачигарӣ будан аз рӯи инсонигарӣ аст? Не. Ту худ медонӣ, ки барои кадом мақсад ин гапҳои ғаразноки худро гуфта истодаӣ? Дар вақташ туро ҳамчун инсон роҳбари як ҳизб дар вақташ таъин карданд, акнун ту аз як давлати Аврупо, ки пушту паноҳ ёфтӣ, канораҷӯӣ мекунӣ. Ту чӣ кор кардӣ барои давлати худ? Ин пешравиҳоро дида истодаӣ?

Мо, тоҷикон аллакай қаҳрамони худро интихоб кардаем. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Љумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ карда, Ватани азизамонро ба яке аз давлатҳои пешрафтатарин табдил диҳем.

Абдуллоева А.Р., сармуаллимаи кафедраи

сиёсатшиносӣ

 
Хабарҳо - Тарбия

Масъалаҳое, ки Карим Давлатов дар мақолаи «Ҳаракати босмачигарӣ чун лаккаи таърихии наҳзатӣ»  ба миён гузоштааст, дар ҷомеаи имрӯзаи мо ба хотири тарбияи солими насли ҷавон хеле  ба маврид буда, аз  аҳамияти калони назариявию амалӣ бархурдор мебошад. Ин ҷо ҳак ба чониби муаллиф аст, вақте ӯ байни босмачиҳо ва наҳзатиҳо як айнияти равшанеро мушоҳида менамояд.

 


Страница 45 из 79
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj