• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия
Хабарҳо - Тарбия

Моҳи ноябри соли ҷорӣ як теъдоди зиёди зиндониёни №3-и шаҳри Хуҷанд бо маслиҳати пешакӣ аз зиндон фирор намуда буданд. Оиди ин қазия дар расонаҳои хабарии шабакаҳои интернетӣ маводҳои зиёде нашр гардидаанд.

Чуноне ки дар яке аз маводҳои нашршуда иттилоъ дода мешавад, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сироҷиддин Муҳиддин дар яке аз нишастҳои матбуотӣ дар ин бора посухҳо додааст. Ба иттилои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти фирориёни зиндон пайравону эътиқодмандони Давлатии Исломӣ- террористону иштирокчиёни ҷангҳои Сурияву Ироқ  ва қисми камашон паҳнкунандагони маводи мухаддир мебошанд.

Сараввал мақомоти қудратии кишвар хостанд бо роҳи гуфтушунид ин қазияро ҳаллу фасл намоянд, вале натиҷае ҳосил нашуд. Пасон маҷбур шуданд, ки аз яроқ истифода баранд. Дигар чӣ кор ҳам мекарданд? Гунаҳгор гунаҳгор аст ва ў барои содир намудани бисёр корҳои ношоиста қодир аст. Мақомот барои пешгирӣ намудани дигар амалҳои барои ҷомеа ва шаҳрвандонаш хавфнок аз силоҳ истифода намуд, ки фикр мекунем сад дар сад дуруст аст.

Аввалаш ин ки, ҷинояткор худ дар назди Давлату миллат гунаҳгор асту бояд ҷуброни гуноҳ намояд. Дигар ин ки, агар ў нафари хатарноку зараровар намебуд, зиндонӣ намешуд. Сеюм ин ки, ин нафарон гуноҳ бар замми гуноҳ намудаву ислоҳнашаванда будани худро собит гардонидаанд. Чаҳорум ин ки, баъди фирор кардан ба дархосту хоҳиши кормандони ҳифзи ҳуқуқ итоат нанамуда, мехостанд ба дигар корҳои ҷиноии вазнин даст зананд, шояд нафарони зиёдеро зери фишору таъқиб ва ҳатто бикушанд. Маҳз ба ҳамин хотир мақомоти қудратии мамлакат аз силоҳи оташфишон истифода намуданд.

Дар хусуси теъдодои фирориёну кушташудагон низ фарзияҳои гуногун рўйи чоп оварда шудаанд, аммо Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сироҷиддин Муҳиддин иттилоъ додааст, ки теъдоди ошўбгарони кушташуда 21 нафарро ташкил медиҳанд.

 
Хабарҳо - Тарбия

22 марти соли 2018 Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯйи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар доираи санаи биступанҷумини баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об доир гардид. Об яке аз сарчашмаҳои асосии рӯзгори инсоният мебошад ва бе он мавҷудияти ҳаёт дар рӯйи замин ғайриимкон аст. Захираҳои об дар миқёси ҷаҳон хеле зиёд буда, 71%-и масоҳати кураи заминро об ишғол кардааст. Бо вуҷуди ин, инсоният солҳои охир аз нарасидани оби тоза ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст ва ин масъала ба яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар айни замон танҳо 1,2 миллиард аҳолии курраи замин аз оби тоза бархӯрдоранд. Зиёда аз 3 миллиард нафар оби ғайрисанитарӣ истеъмол менамоянд. Ҳар сол зиёда аз 5 миллион нафар аз бемориҳои вобаста ба олудагии об вафот мекунанд.

Кишвари мо ҳарчанд дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тоза қарор дорад, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад, чунки бо вуҷуди доштани сарчашма ва манбаъҳои бузурги оби тоза мо низ бо ин проблема рӯ ба рӯ ҳастем. Ҷомеаи инсонӣ аз замоне, ки ақлу дини худро дастрас намуд, аввалин эътиқоди онҳо эътиқод ба унсурҳои табиат: об, хок, бод ва оташ буд. Исоният аз азал хусусиятҳои хоси ин унсурҳоро фаҳмида, муҳимияти онҳоро барои ҳаёт дарк намуда буд. Бозёфтҳои археологӣ низ аввалин маротиба ташаккулёбии инсоният ва ҳамчун қабила-қабила зиндагонӣ кардани инсонҳоро дар наздикии дарёҳо ва баҳрҳо муайян намудааст. Зеро, ки об манбаи асосии зиндагонии одамони аввалин будааст. Ҳоло бошад, қисмати зиёди инсоният дар бисёр қитъаҳои олам аз норасоии об азият мекашанд, ки ин албатта ба зиёдшавии фавт, бемориҳои сирояткунанда ва ғайра оварда мерасонад, ки ин масъала тамоми мардуми курраи заминро дар ташвиш гузоштааст. Таъмини оби тоза заминаи асосии қонеъ гардонидани талаботҳои асосии зиндагонии инсон, пеш аз ҳама, барои нигоҳ доштани ҳифзи саломатӣ, таъминоти ғизои безарар ва ғайра хеле зарур аст. Бо ибораи дигар, об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувори инсоният аст. Бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ низ солҳои охир гирифтори хушксолӣ ва обхезиҳои зиёди пайдарҳам гардида истодааст. Ҳамаи ин натиҷаи афзоиши эҳтиёҷот ба захираҳои об мебошад, ки ҳаҷми онҳо маҳдуд аст. Дар айни замон баҳру дарёҳо, кӯлҳо ва пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии таъминоти об ҳастанд, мисли дигар сарватҳои табиат аз ҷониби одамон бе назардошти оқибатҳои ногувор истифода мешаванд. Аз ҳамин сабаб, масоҳати онҳо торафт маҳдуд мегардад, сифати об коста мегардад, миқдори обе, ки барои зарурати таъминоти инсон лозим аст, сол то сол кам мешавад.

 
Хабарҳо - Тарбия

Вуруди қарни XXI бо фазои гуногун, махсусан воқеоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи асрҳои гузашта фарққ карда меистад. Гарчанде падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.

Терроризм низ падидаи нав нест. Нишонаҳои он дар давраҳои пеш мавҷуд буд, аммо дар замони муосир он тарзу усули хосаи худро ба вуҷуд овардааст. Терроризм яке аз он масъалаҳоест, ки диқати ҷаҳониёнро моили худ сохтааст. Он борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардаасту ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо фарогири ин тамоюл гардидааст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо сусту заиф мешавад, балки рўз аз рўз рушд намуда, ҷонибдорони зиёде пайдо мекунад. Ҳаррўза амалиёти гуногуни террористӣ дар гўшаҳои олам ва садҳо таркишоту ҳазорон қурбонии  онҳо ва иттилооти фаровони ВАО дар ин хусус далели ин гуфтаҳоянд.

Он як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурўҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни тарҳрезишуда равона гардидааст. Ҳоло зиёда аз 200 навъи маънидоднамоии терроризм мавҷуд аст, ки ҳеҷ яке аз он умумиэътирофшуда нест. Дарки падида бошад, аз тавсифи мафҳумии он осон нест. Зеро бо вуҷуди характери бисёрсоҳа доштанаш, боз омили бавуҷудоӣ дар дохили як давлат ва мавқеъ гирифтан дар он, инчунин дар миқёси байналхалқӣ зуҳур карданаш як қатор мушкилиҳоро дар равшаннамоӣ ва дарки худ ба миён овардааст.

Мубориза алайҳи терроризм дар навъҳои гуногун сурат мегирад. Давлатҳои ҷаҳон роҳҳои зиёди мубориза бо онро пеш мегиранд, то ҳар чӣ зудтар аз ин падидаи манфур наҷот ёбанд. Дар муборизаи зидди терроризм миёни мамлакатҳо ҳамоҳангӣ, фаҳмиши ягона ва иттиҳод вуҷуд надорад. Кам нестанд ҳодисаҳое, ки ягон давлат гурўҳҳои ҷудоихоҳӣ дар дохили мамлакати худ амалкунандаро гурўҳҳои террористӣ эълон месозад ва ба муқобили онҳо мубориза мебарад.   Бо рўйдодҳои 11-уми сентябри соли 2001 вазъи сиёсии ҷаҳон ба куллӣ таѓйир ёфт ва масъалаи мубориза бо терроризм дар сатҳи мукаммалтару ҳамаро фарогиранда ба вуҷуд омад. Баъди амалиёти террористии моҳи сентябри соли 2001 дар Аврупо дар бораи терроризми исломӣ сухани зиёд мегўянд, вале ислом ба монанди дигар динҳои чаҳонӣ нисбат ба хушунату зўроварӣ муносибати манфӣ дорад, ислом наметавонад сарчашмаи терроризм бошад.

Солҳои охир дар кишварҳои ИДМ амалҳои мушаххасе баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм сурат мегиранд. Ҳуҷҷатҳои сиёсиву ҳуқуқие қабул мегарданд, ки ба сифати санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ шинохта мешаванд. Ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ байни давлатҳои аъзои он вусъат меёбанд. Ҳатто маркази ягонаи муборизаи зидди терроризм ва экстримизм (соли 2000) таъсис дода шудааст, ки он дар асоси аҳдномаи байни кишварҳои ИДМ аз моҳи июни соли 1993 оид ба муборизаи муштараки зидди терроризм фаъолият дорад.

Шўрои сарони давлатҳои ИДМ барномаи мубориза бар зидди терроризм ва шаклҳои дигари зухури экстримизмро пазируфта буданд. Роҳбарони кишварҳои ИДМ дар Ереван қарор доданд, ки нерўҳои муштараки зудамалро дар минтакаи Осиёи Марказӣ ташкил намоянд.  Созмони Ҳамкории Шанхай (ШОС) бошад, Конвенсияи муборизаи зидди терроризм, сепаратизм ва экстримизмро қабул намудааст. Дар замони муосир якчанд роҳҳои мубориза бо терроризм мавҷуданд: ҳуқуқӣ, зўрӣ, дохилӣ ва берунӣ. Роҳҳои ҳуқуқии мубориза дар асоси нишондоди созишномаҳои байналхалқӣ сурат мегирад. Усули зўрӣ, ки он ба азбайнбарии терроризм мусоидат намекунад, баръакс терроризмро ба вуҷуд меорад ва дар натиҷаи гузаронидани амалиёти зидди террористӣ чандин аҳолии осошта низ зарар мебинад.

Ҳоло давлатҳои ҷаҳон дар роҳи мубориза бо терроризм қонуну санадҳои муштарак ва инфродиро таҳия месозанд. Тоҷикистон низ аз доираи он мамлакатҳои гирифтори терроризм ва экстримизм, берун нест. Гурўҳҳои тундраве, ки дар солҳои чанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омада буданд, то имрўз мавҷудияти худро аз даст надода, мавридҳои гуногунро истифода намуда, амалиёти худро ба вуҷуд меоранд, ки ба ин воқеаҳои соли охир дар қисмати шимолу ҷануби мамлакат мисол шуда метавонанд.

Роҳбарияти олии Тоҷикистон дар асоси санадҳои дохиливу байналхалкӣ муборизаи худро нисбат ба терроризм таҳким бахшида, вобаста ба ҳалли ин масоили умдаи рўз тадбирҳои зиёдеро низ руи даст гирифтааст.

Хуршед Абдуев

 
Хабарҳо - Тарбия

22 марти соли 2018 Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯйи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар доираи санаи биступанҷумини баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об доир гардид. Об яке аз сарчашмаҳои асосии рӯзгори инсоният мебошад ва бе он мавҷудияти ҳаёт дар рӯйи замин ғайриимкон аст. Захираҳои об дар миқёси ҷаҳон хеле зиёд буда, 71%-и масоҳати кураи заминро об ишғол кардааст. Бо вуҷуди ин, инсоният солҳои охир аз нарасидани оби тоза ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст ва ин масъала ба яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар айни замон танҳо 1,2 миллиард аҳолии курраи замин аз оби тоза бархӯрдоранд. Зиёда аз 3 миллиард нафар оби ғайрисанитарӣ истеъмол менамоянд. Ҳар сол зиёда аз 5 миллион нафар аз бемориҳои вобаста ба олудагии об вафот мекунанд.

Кишвари мо ҳарчанд дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тоза қарор дорад, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад, чунки бо вуҷуди доштани сарчашма ва манбаъҳои бузурги оби тоза мо низ бо ин проблема рӯ ба рӯ ҳастем. Ҷомеаи инсонӣ аз замоне, ки ақлу дини худро дастрас намуд, аввалин эътиқоди онҳо эътиқод ба унсурҳои табиат: об, хок, бод ва оташ буд. Исоният аз азал хусусиятҳои хоси ин унсурҳоро фаҳмида, муҳимияти онҳоро барои ҳаёт дарк намуда буд. Бозёфтҳои археологӣ низ аввалин маротиба ташаккулёбии инсоният ва ҳамчун қабила-қабила зиндагонӣ кардани инсонҳоро дар наздикии дарёҳо ва баҳрҳо муайян намудааст. Зеро, ки об манбаи асосии зиндагонии одамони аввалин будааст. Ҳоло бошад, қисмати зиёди инсоният дар бисёр қитъаҳои олам аз норасоии об азият мекашанд, ки ин албатта ба зиёдшавии фавт, бемориҳои сирояткунанда ва ғайра оварда мерасонад, ки ин масъала тамоми мардуми курраи заминро дар ташвиш гузоштааст. Таъмини оби тоза заминаи асосии қонеъ гардонидани талаботҳои асосии зиндагонии инсон, пеш аз ҳама, барои нигоҳ доштани ҳифзи саломатӣ, таъминоти ғизои безарар ва ғайра хеле зарур аст. Бо ибораи дигар, об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувори инсоният аст. Бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Осиёи Марказӣ низ солҳои охир гирифтори хушксолӣ ва обхезиҳои зиёди пайдарҳам гардида истодааст. Ҳамаи ин натиҷаи афзоиши эҳтиёҷот ба захираҳои об мебошад, ки ҳаҷми онҳо маҳдуд аст. Дар айни замон баҳру дарёҳо, кӯлҳо ва пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии таъминоти об ҳастанд, мисли дигар сарватҳои табиат аз ҷониби одамон бе назардошти оқибатҳои ногувор истифода мешаванд. Аз ҳамин сабаб, масоҳати онҳо торафт маҳдуд мегардад, сифати об коста мегардад, миқдори обе, ки барои зарурати таъминоти инсон лозим аст, сол то сол кам мешавад.

 
Хабарҳо - Тарбия

Инсон аз аввали мавҷудияташ аввал макони худ Ватанашро ободу ҳифз кардаву баъд ба хотири ободиву рушди Ватан рўй ба сўйи дин ва арзишҳои маънавию ахлоқии он овардааст. Дар мафкураи ҳар ҷавон бояд ин андеша мақоми аввалро дошта бошад, ки «Беватан аз дин ва аз мазҳаби худ ҷудо аст!» Ҳуввияти миллӣ, эҳсоси ватандўстӣ, худшиносию худогоҳӣ, дўст доштани модар-ватан, эҳтироми падар, азиз доштани бародар ва хоҳар, огаҳ будан аз арзишҳои миллӣ, доштани ахлоқӣ ҳамидаи инсонӣ арзишҳои муқаддасе мебошанд, ки бояд дар ниҳоди ҳар фард аз ибтидо парварида шаванд. Ин арзишҳо метавонанд инсонро аз гароиш ба гуруҳҳои динии ифротгаро, иртиҷоию экстремистӣ ва терористӣ ва ё хиёнат ба ватан-модар нигоҳ дорад.

Президенти Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин нафаре ҳастанд, ки дар суханрониҳо ва китобҳои арзишманди дарсҳои худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандўстиро дар осори арзишманди худ ба тоҷикону ҷаҳониён баён намудааст. Ҳар ҷавони худшиносу худогоҳ бояд дарк намояд, ки бо ҷаҳду талошҳои Президенти Тоҷикистон, ки миллати тоҷик баъди ҳазосолаҳо ба таъриху фарҳанги милливу динии худ рў овард ва дар як фосилаи кўтоҳи таърихӣ даҳҳо чорабиниҳои фарҳангии сатҳи байналмилалӣ аз ҷумла ташкилу гузаронидани ҳамоишҳои бузурги байналмилаллӣ-бузугрдошти поягузори фарҳкнгу фиқҳи исломӣ Имоми Аъзам, гиромидошти нобиғаи башардусти олам ва орифи тавоно Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид

Маънову мазмуни ҳадиси Паёмбари ислом «Муҳаббат ба Ватан аз гўшаи имон аст», ки мақбули хосу оми  миллати мо гардидааст волотарин дарси ватандўстист барои ҳар фарди бошуур аст. Ё басандааст даъватҳои саршор аз меҳру муҳаббат ба ватану миллат барои ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи он, ки дар «Шоҳнома»-и безоволи Фирдавсӣ зикр ёфтаанд, ёдовар шавем. Пётр Столипин рушанфикир ва ислоҳталаби асри Х1Х менигорад, ки «Халқе, ки дорои рўҳия ва худогоҳии миллӣ нест, поруеро мемонад, ки дар он решаи миллаи дигар сабз хоҳад шуд».

Рушантарин амалҳои анҷом додаи гуруҳҳои ифротӣ ва терористӣ ба қатл расонидани модар ва куштори кудакони маъсум, инфиҷор додани анбуҳи зиёди одамон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар дохили панҷара зинда оташ задани муваффақтарин фардҳои соҳаҳои мухталиф ҳаёти ҷомеаи инсонӣ ва аз ҳама бадтар инфиҷор додани барҷастатарин нобиғаҳои олами сиёсат ва чеҳраҳои сиёсии втандўст, ки барои озодии миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, таъмини сартосарии миллати худ пайваста талош намуданд дар мисоли асилзодаи тоҷик, қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, тоҷикзодаи асил-сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ собиќ Президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ва тавонотарин бонуи сиёсат сарвазири Ҷумҳурии исломии Покистон Беназир Буҳутто кори дасти ин тоифаи манфуртани террористон мебошад. Ҳувайдост, ки бо ин ҳама рафтори ваҳшиёна худро пайравони асили дини Ислом медонанд.

Пас бо кадом ақл, хирад, фаҳмиш, идрок ва эҳсоси арзишҳои инсонӣ ин тоифа ва гуруҳҳои ифротӣ, иртиҷоӣ ва ҷараёну равияҳои ғайриҳанафиро метавон бовар кард. Ва ё худ дидаву дониста дар масири гумроҳӣ ва гумномӣ гом бардошт.

Дунё самари маърифати инсон аст…

 


Страница 49 из 79
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj