Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 90-солагӣ Бо ташаббуси қисми тарбия дар толори фарҳангии донишгоҳ ба ифтихори 90-солагии шаҳри Душанбе, пойтахти мамлакат, бо ҳузури васеи донишҷӯён ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҳамоишро мудири шуъбаи фарҳанг Сафаралӣ Қурбонов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин санаи фархунда таҳният гуфт.
Сипас, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик Ҳ.Пирумшоев пиромуни таъсисёбии шаҳри Душанбе маълумоти муфид ироа кард. Дар такя бар қавли мавсуф, омили асосии Душанбе ном гирифтани шаҳр дар он аст, ки замони пеш рӯзҳои душанбеи ҳар ҳафта дар чорроҳаи калони корвонгузари ин минтақа бозори бузург барпо мешуд. Душанбе дар он аҳд рустое иборат аз 500 ҳавлӣ ва тақрибан 8000 аҳолӣ будааст. Дар як маъхаз, ки соли 1826 таълиф гардида, исми ин макон Душанбе-Қӯрғон зикр шудааст. Бори аввал номи Душанбе дар харита соли 1875 роҳ ёфт. Дар он давр ин шаҳр қалъае дар болои соҳили рӯди Душанбе бо 10 000 аҳолӣ тасвир мешуд. Баъдан, қисми фарҳангии ҷамъомад шурӯъ гардид, ки аз қироати шеъру суруд дар васфи Душанбею Тоҷикистон иборат буд. Ҳозирин бо табъи болида ва мамнуният аз толор берун шуданд. |