Баромади донишҷўён дар толори нависандагон
нависандагони маъруф, аз қабили Абдулҳамиди Самад, Камол Насрулло, Гулназар Келдӣ, Низом Қосим, Ҳадиса Қурбонова, Мирзо Файзалӣ ва ғайра ширкат доштанд.
Намояндаи ҳукумати шаҳри Душанбе Маҳмадулло Наимов зимни суханронии хеш иброз дошт, ки ҳадафи асосии баргузории ин ҳамоиш ҷамъбасти озмуни шаҳрдорӣ зери унвони эҷодиёти илҳомбахш аст, ки дар оғози соли равон эълон шуда буд. Бинобар қавли ў, ин озмун аз чанд бахш-беҳтарин мақолаи публитсистӣ, беҳтарин барномаи телевизионӣ, беҳтарин аксҳо, беҳтарин саҳнаи театришуда ва ғайра иборат аст. Ин озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамони босалоҳият, ки Меҳмон Бахтӣ, Фарҳод Раҳимӣ, Акбар Турсун ва чанд чеҳраи маъруфи дигар ба он шомил буданд, натиҷагирӣ гардид. Сипас, дар фазои тантанавӣ мукофотҳои пулӣ ба ғолибон тақдим карда шуд. Мавриди зикр аст, ки Владислав Курнушко, роҳбари Оҷонсии федеролии Русия “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, низ дар ин ҷамъомад ҳузур дошт ва чанде аз китобҳои шуарои номдори русро ба китобхонаи шуъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе тақдим кард. Баромади донишҷўёни мо ба аҳли толор бисёр писанд омад ва онҳо миннатдории хешро ба раёсати донишгоҳ изҳор доштанд. Б.Абдураҳим |