There are no translations available.
ДОМАНИ ХАЙР МЕКАШАД, ДАСТИ НИЁЗМАНДИ МО... Санаи 22 –уми декабри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси раиси Шӯрои кураторони донишгоҳ Баротова Гулчеҳра Юсуфҷоновна ба ифтихори фарорасии “Соли нав” бо як гурӯҳ донишҷӯёни ятими кулл вохӯрӣ баргузор гардид. Сараввал, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ н.и.х., дотсент Мусоҷонзода Ҷамила Мансур зимни суханронии хеш афзуд, ки Раёсати донишгоҳ дар пайравӣ ба иқдомоти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмаку дастгирии донишҷӯёни имконияташон маҳдуд ва ятимони кулл тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст ва инчунин афзуд, Шумо табақаи ниёзманди ҷомеа танҳо нестед, мо бо шумоем. Сипас, маблағҳои пулие, ки аз ҷониби раиси Шӯрои кураторони донишгоҳ Баротова Г.Ю. ҳамчун тӯҳфаи солинавӣ ба донишҷӯён тақдим карда шуд, ки ин амал боиси болидахотирии нафарони ниёзманд гардид.
Суратгузориш аз рафти баргузорӣ:
|