There are no translations available.
БОЗ ЯК ИҚДОМИ НЕК Санаи 10-уми марти соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси нақша-чорабиниҳо маҷлиси раёсати донишгоҳ баргузор гардид, ки дар доираи эълон гардидинаи солҳои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ омӯзгорону донишҷӯён ба шаҳри Ҳисор сафарбар карда шуданд. Нахуст, ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо ин гурӯҳ сӯҳбат ороста, ба ин сафар оғози расмӣ бахшидаву ба аҳли сафар роҳи сафед хост. Сипас, омӯзгорону донишҷӯён бо роҳбарии мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Қобилҷон Иброҳимов ба сафар баромаданд. Ҳадаф аз чунин боздид ба шаҳру ноҳияҳои кишвар пеш аз ҳама, қадрдонӣ намудани волидони донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ, боздид намудан аз мавзеъҳои таърихӣ, омӯхтани урфу одат ва фарҳанги миллӣ равона шуда буд. Бояд гуфт, ки омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳро намояндагони МИҲД шаҳри Ҳисор бо тантана пешвоз гирифтанд. Дар идома омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ба дидорбинии волидони донишҷӯёни фаъол рафта, ба онҳо барои тарбияи неки фарзандонашон, ки бо дониши хубу аъло таҳсил менамоянд, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳро тақдим намуданд. Дар ҷараёни сафар омӯзгорону донишҷӯён аз мавзеъҳои таърихии Қалъаи Ҳисор, Коллеҷи омӯзгорӣ ва Осорхонаи шаҳри Ҳисор дидан намуданд. Дар фарҷоми сафар, дар қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор аз ҷониби ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ ва дастаи ҳунарии ансамбли қасри фарҳанг барномаи фарҳангӣ бо иштироки волидон ва донишҷӯён баргузор гардид, ки ҷолибу хотирмон буд. Суратгузориш аз рафти боздид аз шаҳри Ҳисор:
|