There are no translations available.
ПИРӮЗИИ БЕНАЗИРИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ 25-уми майи соли 2021 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол – 2021” миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2020- 2021 ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайравӣ ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ояндасози миллат ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол” – ро дар радифи дигар озмунҳо миёни донишҷӯёни муассиҳои таҳсилоти олии касбии кишвар доир менамояд. Рӯзи 25-уми майи соли равон озмуни “Донишҷӯи сол – 2021”, ки дар он донишҷӯён аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок доштанд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплому тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд. Хурсандибахш он аст, ки дар озмуни мазкур донишҷӯи соли чоруми факултети химияи донишгоҳ Абдураҳмонов Абдулхайр Суҳробхонович, иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид. Ин дастоварди донишҷӯи донишгоҳ дар арафаи таҷлили 90 солагии донишгоҳ дастоварди беназир ба ҳисоб мерававад. Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Абдураҳмонов Абдулхайр Суҳробхоновичро барои пирӯзиаш дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ табрик ва муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдааш, муваффақиятҳои беназирро таманно дорад.
|