• Tajik
  • Russian
  • English
Факултетҳо
There are no translations available.

ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

Факултети иқтисод ва идора соли 1994 ҳамчун кафедраи иқтисодиёт дар факултети математика таъсис дода шуда буд. Аввалин мудири кафедра Сафаров М., солҳои 1994-1995  роҳбарии онро ба уҳда дошт. Сипас номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, профессор Зайниддинов Ҳасан аз соли 1995 то соли 2000 кафедраи мазкурро роҳбари менамуданд. Аз соли 2000-ум то соли 2009 мудирии кафедраи мазкур ба уҳдаи н.и.и., дотсент Насимов А. вогузор шуда буд.

Дар соли 2009-ум дар базаи кафедраи  иқтисодиёти факултети математика, факултети мустақили “Иқтисодиёт ва идоракунии маориф” дар сохтори донишгоҳ таъсис дода шуд. Нахуст декани факултети навтаъсис н.и.и., дотсент Насимов А.Н. таъин шуданд. Аз таъсисёбии факултет то ба имрӯз аз рӯи се ихтисос: менеҶменти молиявӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит ва таълими касбӣ (иқтисодиёт ва идоракунӣ) мутахассисони соҳаи маориф  тайёр карда мешавад.

Дар шуъбаи Ғоибона (фосилавӣ) бошад аз рӯи ду ихтисос менеҶменти молиявӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит мутахассис тайёр карда мешавад.

Аз аввали таъсисёби устодони зерин: Насимов А., Гурезов С., Ҷӯраев А., Исроилов И., Шарифова Ф. Д., Убайдов С., Сияҳаков С., Зиёев Б.,С., дар факултет вазифаи деканиро иҶро кардаанд.

Аз моҳи августи  соли 2023 вазифаи декании факултетро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғафорзода Ҷонона Ғафор ба ӯҳда дошта, муовини декан оид ба корҳои таълимӣ номзади илмҳои иқтисодӣ,  Ойматов Бахтиёр Шораҳматович, муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Гулматзода Мавзуна, муовини декан оид ба корҳои илмӣ Комилов Мирато фаъолият мекунанд. Айни замон дар сохтори факултети иқтисод ва идора 2 кафедра фаъолият менамоянд.

Ҳоло дар 2 кафедраи факултет беш аз 22 нафар устодон: аз Ҷумла 2 нафар доктори илм, профессор, 10 нафар номзади илм, 5 нафар омӯзгори калон ва боқимонда ассистентону кормандони техникӣ фаъолият доранд. Дар шуъбаи рӯзонаи факултет 154 нафар донишҶӯ,  дар шуъбаи фосилавӣ зиёда аз 388 нафар донишҶӯ ва дар шуъбаи магистратура 12 нафар магистр, дар шуъбаи аспирантура 10 нафар ва аз рӯи доктор аз рӯи ихтисос PHD 7- нафар таҳсил менамоянд.

Ихтисосҳо: МенеҶменти молиявӣ (шуъбаи рӯзона ва фосилавӣ); Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аулит (рӯзона, фосилавӣ ва магистр); Назарияи иқтисодӣ (иқтисодиёт ва идоракунӣ)

Факултети иқтисод ва идора дар айни замон яке аз марказҳои таълимию методӣ, илмӣ ва боргоҳи тайёр намудани мутахассисони самти иқтисодии кишвар дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҶикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба шумор меравад.  ДонишҶӯёни факултет дар ду шуъба ба таҳсил фаро гирифта шудаанд: рӯзона ва фосилавӣ. Ҳамзамон дар шуъбаҳои рӯзона ва фосилавии факултет донишҶӯёни хориҶӣ аз Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Туркманистон ва АфҒонистон таҳсил мекунанд. Айни ҳол  дар шуъбаи рӯзона ва фосилавии факултет 542 нафар донишҶӯён таҳсил мекунанд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj