Хабарҳо |
There are no translations available. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ "ҲОЗИРҶАВОБОН" ВА МАҚОЛАИ БЕҲТАРИН ТАҲТИ УНВОНИ “ МАКТАБИ ДАВЛАТСОЗИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН” Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ду озмуни донишгоҳӣ: мақолаи беҳтарин таҳти унвони “ Мактаби давлатсозии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” ва "Ҳозирҷавобон" эълон шуда буд, ки дар арафаи ҷашнҳои зикшуда ҷамъбаст гардид. Натиҷаи ин озмунҳо дар ҷаласаи тантанавӣ, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии донишҷӯён дар таърихи 17 ноябри соли 2022 баргузор шуд, эълон ва ғолибон муаррифӣ гардиданд. Дар раванди ҷамъомад муовини ректори Донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. ба ғолибон сипоснома, ифтихорнома, диплом ва мукофотҳои пулиро тақдим намуда, аз номи Раёсати донишгоҳ, хосатан ректори он, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода онҳоро табрик намуд. Тибқи қарордоди ҳакамон дастаҳои зерин чун ғолибони озмуни "Ҳозирҷавобон" эътироф гардиданд: дастаи "Забондон"-и факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ сазовори ҷойи якум бо дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ, дастаи "Иқтисоддони ҷавон"- и факултети иқтисод ва идора сазовори ҷойи дуюм бо дипломи дараҷаи 2 ва мукофотпулӣ, дастаҳои "Ҷило"-и факултети филологияи тоҷик ва "Технологони ҷавон"-и факултети технология сазовори ҷойи сеюм бо дипломи дараҷаи 3 ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд. Тибқи қарордоди ҳакамон ғолибони озмуни мақолаи беҳтарин таҳти унвони “ Мактаби давлатсозии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” инҳо эътироф гардида, аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ва Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён қадрдонӣ шуданд: 1.Фаришта Маҳмадзода, донишҷӯи курси 4, факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ бо дипломи дараҷаи 1 ва мукофотпулӣ; 2.Орзуева Фараҳноз, донишҷӯи курси 1, факултети таърих ва ҳуқуқ, бо дипломи дараҷаи 2 ва мукофотпулӣ; 3.Шоимардонова Ҷаҳоноро, донишҷӯи курси 2, факултети филологияи тоҷик, бо дипломи дараҷаи 3 ва мукофотпулӣ.
|