|
Исследование
|
There are no translations available.
ЭҲТИРОМИ РАМЗИ ДАВЛАТ ЭҲТИРОМИ КИШВАР АСТ
Сарбаландиву шукӯҳу ифтихорам парчам аст,
Рамзи кишвар, парфишонии диёрам парчам аст.
Аз замони Кова мерос аст парчам баҳри мо,
Як нишони ин диёри номдорам парчам аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011, дар яке аз суханрониҳои хеш ба муносибати рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд намудаанд: «Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор мерафтааст. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст
|
|
Исследование
|
There are no translations available.
САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ САДОҚАТ БА МИЛЛАТ АСТ!
Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола 16 ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн мегиранд. Дар таърихи 16 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд, ки дар асоси он ҳар сол 16 ноябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад.
Ба арсаи сиёсат ворид гардидани Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон солҳои душвор барои Тоҷикистони соҳибистиқлол барои мардуми тоҷик атои таърих буд. Зеро дар баробари барқарории сулҳу таҳкими амният бо азму иродаи қотеъи Президент дар тамоми соҳаҳо навгониву
|
Исследование
|
There are no translations available.
ФУРӮҒ АЗ РӮДАКӢ ДОРАД ЧАРОҒИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Басо хурсандибахш аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақвими ҷашнҳои миллии мо, таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ баъд аз бузургтарин ва бошукӯҳтарин ҷашни таърихии мо - Истиқлоли давлатӣ дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳи хоса қайд карда мешавад. Аз соли 2002 сар карда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи Рӯдакӣ ҳамчун як ҷашни илмӣ - фарҳангӣ таҷлил мегардад. Соли 2008 бо ибтикори Пешвои муаззами миллатамон ҷашни 1150-солагии ин абармарди сухан бо шукуҳу ҷалоли хоса истиқбол гардид. Моҳияти ин тадбирҳои фарҳангпарваронаи Сарвари давлат ба он ишорат мекунад, ки мавқеъ ва аҳамияти тарбиявию ахлоқӣ ва маърифатии эҷодиёти ғанию рангини устоди бузургвор - Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рӯз то рӯз, сол то сол заруртару зиёдтар мегардад.
|
|
Исследование
|
There are no translations available.
ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВО - ДАСТУРИ РАҲНАМО
(Бардошт аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори оғози соли нави таҳсил, таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории дарси сулҳ)
Баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони соҳибкасби мусаллаҳ бо донишҳои замони муосир, роҳандозии технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим, таълифи китобҳои дарсӣ дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ аз масъалаҳои меҳварии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар оғози соли нави таҳсил, таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории дарси сулҳ зимни мулоқот бо омӯзгорони Донишгоҳи тиббии Хатлон садо доданд. Пешвои миллат сараввал нақши мактабу маорифро дар ҷомеа ба сифати унсури муҳимтарини амнияти миллӣ ҳисобида бо қатъият иброз намуданд, ки “баъди ба даст овардани истиқлол мо илму донишро пояи асосии рушди ҷомеа ва амнияти давлат эълон карда, аз ҷумла дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» дарҷ намудем, ки хароб гардидани сифати таълим ва неруи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ мегардад”. Ин маънои онро дорад, ки ҳеҷ кишваре қодир нест, ки бе мактабу маориф пеш равад, рушд кунад ва ба муваффақиятҳои назаррас ноил шавад. Ба ин хотир, соҳаи мактабу маориф дар саргаҳи фаъолияти сарвари давлат қарор дошта, пайваста барои ҳалли масъалаҳои мубрами соҳа чорасозӣ мешавад. Қабули ду стратегия ва амалисозии ҳашт барномаи давлатӣ дар соҳаи маориф далели ин гуфтаҳост. Илова бар ин, 19%-и буҷаи солонаи ҷумҳурӣ, ки 7,2 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ба соҳаи маориф марбут аст.
|
Исследование
|
There are no translations available.
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ПАЙВАНДГАРИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ
Дар таърихи башарият дар бунёди давлат ва ташаккулёбии халқияту миллатҳо ваҳдат ҷойгоҳи махсус дорад. Инсоният борҳо дар масири таърих ба ҷангҳои қавмию дохилӣ ва байни давлатӣ рӯбарӯ гардида, талафоти зиёд дидааст. Аммо ягона омиле, ки ба хотимаёбии ҷангҳо асос шуда, инсонро аз талафот ва шаҳрҳоро аз харобшавӣ наҷот додааст ин ваҳдат аст. Ваҳдат дар назар як вожаи оддӣ намояд ҳам, аммо дар асл як ибораи созанда, офарандаи шодию тараб, пайвангари инсонҳо ва васлкунандаи таърих мебошад.
Санаи 27-уми июни соли ҷорӣ мардуми ваҳдатсолори тоҷик 26-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои амну ором ҷашн мегиранд.
|
|
|
|
|
Страница 1 из 32 |