• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ЗИ КИМИЁ ЁФТ РАВНАҚ РӮЙИ ДУНЁ…

z 229.jpg - 87.74 KbҲамасола ҳафтаи охири моҳи май дар саросари ҷаҳон «Рӯзи химикон» таҷлил карда мешавад. Бинобар ин садорати факултети химия тасмим гирифт, ки ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Рӯзи химикон» чорабинии илмӣ-фарҳангиро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор намояд.

Ҳамин тариқ 25-уми майи соли равон дар толори бинои асосии донишгоҳ бо ибтикори садорати факултети химия чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба «Рӯзи химикон» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ, декани факултети химия Муҳаммадсалим Усмонов, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Сироҷиддин Бандаев, инчунин деканҳо ва донишҷӯёни ҳама факултаҳои донишгоҳ иштирок намуданд. Чорабинии мазкурро ректори донишгоҳ, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ҳусни оғоз бахшида, тамоми  химиконро ба ин ҷашни фархунда табрику муборакбод намуд. Зимни суханронӣ ректори донишгоҳ саҳми химикони донишгоҳро дар пешрафти илми химия баланд арзёбӣ намуда, махсусан қайд карданд, ки профессорон Лутфулло Солиев ва Сироҷиддин Бандаев ахтароне зи илми кимиёи тоҷик ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин дар идома ба куратори беҳтарин, ки бахшида ба «Рӯзи химикон» дар факулта эълон шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолиби он ассистенти кафедраи технология ва экологияи химиявӣ Саймо Урозова бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ректори донишгоҳ барои донишҷӯёни фаъоли факулта ифтихорномаи Кумитаи иттифоқи кассабаи донишҷӯёни донишгоҳро тақдим намуд.

Суханронии Алимов С. н.и.п, дотсент дар мавзӯи «Антуан Лоран Лавуазе яке аз асосгузорони химияи классикӣ» саҳифаи тозаеро барои химикони ҷавон боз намуд. Мавсуф доир ба саҳми ин олим дар ривоҷу равнақи илми кимиё маълумоти пурра ироа намуд.

Дар идома бахши фарҳангии чорабини оғоз гардид, ки ба ҳозирин хеле писанд омад. Қобили қайд  аст, ки садорати факултет суханони пурмуҳтавои Ҷобир ибни Хайёнро, ки гуфтааст , «Агар ту хоҳӣ кимиёгариро аз худ намоӣ, бояд корҳои таҷрибавиро бештар гузаронӣ» ба инобат гирифта, н.и.х Қурбонова Ҳ. бо донишҷӯён дар назди ҳозирин чанд таҷрибаи химиявиро пешкаш намуд, ки писанди ҳамагон гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ декани факултет муҳтарам Усмонов М. саҳми омӯзгорони кафедраи методикаи таълими химияро, ки баргузории чорабинии мазкур бевосита ба ин кафедра алоқаманд буд, хеле баланд арзёбӣ намуда, миннатдории садорати факултетро ба онҳо расонид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи

ДДОТ ба номи С. Айнӣ


z 230.jpg - 62.91 Kb z 231.jpg - 96.26 Kb z 232.jpg - 93.66 Kb z 233.jpg - 101.76 Kb z 234.jpg - 89.44 Kb z 235.jpg - 86.69 Kb z 236.jpg - 88.13 Kb z 237.jpg - 80.29 Kb z 238.jpg - 57.40 Kb z 239.jpg - 86.22 Kb z 240.jpg - 109.32 Kb z 241.jpg - 105.71 Kb z 242.jpg - 75.58 Kb z 243.jpg - 61.81 Kb z 244.jpg - 102.66 Kb z 245.jpg - 99.80 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj