• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

МАҲФИЛҲОИ МУБОҲИСАВИИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ

6.jpg - 97.50 Kb“Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин вазифадор карда мешавад, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот- аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва техналогияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад”

Эмомалӣ Раҳмон

 

МАҲФИЛҲОИ МУБОҲИСАВИИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ФАРОҲАМОВАРАНДАИ МУҲИТИ ЗАБОНИИ ДОНИШҶӮЁН БАҲРИ ТАКМИЛУ САЙҚАЛ ДОДАНИ САВИЯИ ЗАБОНДОНИИ ДОНИШҶӮЁН!

Дар факултети забонҳои романӣ-германӣ “Маҳфили мубоҳисавӣ” (Diskussion Club) ҳамчун дарси иловагии ройгон ва бо методу бозиҳои муосир баҳри фароҳам овардану омӯзиши муҳити забони тахассусӣ, инчунин шевову бурро гардонидани нутқи гуфтугӯии шогирдони худ тӯли чанд сол аст, ки бо забони олмонӣ фаъолият мекард. Хушбахтона, соли ҷорӣ теъдоди ин дарсҳои мубоҳисавию муҳокимавӣ хеле зиёд карда шуд ва фаъолияти онҳо бо се забон: англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ бо тарзҳои гуногун на аз рӯи сол ё курс, балки аз рӯи сатҳи забондонӣ ба гурӯҳҳо тақсимбандӣ шуда, фаъолияташон баҳри дар вақти ғайри соатҳои таълимӣ гузаронидан дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Дар басти аввал, барои донишҷӯёни басти дуюм ва дар басти дуюм бошад, чунин шакли таълими иловагӣ барои донишҷӯёни басти аввал ба роҳ монда шудааст. Дар баробари донишҷӯёни факултет аксар донишҷӯёни шавқманд аз дигар факултетҳои донишгоҳ низ ширкат меварзанд.

Рӯз ва соатҳои баргузории дарсу маҳфилҳои мубоҳисавию муҳокимавӣ бо забони англисӣ:

1).Debate Club-рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе аз соати 13:00  то 14:00 пешбар донишҷӯи гурӯҳи 112-и ихтисоси олмонӣ-англисӣ Ансол Қосимов;

2).Discussion Club-рӯзҳои панҷшанбе соати 12:00 то 13:00 пешбари он донишҷӯи гурӯҳи 312-и ихтисоси олмонӣ-англисӣ Қаландарзода Мансур;

3). Grammar-рӯзҳои сешанбе аз соати 12:00 то 13:00 пешбари он донишҷӯ Ҷамолов Шаҳром;

4). Fun Club-рӯзҳои шанбе аз соати 12:00 то 13:00 пешбари он донишҷӯи гурӯҳи 312-и ихтисоси олмонӣ-англисӣ Саидов Лутфулло.

Рӯз ва соатҳои баргузории дарсу маҳфилҳои мубоҳисавию муҳокимавӣ бо забони олмонӣ:

1). Diskussion Club-рӯзҳои душанбе аз соати 12:00 то 13:00 пешбар донишҷӯи гурӯҳи 412ол/анг Бердиев Парвиз; 2). Diskussion Club-рӯзҳои чоршанбе аз соати 12:00 то 13:00 донишҷӯи гурӯҳи 312ол/анг Маҳкамов Санҷарбек; 3). Diskussion Club-рӯзҳои ҷумъа аз соати 12:00 то 13:00.

Рӯз ва соатҳои баргузории дарсу маҳфилҳои мубоҳисавию муҳокимавӣ бо забони фаронсавӣ:

1). Le club français-рӯзҳои душанбе аз соати 10:50 то 11:50 пешбари он донишҷӯи гурӯҳи 312-и ихтисоси фаронсавӣ-англисӣ Қурбонов Шоҳрух;

2). Чоршанбе аз соати 10:50 то соати 11:00 пешбари он донишҷӯ Алиев Муҳаммадрасул;

Ҳамчунин дар факултет “Маҳфили тарҷумони ҷавон” фаъолият карда, роҳбарии онро дар самти забони олмонӣ ва фаронсавӣ омӯзгорон Холов Ёқуб ва Шамсиддини Раҷабалӣ ба ӯҳда доранд. Аъзоёни маҳфил маводҳои аз забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ ва англисӣ тарҷума кардаашонро, ба маҷалаи “Навруста”-и донишгоҳ пешниҳод менамоянд.

Садорати факултет барои баланд бардоштани савияи дониш, сатҳи забондонии донишҷӯён ва раванди фаъолияти маҳфилу тренингҳои дарсӣ синфхонаи №44-ро бо проектор ва тахтаи муқаррарӣ муҷаҳазгардонидааст, ки барои истифодаи маҳфили донишҷӯён ҳамчун заминаи фазои таълимӣ, мусоидаткунанда мебошад.

Муовини декан оид ба корҳои илмӣ

Раҷабова Фирӯза

1.jpg - 86.00 Kb 2.jpg - 85.71 Kb 3.jpg - 86.28 Kb 4.jpg - 80.98 Kb

5.jpg - 79.58 Kb 6.jpg - 97.50 Kb 7.jpg - 60.09 Kb 8.jpg - 89.69 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj