ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ “ИСТИҚЛОЛ” Рӯзи 7-уми майи соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ идомаи барнома-озмуни “Ҷилои ахтарон” бо иштироки дастаи “Истиқлол”-и факултети забон ва адабиёти рус ва дастаи “Кимиё”-и факултети химия чун анъанаи қаблӣ аз рӯи панҷ шарт: саломномаву намоиши ҳунарҳои мардумӣ, латифагӯӣ, бадеҳа, саволу ҷавоб ва саҳначаи ҳаҷвӣ баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯён аз рӯи шартҳои ҷойдошта ҳунарнамоӣ намуда, табъи ҳозиринро болида гардониданд. Дар ҷамъбаст, аз ҷониби ҳакамони нуктасанҷ дастаи “Истиқлол”-и факултети забон ва адабиёти рус 71-хол ва дастаи “Кимиё”-и факултети химия 67-холро соҳиб гардиданд. Ғолибияти факултети забон ва адабиёти русро табрик мегӯем.
Суратгузориш аз рафти озмун:
|