• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ЗӮРИ МУШТ АЗ ВАҲДАТИ АНГУШТҲО ОЯД БА КАФ...

7.JPG - 214.94 Kb

25 июни соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 24-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарони зерсохторҳову омӯзгорон ва ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ ҳозиринро бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, дар пойдории сулҳу суботи тоҷикон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин санади тақдирсози мубраму бориз неку беназир арзёбӣ намуд. Сипас саромӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих Маҳмудов Давлатшоҳ аз саҳфаҳои таърихи масъулиятшиносиву хештаншиносӣ, сулҳҷӯиву сулҳофарӣ ва қаламсилоҳии халқи тоҷик аз умқи таърих то остонаи даврони Истиқлолият, ки онро метавон сарчашмаи созандагӣ номбурд, суханронӣ намуд. Инчунин ӯ афзуд, ки  дар пойдориву устувории давлати навини тоҷикон нақши калидии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Зимни баромади худ ин олими ҷавон қайд намуд, ки дар фазои тазоҳуротҳои сиёсии замони муосир, моро зарур аст, то ваҳдати андешаҳоро низ муттаҳид созем ва дар пойдории ин санади муҳими тақдирсоз кӯшиш намоем. Инчунин чанд нуқтаи дигар доир ба сулҳу Ваҳдати миллӣ аз ҷониби мудири кафедраи фалсафа, дотсент Бердиев Шоҳназар пешкаши ҳозирин гардид. Дар идома аз ҷониби раиси Шӯрои кураторони донишгоҳ Баротова Гулчеҳра ғолибони озмуни донишгоҳии “Куратори беҳтарин” миёни кураторони донишгоҳ ҷамъбаст гардид, ки ин нафарон аз ҷониби раёсати донишгоҳ  бо диплому ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

 

Инчунин дар ин чорабинӣ сардори раёсати илм ва инноватсия Раҷаб Ҳакимов доир ба хусусиятҳои ҷашни пирӯзии миллати тоҷик - Ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуда, дар ҳошия ба омӯзгороне, ки рисолаҳои номзадӣ ва доктории хешро сарбаландона ҳимоя намудаанд, инчунин ба ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол - 2021” ва ба ғолибону роҳбарони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки дар байни 35 макотиби олии кишвар баргузор гардидаву донишгоҳи мо мақоми ҷойи дуюмро касб намуда буд, диплом ва мукофотҳои пулӣ тақдим гардид.

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

1.JPG - 259.94 Kb 2.JPG - 220.96 Kb 3.JPG - 238.07 Kb

4.JPG - 237.04 Kb 5.JPG - 218.93 Kb 6.JPG - 202.97 Kb

7.JPG - 214.94 Kb 8.JPG - 237.04 Kb 9.JPG - 225.70 Kb 10.JPG - 205.97 Kb 11.JPG - 202.69 Kb 12.JPG - 203.04 Kb 13.JPG - 204.53 Kb 14.JPG - 198.77 Kb 15.JPG - 213.36 Kb 16.JPG - 189.77 Kb 17.JPG - 180.43 Kb 18.JPG - 200.58 Kb 19.JPG - 219.21 Kb 20.JPG - 209.25 Kb 21.JPG - 200.52 Kb 22.JPG - 201.37 Kb 23.JPG - 192.23 Kb 24.JPG - 210.09 Kb 25.JPG - 193.77 Kb 26.JPG - 217.49 Kb 27.JPG - 204.80 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj