Ғаффорӣ Н. - Ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор
ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РАВШАНГАРИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН ВА ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Саҳифаи таърихи тамаддуни башарӣ рӯшанӣ медиҳад, ки корнамоиҳо, мардонагиву далерӣ, ватанпарастӣ, шуҷоату футувват хоси гузаштагони покнажоди мо буда, шаҳодати он муборизаҳои озодихоҳона ва сарбаландиву комёр будани онҳо бо аҷнабиён мебошад, ки мо дар симои Спитамен, Деваштич, Шерак, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон дида метавонем. Сабақҳои дигари таърихӣ низ моро аз бурду бохти давлату давлатдорӣ, пайванду ҳамгироӣ, таҳаммулгароиву ҳамдигарбахшӣ, мухолифату баҳамоӣ ёдовар месозанд, ки онҳоро омӯхтану дар раванди минбаъдаи рушди ҷомеаву ташаккули наслҳои оянда истифода намудан ба манфиат хоҳад буд. Зеро дар раванди таърих барои ҳар як халқу миллат шахсиятҳое, ки ба шоҳкориҳои бемисл муваффақ мешаванд, метавонанд ҳаёти хушбахтонаву босаодати мардумро таъмин намоянд. Тасодуф нест, ки барои ба ин саҳна ворид гардидан ва минбаъд чун пешво эҳтиром пайдо кардани онҳо дар байни мардум ба ин шахсиятҳо воқеаву ҳодисоти таърихӣ мусоидат мекунанд. Бахусус, онҳоро водор менамоянд, ки тавассути дараҷаи хирад, тафаккур, шуҷоат ва иродаи сиёсии худ раванди инкишофи ҷомеаро таъмин намоянд. Дар робита бо ин месазад зикр намуд, ки аз саргаҳи таърих то ба имрӯз пешво нерӯи оқилу пешбари ҷамъият, ифодагари ваҳдату қудрати давлат ва кишвар мебошад. Мутафаккири маъруфи тоҷик Низомулмулк сифатҳои сарвари сиёсиро мушаххас карда, ба он чунин баҳо дода буд, ки пешво бояд ҷисман мукаммал ва дорои хотираи мустаҳкам, ақли расо, муҳаббат ба дониш ва қудрати дарки оламро дошта, адолатхоҳу ҳақиқатҷӯ бошад. Дар тақвияти ин матлаб ӯ пешворо ба Офтоб монанд намуда, навишта буд, ки «Пешво чун Офтоб аст. Нашояд, ки ба яке тобаду бар яке натобад». Ё худ маорифпарвари тоҷик Аҳмади Дониш пешворо ба сарчашма монанд карда, дигаронро ҷӯе чанд, ки аз сарчашма ҷорӣ мешаванд, ташбеҳ дода, зикр намуда буд, ки агар оби сарчашма ширин бошад, оби ҷӯйҳо ширин аст. Яъне агар сарвар адлгустар бошад, аҳолӣ татбиқкунандаи рукнҳои адолат гардида, аз сиёсати ӯ чонибдорӣ мекунанд. Аз назари ин ҷониб, имрӯз дар илмҳои ҷомеашиносӣ мақому манзалати пешво дар ҷомеа аз иҷро ва таъмини амалҳои зерин муайян карда мешавад: ба назар гирифтан ва амалӣ намудани пешниҳодоту нуқтаи назари муфиди ин ё он гурӯҳҳои ҷамъиятӣ; боло гузоштани манфиатҳои ҷамъиятӣ аз манфиатҳои шахсӣ; ташаккул додани қобилият ва фаъолияти сиёсии одамон; соҳиби маданияти баланди сиёсӣ будан; хоксорӣ, донишмандӣ, таҷрибанокӣ, адлгустарӣ, маърифатпешагӣ ва дараҷаи баланди ахлоқи ҳамидаи инсониро дар худ таҷҷассум доштан; барои амалишавии барномаҳои ҳадафнок ва тақдирсози ҷомеа талош варзидан; қобилияти баланди муттаҳиднамоии оммаро доштан; барои якпорчагӣ ва тамомияти арзӣ, амнияти кишвар ва осоиштагии мардум, арҷгузорӣ ба дастовардҳои фарҳанги миллӣ, мунтазам талош варзидан; муқаддасоти миллиро эҳтиром доштан; дар ҳама гуна ҳолатҳо барои дифоъ аз манфиати миллӣ кӯшиш ба харҷ додан; барои муаррифии миллат ва арзишҳои миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ саъйу талош варзидан ва ғайра. Дар ҷомеаи имрӯзаи башарӣ, новобаста аз талошҳои сарони кишварҳои абарқудрат ва таъсири глобализатсия барои аз байн бурдани арзишҳои моддию маънавӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин сифатҳоро дар худ доро буда, аз сарварони сиёсие мебошанд, ки тавассути фаъолияти мудаввом, сайъу талошҳои зиёд манфиатҳои миллиро ба асос гирифта, амну осоиш, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, якпорчагии кишвар ва рушди онро таъмин карданд. Аз ҷумла, нақши аввалиндараҷа ва хизмати барҷастаи Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаи таърихи даврони Истиқлолият аз он иборат аст, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошта, тамоми гурезагонро ба хоки диёр баргардонид, сулҳу субот ва ризоияти миллиро барқарор намуда, якпорчагию ваҳдати миллӣ, амнияти мардумро дар ҷумҳурӣ таъмин кард. Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо иқдомҳои бузургу созандааш муаррифӣ намуд. Чунки дар ин самт идеали сиёсии Пешвои миллат аз он иборат буд, ки бе ризоияти миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу субот, амну осоиш наметавон ҷомеаро ба сӯи инкишоф бурд, пешрафти соҳаҳои тақдирсози он: ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро таъмин намуд. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ ҳамчун рӯйдоди нодири таърихӣ дар зеҳну шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонида, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати кӯҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкориву созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон як Ватани ободу зебо ба мерос гузорад. Баъди дар амал татбиқ кардани ин идеали созандаю барои муттаҳид кардани мардум зарур Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намудани муносибатҳои ҳасана ва шарикии боэътимодро бо кишварҳои хориҷӣ дар заминаи манфиатҳои миллӣ муҳим шумориданд. Чунин пайгирӣ кардани тарҳҳо ва ибтикорот аз ҷониби пешво ҷиҳати шинохти миллат ва арзишҳои миллӣ тоҷиконро дар миёни дигар қавму миллату халқҳо ҳамчун миллати сулҳофар, инсондӯст, созанда ва соҳибтамаддун муаррифӣ кард. Бахусус, «… ба рағми тоҷикситезиҳои дохиливу хориҷӣ бо камоли ҷасорат Тоҷикистонро ба он ҳама сармояҳои бузурги фарҳангӣ ва тавонмандиҳои кунуниаш дар бунёди давлати демократӣ дар саросари дунё аз мақоми арҷманде бархурдор намуд… Дар ҳалли ин масъала роҳи дуруст ва мутобиқ ба манфиатҳои миллати тоҷикро интихоб кард, ки ин мавқеъгирии мутавозин, устувор ва одилона муҷиби эътимоди донишмандон, ватанпарастон ва саранҷом мардуми кишвар гардида, нақши ӯро ба унвони пешвои миллӣ хеле барҷаста кардааст». Баробар бо ин шоҳкории бемисл ворид кардани ислоҳоти ҷиддӣ дар низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ба он мусоидат кард, ки лоиҳаҳо, Барномаҳои ҳадафманд таҳия карда шуда, мушкилоти ҷойдоштаи кишварро аз се соҳаи ҳаётан муҳим: таъмини маводи озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ марҳила ба марҳила раҳоӣ бахшад. Ҳамчун сиёсатмадори варзида нахуст аз минбарҳои баланд бо лаҳни зебо ва гуворои тоҷикӣ ҳарф зада, аз забони ноб будани он мардуми сайёраро баҳраманд гардонд. Оид ба мубориза бурдан алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, таассуби динӣ, хариду фурӯш ва истеъмоли маводи мухаддир, таҳдиду хатарҳои дигаре, ки хусусияти глобалӣ доранд, маърӯзаҳои бо далели илмӣ аслснокшуда карда, бо ин васила Тоҷикистонро ҳамчун узви фаъоли кишварҳои ҷомеаи башарӣ муаррифӣ намуд. Пояи давлатро дар асоси меъёрҳои адолати иҷтимоӣ ороста гардонида, баробарии иҷтимоии тамоми қишрҳои ҷомеаро таъмин кард. Аз ятимон ва бепарастонрон дастгирӣ карда, муносибати меҳрубонона доштанро бо тамоми аҳли ҷомеа, новобаста аз сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуд, ки ин хислатҳо хоси инсони хиради азалидошта мебошанд. Иқдомҳо ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳаи маориф ва илми кишвар, бахусус, таъсис додани квотаи Президентӣ ҷиҳати фаро гирифтани духтарони деҳоти кӯҳистон ба таҳсил ва соҳибмаърифат кардани онҳо, бунёди мактабҳои ҳозиразамон ва аз ҳисоби буҷаи давлатӣ таъмин намудани онҳо бо воситаҳои навини технологияҳои муосир, бунёди китобхона ва осорхонаи миллӣ, ҷалб намудани ҷавонони соҳибмаърифат ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар аз муваффақиятҳои назарраси ҷомеаи соҳибистиқлоли мо ва мусоидатҳои Сарвари муаззами тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Воқеан, Пешвои миллат - равшангари таърихи тоҷикон дар охири асри XX ва ибтидои қарни XXI мебошанд. Аввалан, бо модели сулҳофарӣ, таҳким ва устувории ваҳдати миллӣ халқи тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшиданд. Андешаи сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун бозёфти нодир, инъикосу ифодагари ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо муаррифӣ намуданд, ки он имрӯз ҳамчун як унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ, ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ густариш пайдо кардааст. То ба амният ва ваҳдати миллии тоҷикон раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла, вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ, ки воситаи муҳими таблиғи он шабакаҳои интернетӣ мебошанд, таъсир нарасонанд. Ҳақиқатан истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва мубодилаи иттилоот ҳарчанд ба рушди зеҳният ва ташаккули тафаккури аҳли ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон ба таври мусбат мусоидат менамояд, вале аз тарафи дигар, маншаи пайвастани ҷавонони ноогоҳу гумроҳ ба созмонҳои ифротӣ мебошад. Бинобар ин, ҳангоми истифодаи маълумоти интернетӣ, мутолиаи маводи шабакаҳои иҷтимоӣ бояд ҷавонон ба ақлу заковат ва донишу хиради худ такя намоянд, тафаккури хешро рахнаи гароиш ба ҳар гуна дасисаву тарғиботи бегонаи ғаразнок накунанд, бо калонсолон ва падару модарони худ сари ҳар як масъала машварат намоянд. Дуруст дарк намоянд, ки аз Ватани аҷдодӣ ношукрӣ кардан гуноҳи азим аст, зеро ватандорӣ як гӯшаи имондорӣ мебошад. Аз ин рӯ, ба қадри Ватан расидан, Тоҷикистони азизро ободу пешрафта ва сарсабзу хуррам гардонида, нуфузу обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштан қарзи шаҳрвандӣ, омили муттаҳидӣ, садоқати ватандорӣ ва ойини давлатдории ҳар як ҷавони соҳибиродати тоҷик мебошад. Дуюмин ибтикори Пешвои миллат, ки ҳамчун интиқолдиҳандаи арзишҳо аз насл ба насл, равшангари таърихи ниёкон ба имрӯзиён мебошад таваҷҷуҳ додан ба покию фасоҳати забон ва фарҳанги миллӣ мебошад. Зеро чи тавре барҳақ зикр карданд «агар хоҳанд, ки кишвареро аз байн баранд, аввал забону фарҳанги онро нобуд месозанд». Бинобар ин, барои ҳифзи покизагии забон ва омехта нагаштани он бо гӯишҳои маҳаллию хонагӣ Эмомалӣ Раҳмон сидқан ҷаҳду талоши зиёде карда, забони точикиро рамзи ҳамбастагӣ ва муттаҳидгардонии ҳамаи сокинони Тоҷикистон эълон доштанд. Бахусус, бо ибтикори Пешвои миллат эълон кардани санаи 5-уми октябр ҳамчун таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ин маънои эҳё ва умри дубора додан ба забони тоҷикӣ ҳамчун рукни ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ мебошад. Дар ин замина Сарвари давлат дар самти татбиқи сиёсати давлатии забон андешаи миллиро бо истифода аз арзишҳои забонӣ вусъат бахшида, робитаҳои дохилию хориҷии таърихи давлатдории навини точиконро тақвият доданд. Ҳамзамон забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолият мақоми забони давлатиро соҳиб гашта, имрӯз ба таври озод дар амалӣ кардани корҳои идораҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо мавриди истифода қарор гирифтааст. Яъне забони тоҷикӣ “имрӯз дар ҷомеа дар мақоми забони сиёсат, илму маориф, қонунгузорӣ, муносибатҳои дипломатӣ, тиҷорат ва дигар васоити иртибот қарор дошта” танзимгари ҳама намуди муносибатҳо мебошад. Акси ҳол бо хулосаи илман асоснокшудаи Пешвои миллат “Фарде, ки аз сарчашмаи суннатҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз фарҳанги қадимаву ғановатманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри забони шевои модарӣ, адабиёти чандинҳазорсола, таърихи бою пурифтихор ва Ватани тамаддунпарвари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаи ҳаётбахш канда шудааст”. Эҳё кардани номҳо ва тағйир додани номҳои мавзеъҳои ҷуғрофӣ, тачлили ҷашну солгардҳо, рӯзҳои таърихӣ чеҳраи воқеӣ ва таърихи гузаштаи ҳар қавму миллат ба ҳисоб мераванд, ки ин мавзӯъ яке аз масъалаҳои меҳварии сиёсати маорифпарварона ва маънавиятгустарии Эмомалӣ Раҳмон дар араси бархурди тамаддунҳо ва аз байн рафтани арзишҳо мебошад. Аз ин мавқеъ барқарор кардани номҳои тоҷикии мавзеъҳои таърихию ҷуғрофӣ, тахқиқи зиндагиномаи шахсиятҳои таърихӣ ва ҳидоят кардани мардум барои шиносоӣ бо осори мондагори онҳо аз ҷониби Пешвои миллат ин ба зуҳур кардани як таҳаввулот дар шуури миллӣ, тафаккур ва фарҳанги зиндагии мардум дар даврони Истиқлолият мусоидат кард. Хусусан, таҷлили ҷашни 1100 солагии давлати Сомониён, соли тамаддуни ориёӣ, 2500 солагии Истаравшан, 2700 солагии шаҳри Кӯлоб, 3000 солагии шаҳри Ҳисор, таҷлили ҷашнҳои номварону нухбагон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Имоми Аъзам, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва ғайра, ки ҳар яке аз онҳо як мактаби хештаншиносӣ ба ҳисоб мераванд, барои бедорию худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ нақши муассир гузоштанд. Барои ташаккули тафаккур ва руҳияи миллии насли нави созандаю бунёдгари минбаъда ба сифати маншаъ хизмат хоҳанд кард.
Адабиёт: 1. Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолияти ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ .Ҷ.1. - Душанбе, 2001. 2. Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. - Душанбе, 2016. 2. Ғуломова Б., Мирзоева Р. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон. - Душанбе, 2011. |