• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Доимо сарсабз бошӣ, эй Ватан!

Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллиро дар як шароити вазнин ва пурҳаводис хурду бузург интизорӣ мекашиданд. Аҳолии осоишта аз зулму истибдоди тарафҳои даргир ба ҷон омада, ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Афғонистон панаҳ мебурданд. Нооромию бесуботӣ тамоми қаламрави мамлакатро фаро гирифта буд.

Ашки модарони аз фарзандон ҷудошуда аз пайомади наҳси ҷанги бародаркуш хабар медод. Лашкари ғаму андуҳ меҳмони кошонаҳои мардум гардида буд. Аз ҳеҷ тарафе садои хушу навои ҷонбахш ба гӯш намерасид, балки саросар яъсу навмедӣ, ранҷу кулфат, озору шиканҷаҳои бемаънию беасос ба ҷисму ҷони мардум реша давонида буданд. Пас аз даргириҳои дохилӣ аҳолии осоишта ва кормандони соҳаҳои гуногун ба хулосае омаданд, ки танҳо сулҳу субот мояи пешравии миллату давлат шуда метавонад ва бо қатъият аз тарафҳои мухолиф тақозо намуданд, ки хиради азалии хешро пеши назар оварда, асолати миллии хешро дубора эҳё намуда, миллату давлатро аз вартаи фано эмин нигоҳ доранд.

Дар чунин шароити ҳассос Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба имдоди мардум шитофта, Ваҳдати комил ва суботу ягонагиро дар кишвар ба пуррагӣ таъмин намуданд. Сарвари давлат барои ба эътидол овардани вазъият борҳо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар ва бо роҳбари ҳизби мухолифин гуфтугузор намуданд. Пас аз музокироти гуногун тарафҳои мухолиф ба созиш омаданд ва 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскваи Федератсияи Русия Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Пас аз ба тавсибрасии ин ҳуҷҷати сулҳ тамоми аҳолии манотиқи мамлакат ба созиш омада, хиради азалии хешро дубора раҳнамо бинмуданд ва барои сулҳу субот камари ҳиммат баста, паҳлу ба паҳлу нишаста, Ватани маҳбубамонро ободу сарсабз ва хуррам гардониданд. Миллати соҳибтамаддуни тоҷик дубора эҳё шуд ва душманони аҷнабии хешро фош намуд. Имрӯз тамоми ҷавонони тоҷик бар он мекӯшанд, ки Ватани маҳбубамонро бо ҷон ҳифз намуда, барои пешрафташ корҳои шоистаеро ба сомон расонанд.

Дар замони Ваҳдати миллӣ ҷавонони мо ба бисёр комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Ин комёбиҳоро дар риштаи илм, инноватсия, варзиш ва дигар соҳаҳо дидан мумкин аст. Имрӯз ҷавонони саодатманди мо дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ аз фанҳои дақиқ, амсоли химия, физика ва информатика ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва медалҳо гардида, шарафи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд. Дар риштаи варзиш бошад, варзишгарони сатҳи ҷаҳониамон парчами мамлакатро дар хориҷ аз ҷумҳурӣ баланд мебардоранд. Дар шароити имрӯз Сарвари давлат барои ҷавонони мо тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд. Мо метавонем озод ҳам аз расонаҳои хабарӣ ва ҳам аз шабакаҳои интернетӣ истифода намоем ва ба ин восита донишамонро сайқал диҳем. Айни замон теъдоде аз донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии кишварҳои хориҷ таҳсил намуда истодаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистони азизи моро қисми зиёди давлатҳои мутараққӣ мешиносанду арҷ мегузоранд. Ваҳдати миллӣ, батасвибрасии Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон, дар муддати андак ба созиш омадани ҷонибҳо сабақи муҳиме барои кишварҳои ҷаҳон гардидааст. Қисми зиёди кишварҳои даргир ва ҷомеаи ҷаҳонӣ сулҳи тоҷиконро омӯхта, онро истифода мекунанд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд шукри ин неъмати худодод кунанд ва ин Ваҳдати ба ранҷ омадаро пойдору бегазанд нигоҳ дорад.

Маъдӣ Абдураҳмонов, унвонҷӯи соли 1-уми

доктор Phd, факултаи филологияи тоҷик

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj